ҲЕЧ ЗЕВАРЕ ЧУН ДОНИШ НЕСТ...

Мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд, қарори Президент «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2020/2021» имзо гардид.

Мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори  рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд, қарори Президент «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2020/2021» имзо гардид. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими олии кишвар бо мақсади таъмини иҷрои қарор қабули ҳуҷҷати довталабон давом дорад. Аз ҷумла, дар яке аз боргоҳҳои таълимии бонуфузи кишвар – Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ин самт корҳои зиёд иҷро мешаванд. 
Ҳоло дар он беш аз 18 ҳазор писаракону духтаракон аз тамоми қаламрави Ӯзбекистон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо қариб ҳазор нафар устодон дар утоқҳои васеъ, равшан ва замонавию таҷҳизонида дарс гузашта, нисфи зиёди онҳо дараҷаи илмӣ доранд.
Дар асоси қарори Президент доир ба қабул ба мактабҳои олӣ чораҳои судманд андешида шуд. Акнун хатмкунандагони мактабҳои миёна ва коллеҷҳо ҳуҷҷати худро ба тариқи онлайн месупоранд. Муҳимаш, аз роҳи дур омада, навбатпоӣ ва дигар муаммоҳо нест. Рӯзи санҷиш, яъне имтиҳон ва тарзи он ба шароит нигоҳ карда муайян хоҳад шуд.
Ба рӯйхат гирифтани довталабон аз 20-уми июн то 20-уми июли соли равон идома меёбад. Тест аз рӯйи ду фан гузаронида мешавад. Навид он аст, ки як довталаб ба панҷ самти таълими бакалаврӣ иштирок карда метавонад. Хурсандиовар аст, ки саволҳои сабук аз 6 то 9 адад зиёд мешавад.
Чанд сол қабл аз ин факултаи ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дошт ва муддате қабул ба ин факултет манъ гардид. Имсол ин факултет дар асоси фармони Президент аз нав кушода шуд. Инчунин факултаи “Агробиотехнология ва бехатарии маводи озуқа” ташкил хоҳад шуд, ки дар оянда барои соҳаи аграрӣ мутахассисони ботаҷриба тайёр мекунад.
Боз як навигарӣ он аст, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ноҳияи Тайлоқ омӯзишгоҳи агротехнология ва дар ноҳияи Ҷомбой омӯзишгоҳи педагогӣ ташкил гардид. Хатмкунандагони он аз бахши дуюм бидуни имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳи мо таҳсилро идома медиҳанд.
Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон мебошад, ки дар Ӯзбекистон шиори «Бародарию баробарӣ» ҷорист. Имсол гурӯҳҳои тоҷикӣ ба нӯҳ адад расид. Онҳое, ки мактабҳои тоҷикиро хатм намуданд, бахти худро барои дохилшавӣ ба факултаҳои физика, математика, биология, таълими ибтидоӣ ва ғайра санҷида метавонанд. Квотаи қабул нисбат ба соли гузашта қариб ду маротиба афзуд. Танҳо дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик 50 нафар қабул карда мешаванд.
Дар ин самт ягон муаммо вуҷуд надорад. Қабули хориҷиён тавассути суҳбат амалӣ мегардад. Ҳатто хобгоҳ ва шароитҳои дигари мусоид фароҳам оварда шудааст.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо 50 мактаби олии ҷаҳон риштаҳои дӯстӣ баста, таҷрибаомӯзӣ ва ивази толибилмон ба роҳ монда шудааст. Чанде пеш ҳангоми сафар ба Хитой бо Донишгоҳи Сиам шартномаи ҳамкорӣ имзо кардем. Бояд таъкид намуд, ки донишгоҳи мазкур 80 ҳазор нафар талаба дорад. Донишҷӯён аксарияти вақти худро дар китобхона ва мутолиа, майдони варзиш гузаронида, ҳушу ёди онҳо фақат дар хондан аст. Рости гап, ба онҳо ҳавасам омад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, ҳушу ёди талабаҳои мо телефону компутербозӣ. Ана баъд имтиҳону санҷишро супурда натавониста, барои баҳогирӣ бисёр азият мекашанд. 
Математика – шоҳи фанҳост. Фақат каме шавқу ҳавас лозим, ки кас сирру асрори онро омӯзад. Чанде пеш бо ташаббуси сарвари давлат дар Тошканд Донишкадаи риёзӣ ташкил шуд. Дар тамоми вилояту шаҳрҳо мактабҳои махсуси математика фаъолият мебаранд. Математика дар ҳама соҳа лозим. Шояд донед, ки ҳатто чанд нафар чемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот аз рӯи ихтисос математик ҳастанд. Эммануэл Ласкер, Хосе Раул Капабланка, Михаил Ботвинник, Анатолий Карпов ва дигарон далели фикри ман аст.
Бузургони Шарқ – Ибни Сино, Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Мирзо Улуғбек доир ба риёзиёт асарҳои безавол эҷод карданд. Дар замони гузашта ҳисоб кардани ашё дар оғози ташаккули маданияти бостонӣ боиси пайдо шудани мафҳумҳои арифметикӣ гардид. Ва дар асоси системаи ҳисоби даҳонӣ системаҳои ҳисоби хаттӣ ба вуҷуд омад. Олимони машҳур Пифагор,  Архимед, Эратосфен ва дар Шарқ ҳамдиёрони мо Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Умари Хайём, Қозизодаи Румӣ, Алоуддини Қушчӣ ва дигарон дар ин соҳа саҳми арзанда гузоштаанд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳеч зеваре чун дониш нест. Ва илм дар хурдӣ – нақш бар санг! Воқеан, мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. Аз бузургон пурсидаанд, ки умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? Гуфтаанд: Ба таҳсили илм! Бинобар ҳамин насли наврас рӯ ба илму дониш оварданашон зарур.

Рустам ХОЛМУРОДОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: