Ҳайитқул Худойқулов яке аз бошандагони деҳкадаи Кӯли ноҳияи Шаҳрисазб мебошад, ки ҳоло бознишастааст ва дар ҳалқаи набераҳо таноби умр мекашад.
Агар вазъи саломатии худро мӯътадил ёбад, ба корҳои хоҷагию оила кумак мерасонад. Аз ҳоли як миқдор моли реза, гову гӯсола, маркаби ҳамеша дар хидмати хонадон омода хабар мегирад. Дороии мардуми кӯҳистон ҳамин ҷонвараконанд. Вақти зарурат фурӯхтаву ягон мушкили рӯзгорро сабук мекунанд. Боз ҳар кадом як қитъа замин доранд, ки аз баракоташ рӯзгор обод месозанд. Акои Ҳайитқул гоҳ-гоҳ айвони баландро фаромада, ба мазраъ қадам мениҳад ва қалби баҷароҳаташ саршор аз эҳсоси ниҳоне ба сатҳи боғи дарахтзор менигарад. Ин боғ гуна-гуна дарахтонро соҳиб аст, ки аксари онҳоро қиблагоҳаш, инсони дар меҳнат беҳамто ва дар саховат беназир – Пиримқул Худойқулов сабз кардаву чун мерос ба дасти ӯ супоридааст.
«Боғи падар...» – фавран аз дил мегузаронад ӯ ва ҳамон лаҳза ба гӯшаш садои падар омада, лаҳзае ин марди кайҳо айёми лоуболии ҷавонӣ ба дасти абадият супоридаву кунун дар гашти умр қарордоштаро ба риққат меорад. Симои гарми қиблагоҳ дар пеши назар пой ба рӯи баргҳои хазон мегузорад, ки аз шохсорон – макони азалии худ ҷудо шуда, зери пояҳои бақуввати дарахтон афтода ва пояндози зарринро мемонданд. Амаки Ҳайитқул, дастон дар пушт қулфу калид ва дар гӯш садои хиш-хиши нолиши баргҳои хазон, андешаманд боғи падарро давр мезанад. Падари ӯ соли 2005 дар 97 солагӣ ба олами ҷовидон пайваст, аммо модараш зани дар ҳусн беҳамтои аҷаб меҳрубону дидадаро – Қиматой андаке пештар аз падараш ба ҷавори Ҳақ пайваста буд. Ин ҷудоиҳо дар қалби писари ягонаи хонадон ҷароҳати хоное гузоштанд ва ҳоло гаҳу ногаҳ дар ҳар наҳва ба сӯзиш омадаву чашмонашро аз ашк пур мекунанд.
«Одам гашти умр бештар дар олами парниёнии хотираҳо зиста, гоҳе аз ёди замони ҷавониҳо шод гардад, гоҳе аз ёди азизони фавтида бас ғуссаҳо мехӯрдааст. Баъзан пушаймон ҳам мешудааст, ки чаро дар зиндаҳолӣ дидорашонро ба серӣ надид, аз суҳбаташон бештар баҳравар нагашт...» – оҳ кашид амаки Ҳайитқул ва дубора ба вусъати боғи васеъ нигариста, аз лавҳи хаёл гузаронд, ки шасту чаҳор сол ин ҷониб гармиву сардиҳои ҳаётро мечашад...
Дар кишвари Афғонистони ҳамҷавор ҷангҳои хунине сар зада буданд ва оташи ин ҷанги хонумонсӯз ногузир хушку тарро яксон аз гулӯ мегузаронд. Ҳайитқулро ба ин набардҳо ҷалб намуданд. Вай пули пантонии муваққатиеро, ки ду соҳили Омуро ба ҳам васл месохт, ҳимоят мекард. Соли 1982 аскарбачаи обутобёфта сарбаланд ба деҳа баргаштаву то соли 1986 дар сафи коргарони ҷамоаи давлатии ба номи Карл Маркс ба кор оғоз кард. Аммо ин ҷавони серғайратро як орзу ором намегузошт. Вай хеле мехост, ки ихтисоси ҳавошиносиро фаро гирад. Ин орзу дар дили ӯ хеле пештар, замони мактабхонӣ ҷой гирифта буд: як гурӯҳ бачаҳои деҳа мунтазам бузу гӯсфандони оиларо ба чаро мебурданд. Дар паноҳи кӯҳсорони дур аз деҳа бунгоҳи барфу тармашиносии пиряхи Севертсов мавқеъ дошт. Ин бунгоҳ соли 1959 сохта шуда, аз Маскав идора мешуд. Ҳайитқул дар ҳамин атроф рама чаронидаву ба шуғли коргарон мутаваҷҷеҳ мешуд. Азбаски роҳи мошингарди чаҳор фасли сол фаъол вуҷуд надошт, ба ин самт зуд-зуд чархболҳо парвозкунон меомаданд ва аз ҳоли кормандон огоҳ мешуданд. Аз ҳамон айём орзуи ҳавошинос шудан дар дили Ҳайитқул маъво гирифт. Соли 1986 дар шаҳри Тошканд курси семоҳаи омодасозии кормандони соҳаи гидрометеорологии назди Донишкадаи илмию тадқиқотии Осиёи Миёнаро бо баҳои аъло хатм намуд. Акнун ӯ соҳиби ихтисоси ҳавошиносӣ ва радиооператорӣ гашта буд. Вай соли 1987 ба бунгоҳи барфу тармашиносии пиряхи Севертсов омад ва корро ба ҳайси корманди техникӣ оғоз кард. Ҳайитқул аз аввалин мутахассисоне ба шумор мерафт, ки аз байни аҳолии маҳаллӣ сабзида буд. Бунгоҳ аз Кӯл – ягона мавзеи ободу бошишгоҳи одамон дар 15 километр ва аз сатҳи баҳр дар баландии 2770 метр мавқеъ дошт. Истгоҳ 6-7 кормандро соҳиб буд.
