«ҲАЁТИ СОЛИМ» – ДАР ХИДМАТИ БОНУВОН

Дар шаҳри Андиҷон маркази солимгардонии занон «Ҳаёти солим» ба кор оғоз кард.

– Дар марказ барои солимгардонӣ ва истироҳати хуби апаю хоҳаронамон тамоми шароит муҳайё карда шудааст, – мегӯяд сардухтури марказ Сурайё Зиёева. – Хусусан, дар табобати бемориҳои меъдаю рӯда, диабети қанд, гинекологӣ, инчунин,  дар самтҳои физиотерапия, фитосауна, гидромассаж, табобат бо асал хидматҳои босифат ва самаранок  нишон дода мешавад.
Қимати умумии лоиҳа 2 миллиарду 600 миллион сӯмро ташкил карда, дар он ба 40 нафар ба тарзи статсионарӣ, ба 100 нафар бошад, ба тарзи амбулаторӣ имконияти расондани хидмати тиббӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар лабораторияи клиникии махсуси  хориҷӣ якчанд намуди таҳлили хунро аниқ кардан мумкин аст.
Аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба оиди нигоҳ доштани қомат, косметология, тарзи дурусти хӯрок-хӯрӣ тавсия ва маслиҳатҳо дода мешаванд, барои мустаҳкам намудани саломатии бонувон машғулот ва машқҳои махсус бурда мешаванд. Инчунин, дар машқгоҳи замонавӣ ва ҳавзи об онҳо метавонанд мунтазам шуғл варзанд. Дар маркази солимгардонӣ даҳҳо ҷойи кори нав ба миён омад. 
Дар маросими кушодашавии марказ ҳокими вилояти Андиҷон Ш. Абдураҳмонов иштирок кард.

Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: