Агар аз шаҳри Шофиркон роҳро миёнбур карда, бо роҳҳои каҷу килеби дашт, ки ба таъбири чӯпонон «рагҳои хуни дашт» ҳастанд, роҳ паймоед, баъди масофаи тахминан 85-90 километри чашматон ба баландие меафтад.
Хӯш, ин чӣ маконест?!
Гарчанд сокинони гирду атрофи он қазоқанд ва бо лафзи қазоқию ӯзбекӣ ҳарф мезананд, он Ҳазорнур ном дорад. Чаро?! Беихтиёр ба олами хаёлот ғӯта мезанед. Оё онҳо ягон тоҷикро барои маҳз гузоштани ин ном инҷо даъват кардаанд? Дар болои харобаҳои қалъаи қадима мазори қавми қазоқзабон, ки мансуби шуъбаи Кичик юз ва ба шабакаи Шумакей мансуб аст, воқеъ мебошад. Баландии қалъа аз шимол то ба бист метр мерасад. Корчаллонҳо то ба болои он роҳҳои каҷу килеби мошинбаро сохтаанд. Дар болои қалъа барои мусофирон чандин хонаи истиқоматӣ, инчунин захираи ҳезум, оби ошомиданӣ, кӯрпаю кӯрпача мавҷуд. Агар аз тарафи шимолу ғарбии он равед, ба харобаҳои таҳхонаии вай мерасед. Тарафи ҷануби қалъа бо замин баробар шудааст. Агар аз самти шимоли шарқии он ҷониби шарқ назар андозед, чашматон ба чуқуртарин нуқтаи вилоят – кӯли Оғитма меафтад. Дар тарафи ҷануби шарқии кӯл чашмаи Оби гарм ҷӯшида мебарояд, ки он ба 69 дараҷаи селсий баробар мебошад. Ин чашма ба ду ҷӯйча ҷудо шуда, оби худро ба кӯли Оғитма мерезад. Оби чашма шӯр буда, истеъмоли кам-кам ва бардавоми он ба касалиҳои меъда ва рӯда, ки ба ҳазми таом вобастагӣ доранд шифо мешудааст. Аз хидматгори ин маскан дар бораи таърихи қалъа пурсон шудем.
– Ин ҷо макони саркардаи араб Молики Аждар аст, ки дар ихтиёри худ зиёда аз ҳазор навкар дошта, мағлубнопазир буд. Тиру шамшеру найза ба тани вай асар намекард. Барои донистани ин асрор душманон ба хидматгории келини саркарда кампири ҳилагареро ҷойгир кардаанд. Кампир ба боварии келин сазовор шуда, ин асрорро мепурсад. Келин дар навбати худ аз падаршӯяш сабаби ба вай таъсир накардани тиру найзаро пурсон мешавад. Молики Аждар аз ин пурсиш ба сар омадани умрашро дониста асрорро ба келинаш мекушояд ва мегӯяд: «Танҳо ҳангоми гузориши намози Худованд тани ман чун пахта мулоим мешавад, дигар вақт чун пӯлод маҳкам аст. Ҳарифон аз ин истифода бурда Молики Аждар ва навкаронашро ҳангоми намозгузорӣ ба шаҳодат мерасонанд. Аз он вақт ба ёди шаҳидон ин маскан номи Ҳазорнурро гирифтааст. Яъне ҳар шаҳодатёфта, дар роҳи густариши ислом ба нур қиёс шуда, – қисса мекунад вай.
Оид ба ин маскан сараввал бо ҳамроҳии саррежиссёри телевизиони давлатии Бухоро Салимҷон Назаров ва пасон бо таклифи банда бо журналист Матлуба Одинаева ва оператор Ҳидоятҷон Ҷумъаев ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ намоишҳо тайёр намуда, пешкаши тамошобинон кардем. Ҳангоми наворбардорӣ Матлуба савол дод:
– Алимуродака, дар ин маскан, ки номаш сирф тоҷикист, қазоқон аз куҷоянд?
Банда он вақт ба ҷавоби ин савол тайёр набудам. Ва имрӯз ҷавоби ин савол ёфт шуду онро бо хонандагони «Овози тоҷик» ба ҳам мебинам.
Зимистони солҳои 1968-1969 хеле сахт омада буд. Он ҳангом вилояти ҳозираи Навоӣ ҳам дар қаламрави вилояти Бухоро буд, барфи баланде борида, тамоми роҳҳоро пӯшонд. Раҳматии амакам Камолиддин, ки он замон ба чӯл барои чӯпонони хоҷагӣ бо мошин об мекашонд, гуфта буд:
Тамоми роҳҳоро барф пӯшид. Барои муайян кардани роҳ ва дар сармо ба чӯпонон ёрӣ расонидан аз самти Нурато роҳ ёфтем. Яъне Ҳазорнур аз мо дида, ба Нурато наздиктар аст. Пас Ҳазорнур бо Нурато бародару додар барин.
Замоне, ки ин ҷоро ба навор сабт мекардем, операторамон Ҳидоятҷон Ҷумъаев:
– Домулло, дар ин ҷо чӣ сабт карда бошанд? – гуфта аз навиштае пурсон шуд.
– Намедонам, ба ин хат дандони банда намегузарад, – гуфтам бо армон.
Хулоса, агар гӯем, ки маскани таърихии Ҳазорнур тадқиқоти нуктасанҷонаро интизор аст, дуруст аст. То ба ҳол дар асарҳои Абдураззоқ Қӯшшаев ҳикояи «Келинчӯққи», достони шоир Маҳмуди Ғафур «Ҳазорнур», манзумаи «Сайри чӯл»-и Абдулло Раҳмон, ки дар равияи Муқимӣ эҷод кардааст, доир ба таърихи ин маскани куҳан сухан рафтааст. Аммо ҳамаи онҳо ба он аз нуқтаи назари сатҳӣ нигоҳ кардаанд. Гуфтанӣ ҳастам, ки ин ҷо нигоҳи дақиқи археологӣ ва назари олимонае зарур аст, то парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта шуда, чӣ маконе будани Ҳазорнур ба мардум аён гардад.
Алимурод ТЕМИРОВ,
тарғиботгари
эҷодиву мадании мактаби рақами 54-уми ноҳияи Шофиркон.