ҲЕЧ КАС АЗ ЭЪТИБОР ДУР НАМЕМОНАД

Ҳафтаи гузашта ба муносибати Рӯзи ногироҳо дар мавзеъҳои гуногуни вилояти Намангон маросимҳо ба вуқӯъ пайвастанд.

Яке аз чунин чорабиниҳо дар маҷмӯи «Истиқлол»-и ноҳияи Косонсой баргузор шуд. 
Бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия, ҷамъияти ногироҳо, шуъбаҳои рушди хидматҳои тиббиву иҷтимоӣ, шуъбаи ноҳиявии ҷамъияти Ҳилоли аҳмари ҷумҳурӣ дасторхони пурнозу неъмат ороста шуд.
Ҳокими ноҳия Дилмурод Қодиров оиди узви баробарҳуқуқи ҷамъият будани шахсони ногиро, қонунҳое, ки онҳоро ҳифз менамояд, гуфт ва ба онҳо туҳфаҳои идона супурд. Ба 8 нафар аробача ва 4 нафар ускунаҳои шунавоӣ дода шуд.
– Ба чорабинии имрӯза иштирок карда, баҳри дилам кушода шуд, – гуфт ногирои гурӯҳи дуюм Акбарҷон Тошхӯҷаев. – Ҳимояи қадру қимат ва манфиатҳои ҳар як инсон намунаи олии инсонпарварие мебошад, ки хоси мардуми мост. Барои эътибор аз ташкилотчиёни чорабинӣ миннатдорем.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: