«...ҲЕҶ НАБОШАД БОЯД БА 10 ҲАЗОР РАСАД»

ё худ шарҳи шумораи идонаи «Овози тоҷик» ба муносибати чорсолагии рӯзнома

25 августи соли 1928 рӯзномаи «Овози тоҷик» чорсола шуд. Шумораи 253-юми рӯзнома, ки 25 августи соли 1928 нашр гардидааст, ба ҷашни чорсолагии «Овози тоҷик» бахшида шудааст. Шумораи ҷашнӣ дар ҳаҷми ҳашт саҳифа аст. Қаблан доир ба сохтор ва банду басти он маълумот дода будем. Инак, танҳо ба пешниҳоди маводи саҳфаҳои он қаноат мекунем.
Банду басти нашри идона аз нашрҳои пешина танҳо як тафовут аст: агар дар нашрҳои пешин унвони рӯзнома бо ду алифбо-алифбои арабиасосу лотинӣ навишта шуда бошад, дар шумораи ҷашнӣ танҳо бо алифбои лотинӣ «AVAZI tacik» навишта шудааст. Дар болои саҳифаи аввал расми калонҳаҷмеро гузоштаанд, ки рамзи ҳамдилии коргару деҳқонро ифода мекунад. Дар самти рост дар дохили расм «1924» ва дар самти чапи ин рақам «Хоҷагии қишлоқ» сабт гардидааст.
Дар поёни расм аз самти рост «Табрикҳои ҳокимияти марказӣ, табрикномаи Кумитаи иҷроияи марказии Ӯзбекистон» ҷой дода шудааст. Дар самти чапи ҳамин табрикнома шиори «Тӯятон муборак бод!» ҳаст. Вале матнҳои саҳифаи аввали рӯзномаро, ки дар шуъбаи «Китобҳои нодир»-и Китобхонаи миллии ба номи А.Навоӣ нигоҳ дошта мешавад, имкони хондан нест. Рӯйи саҳифа сиёҳ шудааст.
Саҳифаи дуюм бо «Дар роҳи муборизаи бародарӣ, баробарӣ, байналмилалчигӣ» ном мақолаи мудири шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Кумфирқаи марказии Ӯзбекистон рафиқ А. Тоҷиев оғоз мегирад. Дар самти чапи он мақолаи «Матбуоти тоҷик ва мавқеи «Овози тоҷик» дар он» чоп гардидааст. Дар байни матни ҳамин мақолаҳо расмҳои рафиқон Зеленский, Киркиз, Икромов, Охунбобоев ва Нусратулло Махсум ҷой дода шудаанд. Дар ҳамин саҳифа «Аскарони қалами сурх» ном мақола дарҷ гардидааст, ки дар бораи хабарнигорони ҷавон, комёбӣ ва камбудиҳои онҳо баҳс мекунад. Дар самти чапи ҳамин мақола «Табрикномаҳо аз тарафи идораи рӯзномаҳо» ҷой доранд. Муҳаррирони масъули рӯзнома ва маҷаллаҳои «Озод Бухоро», «Ёш ленинчи», «Роҳбари дониш», «Коммунист», «Бедории тоҷик», «Рӯшноӣ» ва «Зарафшон» дастбакорони «Овози тоҷик»-ро бо иди чорсолагии рӯзнома табрик кардаанд.
Аз самти рости саҳифаи сеюми рӯзнома «Забони «Овози тоҷик», ё ки давраҳои сегонаи ӯ дар бораи забон» ном мақолаи калонҳаҷми Зеҳнӣ ҷой гирифтааст, ки дар ин бора хабар дода будем. Ин мақоларо метавон ҷамъбасти роҳи дар чор сол тайнамудаи «Овози тоҷик» ҳисобид. Дар мақола комёбӣ ва камбудиҳои фаъолияти чорсолаи рӯзнома возеҳу равшан инъикос ёфтаанд. Дар ҳамин ҷо расми мудири шуъбаи матбуоти Кумфирқаи марказӣ рафиқ Қодиров акс шудааст. Дар самти чапи мақола, дар мобайни саҳифа «Як назар ба шеърҳои тоҷикӣ» ном мақолаи Азизӣ ҳаст. Ин ҷо доир ба мавқеи вазни арӯз дар шеъри тоҷикӣ баҳс меравад.Дар ҳамин саҳифа расми муҳаррири масъули рӯзномаи «Овози тоҷик» Ш. Садруллин ва расми гурӯҳи ҳайати таҳририя ва баъзе ходимони рӯзнома ҷой дорад.
Дар самти чапи саҳифа бахши «Табрикномаҳо аз округи Хуҷанд» ҷой дода шудааст. Кумитаи фирқаи округи тоҷикии Хуҷанд, коргарон ва мухбирон, Кумитаи ҷавонони округи Хуҷанд, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд, иттифоқи касабаи округи Хуҷанд ва Кумфирқаи райони Хуҷанд рӯзномаи «Овози тоҷик» ва кормандони онро бо чорсолагии рӯзнома табрик намудаанд (округиХуҷанд он замон ҳанӯз дар таркиби Ӯзбекистон буд – Ӯ.Р).
Дар саргаҳи самти рости саҳифаи чоруми рӯзнома «Ҳаракати мухбирон ва мухбирагони «Овози тоҷик» ном мақолаи Ш. Солеҳзода чоп гардидааст. Муаллиф қайд мекунад, ки сафи хабарнигорони рӯзнома рӯз аз рӯз меафзояд. Шумораи хабарнигорон ба 500 нафар расидааст. Сафи мухбирагон, яъне бонувони хабарнигор 25 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин саҳифа «Баъзе аз муваффақият ва камбудиҳои «Овози тоҷик» (ба муносибати тӯйи чорсолааш) ном мақолаи Муинзода нашр гардидааст. Моҳияти мақола аз унвони мақола ошкор аст. Бояд таъкид намуд, ки Муинзода  дар ислоҳи хато ва тозагии забони рӯзнома саҳми беандоза зиёд дорад.
Хоҷӣ Абдуллозода дар мақолааш таҳти унвони «Дар роҳи ишқу муҳаббат» доир ба ахлоқи коммунистӣ андешаронӣ мекунад. Дар ҳамин саҳифа расми иштирокдорони Конференсияи якуми мухбирон ва хонандагони  рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Хуҷанд дарҷ ёфтааст. Ҳамчунин «Ба тӯйи «Овози тоҷик» ном шеъри Ноил Шерзода ҳаст, ки матлааш ин аст:
Нишаста дар таҳи девор духтари 
тоҷик,
Зи илму маърифату санъату хабарҳо 
дур.
Аз ин нишастани беҳудааш наёфт 
сурур,
Ҷаҳон чу мӯйи сиёҳаш сияҳ буду 
торик... 
Саҳифаи панҷуми рӯзнома аз «Навқаламони сурхро ба ёрдами рӯзномаи «Овози тоҷик» ном мақолаи Б. Икромӣ бо расмаш ибтидо мегирад.Б. Икромӣ писари Мулло Икромча, ки устод Айнӣ дар асарҳояш бисёр ёд овардааст, Бурҳониддин Икромӣ будааст. Мулло Икромча (1847, Бухоро –  1925, Бухоро) ба устод Айнӣ ҳаққи устодӣ ҳам доштааст.Бурҳонниддин Икромӣ солҳои 20-30-юми садаи гузашта дар матбуоти даврӣ хеле фаъол иштирок намудааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаҳои зиёди ӯ оид ба мактабу маориф ва забони таълим ба чоп расидаанд. Дар мақолаи мазкур низ Б. Икромӣ ҷавононро ба омӯзиш ва фаъол будан дар рӯзномаҳои деворӣ даъват мекунад. Таъкид намудааст, ки газетаҳои деворӣ манбаи тарғиб ва мактаби ташаккули маҳорати хабарнигорӣ мебошанд. Икромӣ ба масъалаи обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» дахл намуда, навиштааст: «Дар Бухоро нисфи зиёди халқ забони ӯзбекиро намедонанд, ба ҷароҳати онҳо «Овози тоҷик» марҳам аст. Бинобар дар Бухорои Кӯҳна шӯъбаи «Овози тоҷик»-ро кушода, расман обуна қабул карда, ҳар вақт дар ҳар як ҷо компанияи обунаи рӯзномаро гузаронанд. Он замон умед дорем, ки 100 фоиз шумораи чопи рӯзнома зиёда хоҳад шуд».