– Дар ин ҷо таҷҳизоти ҳавошиносӣ насб шуда буданд. Онҳо «Барометр» ва «Барограф» буданд, ки яке фишори ҳаворо чен кунад, дигаре маълумоти дақиқро сабт менамуд. Ду асбоби дигар: яке «Термометр» ном дошт ва дуюмӣ «Термограф». Аввалӣ ҳарорати ҳаворо ташхис намояд, баъдӣ маълумоти бадастомадаро менавишт. Боз як таҷҳизот вуҷуд дошт, ки «М-61» мегуфтанд ва он самти шамол ва суръати онро дақиқ мекард, – ба ёд меорад Ҳайитқул ва як лаҳза ҳамон айёми дур пеши назари ӯ зинда мешаванд. Он замонаҳо кормандони бунгоҳи ҳавошиносӣ пайваста аз хидмати чархболҳо истифода мекарданд, ки баъдтар, вақте ки Ӯзбекистон ба истиқлол расид, ба далели адами маблағ ба чунин корҳо хотима дода шуданд.
Ҳайитқул Худойқулов пас аз се соли кор дар ин бунгоҳ аз шуғли ҳавошиносӣ канор рафт, зеро роҳи дуру пур аз хатари коргоҳ ба табъи ӯву аҳли оила созгор наомад. Бинобар ин ба деҳа баргаштаву ба ҳайси мудири мағоза кор кард. Вақте кишвари мо ба истиқлол расид, бо ташаббуси Ҳайитқул бунгоҳи ҳавошиносии пиряхи Севертсовро аз он ҷои дур ва пур аз таҳлука (баъзан ҳайвоноти ваҳшӣ, ба монанди хирсу палангҳои гурусна ҳуҷум карда, ба ҳаёти ҳавошиносон таҳдид мекарданд) ба деҳаи Кӯл интиқол доданд. Аз соли 1994 Ҳайитқул дубора ба шуғли дӯстдошти худ пардохт ва раҳбарии бунгоҳро бар зимма гирифт.
Амаки Ҳайитқул аз миёни дарахтони қатор гузаштаву сарнавишти гоҳе ба ғам ва гоҳе ба шодиҳо тавъами худро тасбеҳгардон карда, ноаён ба даргоҳи Парвардигор шукрона гуфт, ки пас аз як ҷарроҳӣ дубора ба пой рост шуд ва хурсанд ба оғӯши гарми оила баргашт. Инак сайри боғи падарӣ мекунад ва аз ҳавои ҷонони тирамоҳон баҳравар мегардад, аз тамошои дарахтони тиллоранг роҳат мекунад. Албатта, дар ин боғи обод дарахтоне ҳам кам нестанд, ки худи амаки Ҳайитқул бадаста шинондаву басо заҳмат кашида, борвар кардааст. Ҳоло дар авҷи тирамоҳи заррин дарахтони боғи ӯ худро ба сад ранг омехта, басо дилрабо ва мафтункунанда ба назар мерасанд. Аммо аз вусъати ин ҷӯши рангҳо як ҳузни гароне хеста ба дили ғарқи эҳсосоти амаки Ҳайитқул фишор меоранд ва ба лаҳни худ ҳушдор медиҳанд, ки табиат дар остони як тағйироти куллӣ қарор дорад – зимистони ногузир дар роҳ!.. Ҳосили дарахтони себу чормағзро кайҳо чидаанд, акнун сабукборанд онҳо ва рӯ ба барфхонаҳои қуллаи Ҳазрати Султон овардаву мунтазири зимистони умранд.
Ҳоло бунгоҳи ҳавошиносиро писари амаки Ҳайитқул – Фаррух Худойқулов идора мекунад, ки хатмкардаи бахши ҷуғрофии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Дар бари ӯ боз панҷ ҷавони дигар машғули омӯзиши вазъи ҳавои минтақа мебошанд, ки аксари онҳо шогирдони бевоситаи Ҳайитқул Худойқулов ҳастанд. Вай аз он хурсанд аст, ки имрӯзҳо Маркази ҳавошиносии Кӯлро мутахассисони маҳаллӣ сару бар мекунанд ва аз ӯҳдаи ин кори хеле нозук сарбаландона мебароянд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.