ҲЕҶ КАС ДАР КАНОР НАМЕМОНАД

Кушодадилӣ, саховатпешагӣ ва кӯмак расонидан ба оилаҳои камтаъмин дар давраи пандемияи коронавирус барои дастгирии оилаҳои камтаъмин омили муҳим гардид.

Кушодадилӣ, саховатпешагӣ ва кӯмак расонидан ба оилаҳои камтаъмин дар давраи пандемияи коронавирус барои дастгирии оилаҳои камтаъмин омили муҳим гардид.
Мувофиқи Фармони Президент аз 24 апрели соли 2020 дар назди шуъбаи ноҳиявии фонди ҷамоавии хайрияи «Маҳалла» Маркази мувофиқгардонии хайрияи ҳомиён ва саховатпешагон «Саховат ва кӯмак» созмон ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Аз ҳисоби маблағи марказ ба 2180 нафар оилаҳои камтаъмин, ногиро, дар карантинбудагон ва эҳтиёҷманди 77 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияамон ба миқдори 154877,8 ҳазор сӯмина маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод карда шуд. 
Барои 20 нафар шаҳрвандони танҳо ва ба муҳофиза муҳтоҷ, ки аз тарафи Иттиҳодияи тиббии ноҳия ба рӯйхат гирифта шудаанд, 11 номгӯй масолеҳи хӯрокворӣ расонда дода шуд.
Инчунин аз тарафи марказ ба шаҳрвандоне, ки дар давраи карантин душворӣ мекашанд, кӯмаки моддӣ расонда шуд. Чунин корҳои хайр имрӯз низ давом мекунад.

Маҳмудҷон ИМОМНАЗАРОВ, 
сардори штаби маркази мувофиқгардонии хайрияи ҳомиён ва саховатпешагони хазинаи «Саховат ва кӯмак»-и ноҳияи Попи вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: