ҲАЁТИ ПУРОБУРАНГИ ХУРДСОЛОН

Бо фаро расидани тобистон фароғатгоҳҳои зиёд мактаббачагон ба канор мекашанд.

 Имсол низ дар вилояти Фарғона барои истироҳати хуб, солиму бақувват шудани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 17 фароғатгоҳи замонавии статсионарӣ дар хидмати наврасони ин вилоят қарор доранд. Базаи моддӣ ва техникии ин фароғатгоҳҳо куллан ҷавобгӯи давру замон мебошад. 
Фароғатгоҳи «Нилуфар»-и ноҳияи Данғара, «Юлдуз»-и ноҳияи Олтиариқ, «Қалдирғоч»-и ноҳияи Қува, «Ёшлик»-и ноҳияи Фурқат ва амсоли он аз шумори чунин фароғатгоҳҳо номбар мешаванд. Тобистони соли равон дар маҷмӯъ 11 ҳазор кӯдакону наврасони вилоят дар панҷ баст озими ин фароғатгоҳҳо хоҳанд шуд.  Интизор меравад, ки танҳо басти якум 2 ҳазору 800 нафар мактаббачагонро қабул хоҳад кард.
Гузашта аз ин, 123 фароғатгоҳи тобистона барои пазироии 21 ҳазору 500 нафар бачаҳо омода мебошад. Дар ин фароғатгоҳҳо низ бо дарназардошти тақсимбандии бастҳо наврасон бонавбат рафта истироҳат мекунанд ва давраи солимгардониро сипарӣ мекунанд.
Тавре ки мутасаддиёни бахши вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон мегӯянд, дар фароғатгоҳи «Ниҳол»-и шаҳри Қувасой дар доираи 5 ташаббуси муҳим 8 маҳфил фаъолият мекунад. Басти аввал зиёда аз 170 нафарро дар гурӯҳҳои санъати тасвирӣ, забони англисӣ, шоҳмот, футбол ва волейбол фаро мегирад. Онҳо дар ин маҳфилҳо маҳорати худро такмил медиҳанд. 
Ногуфта намонад, ки  бачаҳо дар хобгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ба сар мебаранд ва аз хидмати ошпазҳои варзида баҳраманд мегарданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: