Адабиёт
Ҳар як омӯзгор ҳангоми дарсдиҳӣ услуби ба худ хос дорад. Тарзи гузаштани дарси яксоата аз фанни адабиёти тоҷики синфи 8 бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Зебуннисоро лозим донистем пешкаши омӯзгорон гардонем.
Омӯзгор чун анъана пас аз баргузории марҳилаҳои дарс: ташкили дарс, пурсидани вазифаи хонагӣ, мустаҳкамкунии мавзӯи гузашта ба баёни мавзӯи нав оғоз мекунад.
Адабиёти ғании форс-тоҷик дар таърихи худ номи чандин шоираҳоро, чун Мутрибаи Қошғарӣ, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Дилшоди Барно ва дигарон дар ёд дорад. Яке аз онҳо Зебуннисо мебошад, ки бо тахаллуси Махфӣ низ шеърҳо гуфтааст. Зебуннисо шоираи бомаҳорати форс-тоҷик буда, соли 1639 дар Ҳинд дар хонаводаи шоҳ Аврангзеби Оламгир ба дунё омадааст. Падару модараш барои таҳсилу тарбияи Зебуннисо эътибори махсус додаанд. Ӯро аз хурдӣ ба тарбияи Ҳафиза Марям ном зани оқилаву фозила месупоранд. Зебуннисо аз ӯ адабиёту санъат, каломи бадеъ, арӯз, забони арабӣ ва Қуръонро меомӯзад. Санъати хаттотиро низ хеле хуб аз худ кардааст.
Шоира аз духтари шоҳ будани худ фахр намекард, илму донишро аз зебу зинати шоҳона боло мегузошт. Вай ҳусну ҷамоли зебо ва ақлу дониши расо дошта бошад ҳам, умри худро дар танҳоӣ гузаронидааст. Худи ӯ дар ин хусус чунин фармудааст:
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
Зебуннисо китобхонае ташкил карда, бо аҳли адаб суҳбатҳо меорост, адибонро пуштибонӣ мекард. Ҳатто бо Мирзо Бедил аз наздик шиносоӣ доштааст.
Зебуннисо соли 1702 дар шаҳри Деҳлӣ вафот кардааст. Дар рӯйи санги мазори шоира ин байт сабт шудааст:
Бар мазори мо, ғарибон, не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
Аз шоира як девони лирикӣ ба мо расидааст, ки қариб шомили 4 ҳазор байт аст. Ин девон 460 ғазал, якчанд қасидаю рубоӣ ва қитъаро дар бар мегирад. Асари “Зеби тафосир”-ро низ ба Зебуннисо нисбат медиҳанд.
Дар ғазалҳои шоира мавзӯъҳои шикоят аз замона ва аҳли ситам, тасвири аҳволи худ, фикрҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, ишқу муҳаббат ва ғайра мавқеи калон дорад. Вай бо ғазаб изҳор доштааст, ки дар замонаи ӯ адлу инсоф намондааст:
Халқе зи зулми бе ҳади гардун хароб шуд,
Инсоф дар саволу забони ҷавоб ку?
Шоира дар шеърҳояш аз золимон шикоят мекунад, ки онҳо бо зулми худ ба дили ӯ оташ зада, ҷони ӯро дар азоб мондаанд:
Зулми ситампешагон зад ба дилам оташе,
Мағзи суханро бисӯхт шӯълаи сӯзони ӯ.
Зебуннисо ғазалҳое дорад, ки дар онҳо аҳволи худро тасвир кардааст. Дар байти поёнӣ аз чашми ашкбор, ҷигари сӯхта, оҳи сӯзон доштани худ сухан ба миён меорад:
Зи хуни дида зиндонро беҳ аз рашки чаман дорам,
Зи доғи ғусса сад гулшан ба зери пираҳан дорам.
Дар байни ғазалҳои шоира ғазалҳое, ки ба мавзӯи тарғиби дӯстию рафоқат бахшида шудаанд, хеле зиёданд. Дар онҳо шоира мегӯяд, ки дӯст ба одам даркор аст ва агар касе дӯст надошта бошад, онро бояд ҷустуҷӯ кунад:
Нест меҳробе диламро ҷуз хами абрӯйи дӯст,
Ҳар касеро қибла бошад, қиблаи мо рӯйи дӯст.
Матлаби дигар надорам з-омаду шуд дар чаман,
Мекунам умри гиромӣ сарфи ҷустуҷӯйи дӯст...
Зебуннисо дар ғазалсароӣ истеъдоду маҳорати баланд доштааст. Аз ин рӯ ғазалҳояш дар ҳамаи давру замонҳо аз дили хонандагонаш чуқур маъво гирифтаанд. Шоира ҳам ба мазмун ва ҳам ба шакли ғазал аҳамияти ҷиддӣ додааст. Вай шаклу мазмуни шеърро чун ҷону тан меҳисобад:
Шеър бувад ҳамчу тан, маънии ӯ – ҷони ӯ,
Гармии бозорро равнақи дӯкони ӯ...
Шеърҳои ӯро бино бар равонию хушоҳангиаш ҳофизон сурудаанд.
Аз ашъори шоира намунаҳо хонда мешавад:
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад, гар барҳаман бинад маро.
***
Эй булбули хушилҳон, махрӯшу дам фурӯ каш,
Табъи латифи султон тоби сухан надорад.
***
Гар сари осудагӣ дорӣ, ба ғам ҳамхона бош,
Аз тариқи офият маҷнунсифат бегона бош!
***
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Гулро назаре ҷониби соҳибназаре ҳаст.
Баъд аз ин зинаи мустаҳкамкунии мавзӯи нав ва саволу ҷавоб оғоз меёбад.
1. Шоира соли 1638 дар Ҳинд таваллуд шудааст.
Оё ин дуруст аст?
а) дуруст
б) нодуруст.
2. Падараш Аврангзеб ва модараш Дилрасбону ном доштанд.
а) дуруст
б) нодуруст.
3. Девони лирикии шоира қариб 4 ҳазор байтро дар бар мегирад.
а) дуруст
б) нодуруст.
4. Соли 1702 дар Ҳирот вафот кардааст.
а) дуруст
б) нодуруст
5. Асари “Зеби тафосир” ба Зебуннисо тааллуқ надорад.
а) дуруст
б) нодуруст
Доир ба калимаҳои нофаҳмои ғазалҳои шоира луғат тартиб дода мешавад. Ба монанди:
хушилҳон – хушовоз, хушлаҳн – овози форам;
тафосир – тафсирҳо, шарҳу эзоҳ;
дастор – салла;
пираҳан – либос, пӯшок;
ситампешагон – золимон;
фақр – фақирӣ, камбағалӣ...
Пас аз саволу ҷавоб вазифаи хонагӣ супурда мешавад:
а) азхуд кардани ҳаёт ва фаъолияти Зебуннисо;
б) аз ашъори шоира ғазалҳо азёд кардан;
в) шарҳ додани луғатҳо.
Эркиной СУЛТОНОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.