ҲАЁТИ ХУРРАМУ ОСУДА ДАР ХОНАҲОИ НАВ

Инсоне, ки чанд сол муқаддам ба Тошканд омадааст, ҳоло онро намешиносад.

Дар шаҳр хонаҳои серошёна, мактабҳои замонавӣ, кӯдакистонҳо, маҷмуъҳои савдо ва нуқтаҳои хидмати маишӣ, марказҳои азими тиҷоратӣ бунёд меёбанд. Хулоса, пойтахт куллан тағйир ёфтааст. 
Сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар кӯчаи Боғистони ноҳияи Чилонзор ба қарибӣ оғоз ёфт. Президенти мамлакат 21 декабри соли 2018-ум ба ин ҳудуд омада, бо лоиҳаҳои бинокорӣ шинос гардид ва фармоишҳои зарурӣ дод. 
Дар ҳудуди масоҳати умумиаш 5,6 гектар сохтмони 24 хонаҳои нуҳошёна пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин 6 майдончаҳои бачагона, истгоҳи автомобил барои беш аз 600 мошин сохта хоҳанд шуд. То имрӯз аллакай 10 хона соҳибони худро ёфтанд. Боз 6 хона моҳи сентябр, 5 хона дар моҳи декабри соли равон, 3 хонаи боқимонда соли оянда ба истифода супурда мешаванд. Ҳоли ҳозир 85 фоизи онҳо фурӯхта шуданд.
– Хонаҳо аз маводи ватании бинокорӣ дар пояи усулҳои инноватсионӣ бунёд меёбанд, – мегӯяд сардори бахши фурӯши маҷмӯи истиқоматии «Oq tepa sohil bo’yi» Акмал Юнусҷонов. – Андоваи иловагии деворҳо барои дар бино нигоҳ доштани гармӣ ва то 70 фоиз сарфа намудани энергия имконият фароҳам меоварад. Дар ҳар кадом ҳуҷра низомҳои гармкунӣ ва сардкунӣ аз тариқи автоматӣ танзим мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, хонаҳо дар ҳолати барои буду бош тайёр супурда мешаванд. 
Бинобар таъкиди мутахассис дар маҷмӯи истиқоматӣ таҷрибаи нави хидмати коммуналии аҳолӣ дар пояи консепсияи «шаҳри оқил» истифода мешавад. Яъне, агар дар ҳуҷраҳо бинобар электр ва техникаҳои санитарӣ ё худ ғайра мушкилот  ба миён оянд, аз ин хусус ба идора маълумот мерасад ва гурӯҳи тезкор ба ҷойи воқеа меояд.
Дар ҳудуде, ки ба канали Бӯзсув мепайвандад, пайроҳаи велосипедронӣ, майдончаҳои бачагона, ҷойи истироҳат ва фаввораҳо сохта мешаванд. 
Сифати ин хонаҳо, ба заминларза тобоварии онҳо, сарфакориашон ҳангоми истифодаи энергия ба аҳолӣ писанд меоянд. 
Мо бо соҳибони хонаҳои нав ҳамсуҳбат шудем. 
– Ба ин ҷо даҳ рӯз пеш кӯчидем, – мегӯяд Вазира Норматова. – Пештар дар маҳаллаи Зарқайнари шаҳри куҳна бо писарам ва набераҳоям зиндагӣ мекардем. Хонаи мо ба нақшаи ободонӣ афтид. Ҳокимияти шаҳри Тошканд ба мо аз ин хонаҳо ду манзил ҷудо кард, ба ман бо набераам як манзили дуҳуҷра, ба писарам хонаи сеҳуҷрадор. Ин дар арафаи Иди қурбон ва Рӯзи истиқлолияти кишварамон туҳфаи бебаҳо гардид. 
Кор бинобар сохтмон ва ободонӣ дар тамоми вилоятҳо, ҳатто дар деҳоти дурдаст ҳам идома дорад.
Мувофиқи қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои таъсис додани марказҳои замонавии соҳибкорӣ»-«Business city» дар ҳудудҳои ҷумҳурӣ» аз 2 августи соли 2018-ум сохтмони марказҳои замонавии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд  пешбинӣ шудааст.
Ба сифати намунаи чунин марказҳо метавон лоиҳаҳои «Tashkent City», «Namahgan City», «Bukhara City», «Olmazor City», «Yunusobod City», «Mirzo Ulugbek City»-ро номбар кард. 
Дар марказҳои корчаллонӣ хонаҳои замонавии истиқоматӣ, идораҳо, марказҳои дилхушкунӣ, меҳмонхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо, маҷмӯъҳои хидмати маишӣ сохта хоҳанд шуд.
Ба он чиз эътибори махсус дода мешавад, ки чунин марказҳои замонавии корчаллонӣ ба ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудудҳои мазкур мавҷуданд, зиён нарасонанд. Лоиҳаҳо бинобар бунёди «Business City» дар ноҳия ва шаҳрҳо аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд пешниҳод шуда, танҳо баъд аз ризоияти  Девони Вазирон қабул мегарданд. 
8 июли соли равон қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои ташкилӣ бобати таъсис додани марказҳои корчаллонӣ ва истиқоматии «Bukhara City» дар шаҳри Бухоро» қабул шуд. 
Маҷмӯи «Bukhara City» дар 83 гектар замин сохта шуда, кӯчаҳои Ҳофиз Таниши Бухорӣ, Зулфия, Қаюм Муртазоев, Иброҳим Муъминов ва Саноатчиҳоро дар бар мегиранд. Дар ин ҷо меҳмонхонаҳои замонавӣ, тарабхонаҳо, кинотеатрҳо, идораҳо, марказҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин иншооти тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, зиёда аз 50 хонаи бисёрошёнаи истиқоматӣ, умуман тақрибан 100 бино ва иншоот бунёд меёбанд.
Ба қарибӣ ҳамкори ман нақл кард, ки ба шаҳри Тирмиз рафтааст, дар он ҷо иншооти замонавӣ тақрибан вуҷуд надоранд.
Мо бошад дар бораи он ки ба ин зудӣ шаҳри Тирмиз куллан тағйир меёбад, дар ин ҷо бино ва иншооти замонавӣ сохта мешаванд, маълумот дорем.
Ба мақсади ободонии шаҳри Тирмиз, минбаъд беҳтар кардани симои меъмории он, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр ҳокимияти вилояти Сурхондарё лоиҳаи сохтмони маҷмӯи «Termiz City»-ро баррасӣ менамояд. 
Дар чорроҳаи кӯчаҳои Истиқлол ва Берунии шаҳри Тирмиз барои сохтмони маркази замонавии соҳибкории «Termiz City» 4,5 гектар замин ҷудо карда шуд. Зуд аст, ки дар ин ҷо шаҳраки зебое пайдо шавад. 
Ҳангоме ки сухан дар бораи чунин корҳои васеъмиқёси бинокорӣ меравад, ба маврид аст дигаргуниҳои алҳол дар ҳаёти мардуми мо ба миён омадаистода, аз ҷумла амалӣ гардидани  орзуҳои чандинсолаи халқамонро таъкид кунем.

 Хуршед ҚОДИРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: