ҲАЁТИ ИБРАТБАХШ

Истиқоматкунандаи деҳаи Сайроби ноҳияи Бойсун Ҷумъақул Қуллиев дар қатори ҳазорҳо нафар ҷавонони солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон барои озод кардани бисёр шаҳру деҳот ҷонбозиҳо карда, сиҳҳату саломат ба диёри хеш баргаштааст.

Дар арафаи 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр хабарнигори мо бо ин пири нуронӣ суҳбат орост.
– Шуморо аз номи хонандагони сершумори рӯзнома бо Рӯзи хотира ва қадр табрику муборак гуфта, бароятон тансиҳҳатӣ ва бардамӣ орзу мекунем!
– Ташаккур, шумоёнро низ бо ин рӯз табрик мегӯям. Илоҳо, сулҳу осоиш дар кишварамон бардавом бошад. Худо умри ҷавононро зиёд кунад ва ҳеҷ гоҳ рӯзҳои сахту сангинеро, ки мо дидем, набинанд.
– Бобо, мо медонем, ки шумо ва ҳамяроқонатон барои несту нобуд кардани фашистони немис бисёр ҷонбозиҳо кардаед. Ҳаёти шумо ва ҳамсафонатон ибратангезанд. Мехостем чанд лаҳзаеро аз ин хотирот ба хонандагони рӯзнома нақл кунед...
– Соле, ки ҷанг оғоз шуд, ман мактаби 7-соларо хатм карда, акнун синни ҳаждаҳро пур карда будам. Маро низ дар қатори дигар ҷавонон ба фронт сафарбар карданд. Дар ақибгоҳ чанде машқ карда, чӣ тавр истифода бурдани яроқу аслиҳаро омӯхтем. Он солҳо Ленинград дар муҳосира буд. Барои сокинони шаҳри азим нон намерасид. Душманон гирду атрофи онро чунон ба муҳосира гирифта буданд, ки касе наметавонист ба он ворид шавад ё берун равад. Ба ин шаҳр дар зимистон танҳо як роҳ буд. Оби кӯли Ладога ях мебасту нақлиёти сабук метавонист аз болои он ҳаракат кунад. Онро дар таърих «Роҳи ҳаёт» меноманд. Қисми мо амнияти ин роҳро ба зимма гирифта буд. Ба сокинон бо воситаи ҳамин роҳ шабу рӯз озуқаворӣ, сару либос расонида мешуд. Душманон низ онро таҳти назорати қатъӣ гирифта буданд. Барои як нафар сокини шаҳр 250 грамм нон медоданд. Ёд дорам, паррандае аз гуруснагиву сармо беҳол гашта, ба замин афтод. Инро ду нафар дида, доштанӣ шуданд, вале якбора ях шикасту ҳарду дар оби сарди кӯл ғарқ гардиданд. Хулоса, мо барои озод кардани Ленинград шоҳиди чунин воқеаҳои даҳшатангез шудаем. Шаҳр аз муҳосира озод шуд.
– Бобо хабар доред, ки Президенти муҳтарамамон бобати қадршиносии иштирокдорони ҷанг, таъмини маишати онҳо, барқарории сиҳҳатиашон қарори махсус интишор намуд. Шумо ҳамчун иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ин имтиёзҳо чӣ гуна истифода мебаред?
– Роҳбари давлатамон барои беҳбудии зиндагии халқу Ватан хидмати шоиста мекунад. Аз ин хотир халқ аз кору фаъолияти ӯ розиянд. Онҳо бунёдкориҳоро дида, дар ҳаққи роҳбари давлат дуо мекунанд. Ҳар пагоҳӣ пас аз намоз худи ман низ дар ҳаққи ин инсони ғамхору меҳрубон дуо мекунам, то ҳамеша тансиҳҳату бардам ва дар хидмати халқ бошад.
Президент Шавкат Мирзиёев нисбати мо – иштирокдорони ҷанг ғамхориҳои зиёд кард, ки мо мислашро дар солҳои охир надида будем.
Дар ин рӯзҳои ид тамоми ҳамсафон ва аҳли ҷумҳуриро ба муносибати 9 Май – Рӯзи ғалаба табрику муборакбод гуфта, орзу мекунам, ки ба хушбахтии мову насли оянда чашм нарасад, дар Ватанамон сулҳу амонӣ пойдор бимонад.

Мусоҳиб
Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: