Ҳавопаймои Су-34 дар Осетияи Шимолӣ суқут кард

Ҳавопаймои Су-34-и неруҳои ҳавоии Русия дар кӯҳҳои Осетияи Шимолӣ суқут кард. Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.

“Дар ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Аланияи шимолӣ, дар минтақаи кӯҳистонӣ ҳавопаймои Су-34-и Неруҳои ҳавоии Русия ҳангоми парвози таълимии тарҳрезишуда суқут кард. Ҳавопаймо дар як минтақаи биёбони бекас суқут кард. Дар рӯи замин ҳеҷ гуна талафот нест. Экипаж ҳалок шуд", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Сабаби аслии суқути ҳавопаймо нокомии техникӣ будааст, хабар медиҳад tass.ru.

Комиссияи неруҳои кайҳонӣ ба макони суқут парвоз карданд”, - илова менамояд вазорати дифоъ.

Тибқи иттилои хидмати фаврии ҷумҳурӣ, ҳавопаймо бо ду узви экипаж дар кӯҳҳои ноҳияи Алагир суқут кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: