ҲАЗРАТИ НАВОӢ!

Файзхоҷа МАҲМУД

Файзхоҷа МАҲМУД

ҲАЗРАТИ НАВОӢ!

Дар ҷисми мо чу ҷонӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ,
Дар раг чу хун давонӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ,
Баҳри Ватан ту шонӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ,
Бар мулки мо ту конӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ,
Файёз бар забонӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ!

Аз фазл пошӣ гавҳар,
 моро азиз бобо,
Дар адл бошӣ заргар, 
моро азиз бобо,
Моро ту – бахтмеҳвар, 
моро азиз бобо,
Илмат зи чатр бартар, 
моро азиз бобо,
Инсони бас гаронӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ!

Дар мулки ҳарфу маъно, 
султону шоҳ бошӣ,
Дар рӯз офтобе,  
шабро чу моҳ бошӣ,
Дар илму фазл – дарё, 
 густурдаҷоҳ бошӣ,
Бо ҳар китоби нобат, 
ҳамрози роҳ  бошӣ,
Хуш  Соҳибуззамонӣ, 
эй ҳазрати Навоӣ!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: