Се сол муқаддам кас бовар намекард, ки дар деҳаи Шоҳимардони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё фабрика бунёд меёбад ва 1000 нафар занону духтарон бо кор таъмин мешаванд.
Се сол муқаддам кас бовар намекард, ки дар деҳаи Шоҳимардони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё фабрика бунёд меёбад ва 1000 нафар занону духтарон бо кор таъмин мешаванд.
Маълум аст, ки ноҳияи Сариосиё бо иқлими мусоид ва замини кораму оби равонаш аз дигар ноҳияҳо фарқ мекунад ва аз ҳамин ҷиҳат ба соҳаи хоҷагии қишлоқ бештар эътибор дода мешавад. Назар ба дастури ҳукумат се сол муқаддам баҳри амалӣ намудани ислоҳоти хоҷагии қишлоқ ба ҷои як қисми майдонҳои пахта боғҳо бунёд гардид, ба парвариши сабзавоту полиз эътибор афзуд ва дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли пахта ҳам кам шуд. Бинобар ҳамин яке аз нуқтаҳои пахтақабулкунии Ҷамъияти саҳҳомии “Сариосиё пахта”-и ноҳия, ки дар деҳаи Шоҳимардон ҷойгир буд, ба майдони бекорхобида табдил ёфт. Дар асоси дастури муқарраргардидаи ҳукумат, яъне овардани инвеститсия ба деҳот ин ҷой бе ҳеҷ қимат ба ихтиёри тадбиркорони самарқандӣ гузашт. Бо раҳбарии тадбиркори чашмикордон Шавкат Шарипов аз ҳисоби маблағи ҶММ “Зарафшон”-и шаҳри Самарқанд ва воми бонк ҶММ “Сурхонтекстил кийимлари” ташкил гардид. Барои корхона биноҳо сохта шуд. Тадбиркорон аз ҳисоби филиали “Бонки миллӣ”-и Деҳнав 300 дастгоҳи дӯзандагии навъи “Juki”-ро аз Ҷопон ва навъи “Kater”-ро аз Олмон оварда дар корхона устувор карданд.
Сараввал ба корхона 220 нафар занону духтарони деҳа ва маҳаллаҳои гирду атроф, ки дар хона бекор менишастанд қабул карда шуданд. Хурсандии занону духтарон ва деҳотиён ҳадду канор надошт. Зеро бунёди саноат дар деҳа як муъҷизаи ғайричашмдошт буд. Инак, се сол мешавад, ки корхона мунтазам фаъолият менамояд ва фақат номи он тағйир ёфта, таъсисчиён ҶММ “Сурхонтекстил кийимлари”-ро ба ҶММ “Зарафшон текстил” табдил доданд. Даромади корхона афзуда, дар сехҳо як қисми ҷиҳозҳо ва дастгоҳҳои дӯзандагӣ нав карда шуданд. Барилова ҷойҳои кор ташкил карда шуд ва айни замон 400 нафар бонувон дар корхона кор мекунанд.
Таъсисчиён аз фабрикаи тирикотажии Самарқанд матоъ оварда, тавассути дастгоҳҳои замонавии дӯзандагӣ барои бачагону наврасон либосҳо, анҷомҳои варзишӣ истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозори дохилӣ бароварда мешавад. Аксари дӯзандагон духтаронанд. Имрӯз дар сехҳои ҶММ “Зарафшон текстил” 320 нафар ҷавондухтарони моҳир, ки коллеҷҳои касбу ҳунари ноҳияро хатм кардаанд, кор мекунанд.
– Яке аз 5 ташаббуси бамиёнгузоштаи Президент ин бо кор таъмин намудани занону духтарон мебошад, – мегӯяд корбари масъули ҶММ “Зарафшон текстил” Фахриддин Самадов. – Даставвал духтароне, ки коллеҷҳоро хатм намуда, соҳиби диплом гардида, вале то ҳанӯз бекор дар хона нишастаанд, ба кор қабул кардем. Маҳсулоти трикотаж, ки аз ҷониби дӯзандагони моҳирамон Мавлуда Абдубаҳромова, Ирода Сафаралиева, Шаҳодат Файзуллоева дӯхта мешавад, аз ҷиҳати сифат аз маҳсулоти хориҷӣ монданӣ надорад. Аз имкониятҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда ният дорем, ки боз 150 ҷойи корӣ ташкил намоем.
Тазаккур бояд дод, ки бо ташаббус ва саъйу ҳаракати шуъбаи иттифоқи касаба барои коркунон дар ҶММ “Зарафшон текстил” ҳама гуна шароит муҳайё карда шудааст. Кор дар ду баст идома дорад ва коргарон аз ошхонаи корхона бепул тановул мекунанд. Ба онҳое, ки манзили зисташон дур аст, автобус беминнат ва бепул хизмат менамояд. Инчунин, ба муносибати иду ҷашнҳо ба онҳо мукофотҳо дода мешавад, музди меҳнаташонро низ саривақт дастрас менамоянд. Хуллас, аз имконият ва шароити кор ҳамагон мамнун.
– Дар маҳаллаи “Ёқутли боғ” зиндагӣ мекунам, – бо мамнуният изҳор дошт Шаҳодат Садриддинова. – Муддати чанд сол барои кор дари чандин корхонаро кӯфтам, ба кор нагирифтанд. Ба ҳар ҷое муроҷиат мекардам “ба мо мутахассиси маълумоти олидор лозим” мегуфтанд. Ниҳоят, шунидам, ки дугонаам дар ин фабрика кор мекардааст ва муроҷиат намудам. Муддати се моҳ шогирд шудам, пасон ба кор гирифтанд. Ҳоло аз кори худ хеле мамнунам.
Ҳамин тавр муддати якуним сол даромади корхона хеле афзуд. Тадбиркорон чораи васеъ намудани корхонаро андешида ба бунёди корхонаи нав камар бастанд. Дар паҳлӯи фабрика биноҳои нав қомат рост кард. Он ба бунёди корхонаи нави ҶММ “Сурхон сифат текстил”, ки аз пахта калобаришта истеҳсол менамояд, асос гузошт. Дар ин корхона низ 600 нафар коргарон дар ду баст бо кор таъмин гардиданд. Дар ин коргоҳ ҳам коргарони аз манзилҳои дур бо автобуси корхона омада мераванд. Дар ошхона, ки 200 нафар ғунҷоиш дорад, коргарон бо навбат бо риоя намудани қоидаҳои карантин бепул хӯроки гарми нисфирӯзӣ тановул мекунанд.
– Шукр, ки рӯз то рӯз ҳаҷм ва сифати истеҳсолотамон дар ҳарду корхона афзуда истодааст, – изҳор дошт сардиректори корхона Шерзод Ҷалилов. – Дар ду корхона 1000 нафарро бо кор таъмин намудем, ки ин дар шароити кунунӣ аз масоил ва муаммоҳои умдатарини рӯз маҳсуб меёбад. Соли гузашта дар корхонаи ҶММ “Сурхон сифат текстил” 12 ҳазор тонна калобаришта истеҳсол намуда, 8 ҳазор тоннаи онро ба мамлакатҳои хориҷа содир намудем. Дар моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ зиёда аз 4 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти хушсифати калобаришта истеҳсол намуда ба Чин, Туркия, Покистон фиристодем.
Оре, ҳарду корхона ҳам дар шароити пандемия бо риоя намудани талабу қоидаҳои карантин фаъолияти худро бо самар пеш бурда, баробари равнақ бахшидан ба иқтисодиёти кишвар бонувонро муттасил бо кор таъмин мекунанду шароити зисти онҳоро беҳтар месозанд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар
вилояти Сурхондарё.