ҲАЁТ Ё МАМОТ? ИНТИХОБ АЗ МО

Мактаб масъалаи ҳаёту мамот ва ояндаи мост. Давлат, ҳукумат ва ҳокимон ин масъаларо дар танҳоӣ ҳал карда наметавонанд. Он бояд ба кору вазифаи тамоми ҷамъият табдил ёбад. Шавкат МИРЗИЁЕВ

23 августи соли равон таҳти раёсати Президенти мамлакатамон доир ба масъалаҳои рушди низоми таълими халқ, такмили маҳорату малакаи омӯзгорон, баланд бардоштани обрӯйи онҳо дар ҷамъият ва тарбияи маънавиву ахлоқии насли ҷавон ҷамъомади видеоселекторӣ, ки аҳли ҷомеаи васеъро ба андешаву мулоҳиза рондан перомуни мушкилоти мактабу маориф водор намуд, баргузор шуда буд.
Пӯшида нест, роҳбари давлатамон аз рӯзҳои аввали кору фаъолияти хеш ба тарбия намудани кадрҳои тозаандеш, камоли маънавии ҷавонон ва такмили низоми таълими миёна, миёнаи махсус ва олии кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Қарору фармонҳои доирнамудаи ӯ тайи се соли охир «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани идораи низоми таълими томактабӣ», «Дар бораи такмил додани тартиби гузарондани озмоишҳои тест ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ», «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани низоми пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотии ҷумҳурӣ», «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд» ва вохӯриву мулоқотҳояш бо аҳли маориф далели ин гуфтаанд.
Суханро шурӯъ мекунем аз обрӯйи ҷамъиятии омӯзгор дар ҷамъият. Ба андешаи инҷониб, ки даҳ сол собиқаи омӯзгорӣ дорам, косташавии обрӯйи омӯзгор дар ҷамъият ҳанӯз аз аҳди шӯравӣ оғоз ёфта буд ва чоряк асри даври истиқлолият низ ба обрӯйи ӯ наафзуд. Ба корҳои ободонӣ, ғунучини пахта ва дигар корҳои ҷамъиятӣ бештар донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо, ходимони низоми таълими халқ ва омӯзгорон ҷалб карда мешуданд. Беҳтарин роҳбари мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ роҳбаре маҳсуб меёфт, ки ба корҳои хоҷагии деҳот ходимонро бештар сафарбар намудааст.
Ҳеч кас аз омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва устодони омӯзишгоҳу муассисаҳои таълими олӣ намепурсид, ки ба талабагон ва донишҷӯён чӣ миқдор дониш додаанд ва шогирдон то куҷо тарбия ёфтаанд? Ин буд, ки холигоҳи маънавие ба вуҷуд омад, асосҳои илм дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ басе сатҳӣ омӯзонда мешуданд, ба чанде аз хонандагони қобил, аз он ки нисбат ба дигарон як андак бартарии зеҳнӣ доштанд, баҳои «хуб»-у «аъло» гузошта мешуд. Аммо дар ҳуҷҷатҳо, чун дар дигар соҳаҳо, ҳама корҳо олӣ буданд. Ба ивази пора ба мактабҳои олӣ ҷавонони сарашон холӣ дохил мешуданд, ки ҷамъиятро аз тараққиёт бозмедошт. Кам одамон меандешиданд, ки рушду пешрафти мамлакат ба мутахассисони пухта вобастагии зич дорад.
Халқи донишписанди мо доир ба дурандешӣ ва пухтакорӣ, мисли «Ҷомаи бамаслиҳат кӯтоҳ наояд», «Ҳафт бор чен куну як бор бур» мақолҳои ҳушдордиҳандаи зиёд дорад, ки суди зиёде дар пай доранд. Имрӯз аксарият натиҷа гирифта истодаанд, ки дар сартосари ҷумҳурӣ, барои бунёди коллеҷҳои касбу ҳунар ва таҳким бахшидани пойгоҳи моддиву техникии онҳо, маблағи зиёде барҳадар рафта будааст. Шукргузорӣ мекунанд, ки бо талабу дархости мардум ва дастгирии ҳукумат низоми таълими 11-солаи мактабӣ барқарор карда шуд, вазорати муассисаи таълими томактабӣ дар алоҳидагӣ кору фаъолият дорад.
Имрӯз эътибори Президенти мамлакатро ба муассисаҳои таълими томактабӣ, таълими ҳамагонӣ, миёнаи махсус ҳар кас ҳар хел шарҳ медиҳад. Аз нигоҳи нафароне гӯё ӯ худ замоне омӯзгор будаасту ин корро мекунад. Хеҷ гоҳ. Як мулоҳиза фармоед, имрӯз кадом соҳа аз назари роҳбари давлат дар канор мондааст? Ба фикри мо, ин эътибор аз таҷрибаи кишварҳои  рушдкарда сарчашма мегирад. Онҳое, ки бо тарзи зиндагии аҳолӣ ва низоми таълими давлатҳои пешрафта ошноянд, хеле хуб дарк намудаанд, ки ҷаҳонбинии шаҳрвандони мо аз ҷаҳонбинии шаҳрвандони  кишварҳои рушдкарда куллан фарқ мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки аҳолии кишварҳои пешрафта хеле пештар идрок кардаанд, ки «мактаб масъалаи ҳаёту мамот ва оянда аст». Зеро ҷаҳонбинии инсон, шурӯъ аз деҳқон то президенти мамлакат, дар мактабҳои таълими ҳамагонию олӣ ташаккул меёбад. Муассисаҳои таълимӣ, ба масал заводҳоеанд, ки маҳсулотеро бо номи кадрҳои оянда тайёр мекунанд. Вой бар ҳоли заводҳое, ки маҳсулоти брак истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти баландсифат (мактабиёни ҳушманду хушахлоқ ва мутахассисони олидараҷа) сабаби фаровонии ҳаётанд, аз маҳсулоти брак давлату ҷамъият рӯ ба таназзул меоварад, яъне мушкили мамоти ҷомеа пеш меояд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки тӯли се соли охир 157 мактаби нави таълими ҳамагонӣ бунёд гардид. Мактабҳои махсуси типи нав, ки номи олимону шоирони бузургро доранд ва мактабҳои президентӣ ташкил дода шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки аз 1 октябри соли равон миқдори ставкаҳои тарифи пойгоҳии ходимони роҳбарикунанда ва тарбиятгарони маълумоти олидори Хонаҳои меҳрубонӣ, шаҳракҳои бачаҳо, барилова, тарбиятгарони маълумоти олидори ҳамаи навъҳои муассисаҳои таълими халқ ба миқдори ставкаҳои тарифи пойгоҳии ходимони роҳбарикунандаи дахлдор ва омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ баробар карда хоҳад шуд. Боре, як ҳамсояам, ки устоди донишгоҳ аст, бо хушҳолӣ изҳор дошт, ки оянда таҳи ҳазор доллар маош хоҳанд гирифт. Бале, миқдори маоши омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ низ хеле зиёд карда шуд. Ин ҳама хуб аст. 
Вале ба фикрам, дар паси ин зиёдкуниҳо масъулият ва талаботи қатъӣ низ нуҳуфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки замони ғалбер кардани кадрҳои мактабӣ (донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ низ) фаро расидааст, имрӯз ё фардо омӯзгорони тасодуфӣ ва бемаърифат аз муассисаҳои таълимӣ дур карда хоҳанд шуд. Зеро ҷамъият ҳоло дар сари дуроҳае истодааст, ки ба мактабу маориф бастагии зич дорад: яке ҳаёт, дигаре мамот. Интихоб аз мо.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: