Имрӯз ислоҳи соҳаи таълим аз муҳимтарин масъалаҳои давр ба шумор меравад.
Дар оғози садаи бист низ маорифпарварони тоҷик ба ин масъала зиёд таваҷҷуҳ намудаанд.
Бо талошу ҷадали соҳибназарони замон – адибони равшангар, пеш аз ҳама, илму дониш, фарҳангу ҳунар, публитсистика ва анвои он, шеъру тафаккури тоҷикии ҳавзаи Мовароуннаҳр маҳз дар ҳамин аҳд давраи такомул ва таҳаввули худро аз сар гузаронид. Бахусус тарғибу ташвиқи илму дониш чун унсури асосии ҳаёт дар сафҳаҳои матбуоти тоҷикӣ бештар мушоҳида мегардид. Бозгӯи ҷойгоҳи илм дар омӯзаҳои Мирзо Ҷалол бо решаҳои исломии фаҳмиши илму дониш тавъам буда, дар ин роҳ ба андешаҳои қуръонӣ такя шудааст:
«Агар касе аз аввал то ба охир Қуръони шарифро мулоҳиза намояд, возеҳ ва ошкор мебинад, ки он таклифе болотар аз илмро барои инсон нафармудааст».
Мирзо Ҷалол, ки дар бисёр рӯзномаҳои зодгоҳаш фаъолият дошт, дарду алами ҷомеаро дар Бухоро ба зудӣ пай бурда, дар аксари навиштаҳояш мардумро даъват менамуд, то рӯ ба илму дониш оранду дар ҷомеа ислоҳот гузаронанд. Вай дар робита ба вазъи нобасомони ҷомеа ва ҳолати риққатовари он бо таассуф мегӯяд: «Ҳоло исми мо аз дафтари доноӣ маҳв ва расми мо аз сафҳаи ирфонӣ фонӣ гашта, пас ҳоло чӣ бояд кард?»
Мирзо Ҷалол омилҳои зуҳури ин падидаҳои номатлубро ҷӯё мешавад ва бо ин ба аҳли ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар ҷомеаро аз беилмӣ раҳоӣ бояд бахшид. Ба назари ӯ танҳо пас аз талаби илм кас дарк менамояд, ки он чист ва чӣ нафъе ба инсон дорад.
Аз ҷумла, бо таассуф ёд менамояд, ки «замоне рушди улум дар Осиё буда, балки вақте ки дар Осиё илм ва маданият дар ҳоли рушд қарор дошт, дар сойири ақтори ҷаҳон хабаре аз инсоният набуд. Пас, имрӯз Осиёро чӣ шуда», –мегӯяд Мирзо Ҷалол.
Ислоҳи вазъи таълиму тадрис низ ба сифати яке аз омилҳои муҳими пешрафт ва рушди ҷомеа дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷойгоҳи хосе дорад. Бо назардошти ҷойгоҳи илму дониш дар рушду пешрафти кишвар Мирзо Ҷалол дар аксари матолиби хеш онро пайваста ташвиқ менамояд. Ҷолиб он аст, ки баҳри тақвияти андешаҳои хеш ба китоби муқаддаси Қуръон муроҷиат намуда, аз он ҳамчун далел истифода мебарад.
Яке аз чеҳраҳои дигари маъруфи наҳзати маорифпарварӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аст, ки бо навиштаҳои арзишманди хеш ба вусъат ва густариши афкору ҷаҳонбинии мардум мусоидат мекард. Ӯ чун равшангари давр хуб мушоҳида намуда буд, ки сарчашмаи ҳама пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои мухталиф мактаб аст. Ба ин хотир Беҳбудӣ дар бештари навиштаҳояш усули ҷадидро тарғиб намуда, ислоҳи ҳарчи зудтари макотиби ҷомеаро тақозо намудааст.
Ба андешаи Беҳбудӣ, ислоҳи ҷомеа, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз меёбад, зеро мактаб роҳи фардоро равшан мекунад. Ӯ ҳаёти миллатро ба мактаб вобаста дониста, мегӯяд: «Мактабу мадрасаи кадом миллат, ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад. Мактабу мадрасаи кадом миллат, хароб ё (дар) таназзул аст, он миллат маҳкуми таданнӣ ва забун аст. Ривоҷи дини миллат, тараққии илму диёнат, пешрафти фазлу ҳунар, салоҳи ахлоқу одоб, хубии майишат ва зиндагонии ҳар тоифа мактабу маориф аст». («Мулоҳиза», «Ойина», №2)
Беҳбудӣ чун мубаллиғи мактабҳои усули ҷадид омӯзиши илми таъриху ҷуғрофияро ба насли наврас ва аҳли ҷомеа шарт ва зарур медонад. Бинобар ин асареро ба номи «Китоби мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ» таълиф намуд. Баъдтар бо назардошти зарурати ин фанни замонавӣ Беҳбудӣ асари дигаре зери унвони «Ҷуғрофиё чист?» навишта, моҳият ва зарурати ин фанро возеҳу равшан баён менамояд.
Равшангари дигар – Муфтизода дар навиштаи худ «Илм ва ирфон» дар мавриди ҷойгоҳи илм ва ирфон андешаҳои арзишманде баён кардааст. Муаллиф амалҳои бузурги гузаштагонро ёдовар шуда, омили осоишро ба илм вобаста медонад:
«Тараққӣ ва пешрафт намудани ҳар қавм дар дунё ба рафоҳият ва осудагӣ зистани ҳар миллат фақат вобаста ба илм аст. Ба акс адами он муҷиби инқирозу зиллати ҳамон қавму миллат аст. Илм ва ирфон чизест, ки Пайғамбари олигуҳари мо таҳсили ӯро ба ҷамъи нуфуси башар амру фарз намудаанд.
Роҷеъ ба ҷойгоҳи илму дониш нигоштаҳои арзишманди ӯ дар матбуоти даврӣ зиёд нашр гардидаанд, аз ҷумла дар маҷаллаи «Оина» (1913). Чунончӣ, вай менависад:
«Ҳеҷ миллате тараққӣ нахоҳад кард, магар бо ислоҳи макотибу мадорис. Макотибу мадорис ҳам ислоҳ нахоҳад шуд, магар бо мувофиқи замони ҳозира»...
Дар маҷмӯъ, метавон чунин хулоса намуд, ки матбуоти тоҷикии оғози садаи бист чун василаи ҷавлонгоҳи афкор, пеш аз ҳама, барои тарғиби афкору омӯзаҳои маорифпарварони тоҷик хидмати арзанда анҷом додааст.
А.ШЕХОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Б. Ғафуров.