ҲЕҶ КАС АЗ МЕҲР БЕБАҲРА НАМЕМОНАД

Таъмини шуғли аҳолӣ, хушнудии мардум, гиромӣ доштани қадри инсон, бо назардошти сиёсати башардӯстонае, ки дар кишвар пиёда мегардад, расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани онҳо аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба ошкор ва бартараф кардани мушкилоте, ки мардумро ба ташвиш меоранд ва ба дастгирии ниёзмандони ҳифзи иҷтимоӣ диққати калон дода мешавад.
Алалхусус, бо ташаббуси Сарвари давлат ҷорӣ шудани низоми секторҳо сохторҳои давлатиро ба мардум наздиктар кард.
Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияи Ҷарқӯрғон ба корҳое, ки дар соли 2021 ҷиҳати таъмини шуғли шаҳрвандони ба «Дафтари ҷавонон», «Дафтари занон», «Дафтари оҳанин» дохилшуда амалӣ шуданд, кумакҳои ба онҳо расонидашуда таваҷҷуҳ зоҳир намудем.
Дар ҷамъомад бо иштироки директори маркази шуғли аҳолии ноҳия, роҳбарони бахши ноҳиявии Хазинаи нафақаи ғайрибуҷетӣ ва шуъбаи рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои дахлдор шунида шуд.
Маълум шуд, ки дар таъини кумакпулиҳои кӯдакона ба аҳолии камбизоат, ки тибқи Низом бо қарори дахлдори Девони Вазирон аз 21 октябри соли 2021 тасдиқшуда дода мешаванд, як қатор мушкилот вуҷуд доранд.
Аз ҷумла, ҳангоми таъини ёрдампулии кӯдакон ба фарзандони шаҳрвандони бекор ҳолатҳои рад кардани маълумотҳое, ки ба базаи барномаи махсус дохил карда шудааст, ба назар мерасад. Дар масъалаи ба маъюбон ба таври мутамарказ расондани аробача ва асбобу анҷоми тиббию ортопедӣ низ мушкилиҳо ҷой доранд.
Масъалаи бо шуғл таъмин кардан ҳамеша муҳим буд. То 23 феврал ба маркази шуғли аҳолии ноҳияи Ҷарқӯрғон 2 666 нафар барои бо кор таъмин шудан муроҷиат кардаанд. Аммо 107 нафари онҳо ба кори доимӣ ҷойгир шудаанд. Ин чунин маъно дорад, ки ёварони ҳокимҳо, депутатҳо бояд аҳолиро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, барои ба кор сар кардани онҳо ёрӣ расонанд. Зеро одам агар кори муайян дошта бошад, бо мақсадҳои бузург зиндагӣ мекунад, дар оилааш оромӣ ҳукм мефармояд.
Аз ин рӯ, зимни суҳбат бо ёварони ҳоким ва пешвоёни ҷавонони маҳаллаҳои «Маслаҳаттеппа» ва «Ӯриклӣ»-и вилоят вохӯрда, бо фаъолияти онҳо шинос шудем. Мо интихобкунандагон рӯ ба рӯ вохӯрда, ба ташвишу изтироби шаҳрвандон гӯш додем. Якҷоя бо масъулон роҳи ҳалли масъалаҳоеро, ки дар шакли субсид, вом, кумакпулӣ барои амалиёти тиббӣ ба миён гузошта буданд, ҷустуҷӯ кардем.
Мӯйсафедони «Маслаҳаттеппа» гуфтанд, ки васеъ шудани канали Сурхон, ки аз болои маҳалла мегузарад, боиси танг шудани роҳҳои дохилӣ шудааст, ки дар сурати ҳамин хел мондан боиси хароб шудани роҳҳои дохилӣ мегардад. Барои зери назорат гирифтани ин масъала якҷоя бо роҳбарони ноҳия, вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳо андешида шуданд.
Хулоса, имрӯз боварии мардум ба зиндагӣ, давлат, ҷомеа ва оянда меафзояд. Ҳамаи ин ба туфайли он аст, ки ҳар як роҳбар ба мушкилот рост нигоҳ мекунад, бо халқ мулоқот мекунад, мардум дигаргуниҳои Ӯзбекистони Навро дар ҳаёти худ дарк мекунанд.

Фахриддин САМАДОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.  
  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: