(Чанд сухан доир ба рисолаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев)
(Чанд сухан доир ба рисолаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев)
Дар таърихи адабиёти мумтози форсу тоҷик ҳанӯз бисёр шоироне ҳастанд, ки ҳаёт ва эҷодиёташон аз тарафи олимони муосир омӯхта ва баррасӣ нашудааст. Осори онҳоро аз осорхонаҳо пайдо намуда, ба ҳуруфи имрӯз баргардонидан ва оид ба ҳаёт ва мероси адабиашон тадқиқот бурдан аз вазифаҳои сангини олимон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи адибоне, ки ҳаёт ва эҷодиёташон то имрӯз мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст, яке Амирушшуаро Муиззии Нишопурӣ мебошад. Хушбахтона, ин кори хайр бо саъю кӯшиши адабиётшинос, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев амалӣ мегардад. Чунончи, ӯ соли 2020 дар Душанбе монографияе бо номи «Ҳаёт ва эҷодиёти Амирушшуаро Муиззӣ» чоп кард ва ният дорад тадқиқотҳояшро давом дода, девони ҳаждаҳҳазорбайтаи шоирро ба ҳуруфи кириллӣ баргардонад.
Ҳоло мехоҳем дар бораи рисолаи мазкур чанд сухан гӯем.
Дар монографияи «Ҳаёт ва эҷодиёти Амирушшуаро Муиззӣ» ба ҷуз тарҷумаи ҳолу эҷодиёти шоир дар бораи вазъи замону адабиёти он давр низ маълумоти васеъ дода шудааст.
Дар боби якум, ки «Замон ва рӯзгори шоир» ном дорад, дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва адабии замон, адабиёти он рӯзгор, тарҷумаи ҳоли шоир сухан меравад.
Дар боби дувум «Фаъолияти эҷодӣ ва вижагиҳои осори шоир» дар бораи таркиб ва жанрҳои осори ӯ, мазмуни ғоявӣ ва аҳамияти эстетикии лирикаи Муиззӣ баҳс карда мешавад.
Дар боби сеюм, ки «Маҳорати эҷодӣ» номгузорӣ шудааст, доир ба масъалаҳои тасвири бадеӣ, усули образофаринӣ, анъана ва навовариҳои шоир маълумот дода мешавад.
Муаллиф дар қисми хулоса таъкид мекунад, ки Муиззӣ ғазалу рубоӣ, қасидаву таркиббанду мусаммат барин жанрҳои мухталифи лирикиро дар асри XII ғанитар кардааст. Муаллиф дар ҷараёни таҳқиқ муайян намудааст, ки эҷодиёти шоирро се мавзӯъ: ишқ, мадҳ ва васф ташкил медиҳанд. Мадҳияҳои Муиззӣ мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҷангномавиро дарбар гирифта, ба дастуру раҳнамоии шоҳон алоқа доранд. Лирикаи шоир бинобар таҷассуми бадеии оҳанги дили инсон ва баланд бардоштани қадру манзилати ӯ дорои аҳамият аст.
Ҳангоми қиёси эҷодиёти Муиззӣ бо дигар адибони давр муаллиф таъкид мекунад: «Эҷодиёти Муиззӣ аз гуфтаҳои Унсурию Фаррухӣ, яъне аз эҷодиёти онҳое, ки пайравиашон кардааст, ба куллӣ тафовут дорад...
Дар эҷодиёти Муиззӣ баробари мавзӯъҳои мадҳӣ фикрҳои гуногуни панду андарзӣ, тавҳидӣ, танқидӣ ҳам роҳ ёфтаанд, ки дар эҷодиёти Унсурию Фаррухӣ ва муосирони онҳо ба дараҷаи нестӣ буд» (Абдуллоев Р. Ҳаёт ва эҷодиёти Амирушшуаро Муиззӣ. Душанбе: 2020, Саҳ.137-207с).
Аз рисола пай бурдан мумкин аст, ки Амирушшуаро Муиззӣ аз давомдиҳандагони анъанаҳои сабки хуросонӣ дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII будааст. Аслан ӯ мактаби адабии шоирони қадимро давом додааст. Вале, баробари ин, Муиззӣ адиби забардаст ва устоди адабиёти форсу тоҷик будааст. Ӯ махсусан дар қасида ҳунари худро нишон додааст.
Ашъори лирикии Муиззӣ аз санъат ва образҳои мухталиф пур буда, дар таровату назокат ва дилороӣ метавонанд намуна бошанд.
Махсусан, забони ширин ва оромбахши ӯ ба табъу дили мардуми имрӯза мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки сабки балеғу латифи Муиззӣ ба баҳоҳои баланди муҳаққиқони адабиётамон сазовор гардидааст. Олими маъруфи Эрон Аббоси Иқбол дар ин хусус бо як самимият ва дилгармии хос менависад: «Аз лиҳози шеър, яъне аз ҷиҳати сабки калом ва ширинии забон ва фасоҳаташ иборот ва балоғати маънӣ бо таваҷҷӯҳ ба муқтазиёти замон Муиззӣ яке аз устодони ҳунарманди забони форсист ва шояд дар равонии иборот ва истеҳкоми сухан дар адабиёти манзуми мо ҷуз девони Заҳириддини Форёбӣ ва куллиёти Шайх Саъдӣ назире наметавон барои девони ӯ ёфт, то он ҷо, ки дар саросари ин девони бузург шояд сад калимаи ғариб ё таркиби мушкил мавҷуд набошад...»
(Муиззӣ. Девони Амирушшуаро Муҳаммад бинни Абдулмалики Нишопурӣ мутахаллис ба Муиззӣ. /Бо саъй ва эҳтимоми Аббоси Иқбол. - Теҳрон: китобфурӯшии исломӣ, 1318 ш. -785с.).
Рӯйхати адабиётҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми навишти монография аз манбаъҳои ғанӣ ва бисёр адабиётҳои ватаниву хориҷӣ истифода шудааст.
Шеърҳои Муиззӣ дар китобҳои луғат ва фарҳангҳо зиёд боқӣ мондаанд, таҷдиди назар кардани ин осор ва муқоиса намудани онҳо низ аз аҳамият холӣ нест.
Дар бахши иловаҳо бо намунаҳое аз ғазалиёт, қитъаот, рубоиёт, қасоиди шоир ошно шудан мумкин аст, ки таваҷҷӯҳи моро нисбат ба эҷодиёти Муиззӣ меафзояд.
Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ Муиззиро яке аз се адиби хушбахт, яъне дар давлату мартабаву бузургӣ баробари Рӯдакию Унсурӣ шумурдаанд. Чунончи, Муҳаммади Авфӣ нигоштааст: «Гӯянд се кас аз шуаро дар се давлат иқболҳо диданд ва қабулҳо ёфтанд, чунонки касеро он мартабат муяссар набуд: Яке Рӯдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар давлати Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати Султон Маликшоҳ» (Муҳаммад Авфӣ. Лубоб-ул-албоб. (Ба эҳтимом ва кӯшиши Саид Нафисӣ.-Теҳрон:1337.саҳ.301-431с.).
Рамазон Абдуллоев бо такя ба ин баҳои Муҳаммад Авфӣ илова мекунад: «Ҳар сеи ин шоиронро ҳам унвони маликушшуароӣ насиб гаштааст ва ҳар кадомашон мувофиқи шароиту замон барои сулолаҳои гуногун хизмат карда, бо шеър хусусан, қасида вазифаи ғоявию сиёсиро ба субут расондаанд.
Хулоса, Рамазон Абдуллоев дар монографияи «Ҳаёт ва эҷодиёти Амирушшуаро Муиззӣ» роҷеъ ба замон ва рӯзгори шоир сухан ронда, таъкид мекунад, ки Муиззӣ дар як давраи пуршӯр ва пурмоҷарои таърихи халқҳои форсу тоҷик умр ба сар бурдааст. Ҳаёти ӯ ба солҳои ҳукуматдории сулолаи Салҷуқиёни бузург рост меояд. Муиззӣ дар Ироқу Хуросон ба хизмати нахустин шоҳони Салҷуқӣ ва ҳокимони машҳури ин хонадон – Султон Маликшоҳу Султон Санҷар камар баста, бо онҳо суҳбат ва ҳамкорӣ кардааст.
Ҳамчунон ки дар монография мехонем, мақому манзалати Муиззӣ чун шоири забардасти форсу тоҷик танҳо бо ин таъйин намегардад. Ӯ аз адибони ба тамоми маънӣ шуҳратманди асрҳои ХI-ХII буда, эҷодиёташ дар таърихи адабиётамон арзиши ниҳоят баланд дорад. Хизмати адабии ӯ дар даврони Салҷӯқиён танҳо бо қасиданависӣ ва ҳалли мушкилоти ному нон маҳдуд набуд. Вай ба сифати Амирушшуаро барои истеҳком ва нуфузи доираи адабии дарборӣ ҳиммат гузошт. Ба иттиҳоди шоирон, маҷлисҳои адабӣ, мусобиқаҳои шеърӣ аҳамият дод ва кӯшид, ки одоби муҳити адабӣ нигоҳ дошта, назм ҳамчун қувваи ёрирасони сиёсат, васфкунандаи ғояҳои давлат такомул ёбад. Ба ин восита хидмати Муиззӣ дар тақвияти мазмуни адабиёти дарборӣ ва пешрафти ҷанбаи идеологии он калон буд. Вале, Муиззӣ дар инкишофи назми классикӣ, асосҳои эстетикию халқӣ ва рӯҳияи реалистии он низ хизмати шоён кардааст. Ӯ ба сифати шоири тавонои давр дар рӯзгор ва дарбори Салҷуқиён каломи дариро пайваста бо анъанаҳояш тараққӣ дод. Назмро, ҳатто дар мадҳияҳои муболиғавӣ, аз асосҳои эстетикию халқиаш берун накарда, равияи содаписандии онро пеш бурд, дар тасвир асосан аз воқеият дур нарафт, ҳамаи ин, бо вуҷуди шоири дарбор буданаш, шеърияти ӯро ба дили хонандаи муосир қарин медоранд.
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.