«Ҷашни чаҳорсола» ном мақолаи доманадори Суҳайлӣ бо сураташ дар ҳамин саҳифа дарҷ ёфтааст. Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (5 октябри соли 1900 – 11 июли соли 1964) рӯзноманигор ва шоир буд. Дар мақолаи мазкур дар бораи аҳамияти рӯзнома сухан ронда, «рӯзнома ва матбуоти сурхро имом ва омӯзгори ранҷбарон» эзоҳ додааст.
Ҳамид Бақозода (5 майи соли 1910, Самарқанд – 16 сентябри соли 1943, Русия) аз 14 солагӣ ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Олимон навиштаанд, ки аз 14 октябри соли 1924 то 30 декабри соли 1930 танҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бо имзоҳои мустаор зиёда аз 900 номгӯй навиштаҳои ӯ ба табъ расидаанд. Дар саҳифаи мазкур «Муваффақият ва кӯтоҳиҳои мо» ном мақолаи Бақозода бо имзои мустаори «Ҳуттӣ» ба табъ расидааст. Дар самти рости мақола расми Ҳ. Бақозода оварда шудааст. Муаллиф аз комёбӣ ва муваффақиятҳои рӯзнома сухан ронда, аз кам будани теъдоди нашри рӯзнома, ки 3500 адад чоп мешуд, изҳори норизоӣ мекунад. Ӯ менависад: «3500 шумора чоп шудани рӯзнома, албатта, назар ба халқи тоҷикҳои Ӯзбекистон кам аст. Шумораи «Овози тоҷик» ҳеҷ набошад бояд ба 10 ҳазор расад».
Дар ҳамин саҳифа расмҳои мухбирон аз қишлоқҳо Алимҷон Ниёзӣ ва Акбар Йӯлдош ҷой дода шудаанд. Мақолаҳои «Сурхҳои дилсиёҳ» ва «Дар ҷабҳаи ғаллатайёркунӣ» ба табъ расидаанд.
Муроҷиати Кумитаи иҷроияи марказӣ ба деҳқонони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар самти рости саҳифаи шашуми рӯзнома чоп шудааст. Дар ҳамин ҷо расми ҳуруфчинон ва хидматкорони «Овози тоҷик» оварда шудааст.Ҳамчунин ин ҷо мақолаҳои «Зиндагонии занон ва духтарон»,»Маориф ва тарбия», «Мубориза бо тӯрагӣ ва бадахлоқӣ» нашр гардидаанд. Дар ҳамин саҳифа табрикномаи мудири мактаби дараҷаи дуюми округи Хуҷанд Умарзода, хабарҳо бобати аз чоп баромадани шумораи 15-уми «Мулло Мушфиқӣ» ва кушода шудани курси омӯзиши алифбои нав дар шаҳри Чуст ба чоп расидаанд. Дар бахши адабиёт бошад «Ба муносибати тӯйи чорсолаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ном шеъри Шерзода ба табъ расидааст:
... Ҳар он тоҷик, ки ин рӯзнома
 хонад,
Шавад аз ҷумлаи олам хабардор...
Дар оғози саҳифаи ҳафтум гузорише бо унвони «Муносибати кенгаши чаҳорум. (Ҷамъомади мухбирони газетаҳои гуногун)» нашр ёфтааст. Ин ҷо расме ҷойгузин аст ба унвони «Аз хонандагони «Овози тоҷик» дар «Мулло Мушфиқӣ». Дар самти чапи расм «Таърих ва табрик» ном шеъри муаллифаш номаълум ҷойгир аст, ки моддаи таърих дорад:
Гуфт: «шуд «Овози тоҷик» нағзу зебову баланд», ки аз ин мисраъ соли 1928, яъне чорсолагии рӯзнома бар меояд.
Таҳти унвони «Табрикномаҳо аз ҳар ҷо» муборакбодиҳои Кумфирқаи марказии иттифоқи ҷуфтронони Ӯзбекистон, табрикномаи ҳамзабонон, Бюрои марказии коммунистони уйғур, Кенгаши кумфирқаи шаҳр ва райони Хуҷанд чоп шудаанд. Суратҳои мудири шуъбаи «Овози тоҷик» дар Хуҷанд – Ҳоҷӣ Абдуллозода, мухбири самарқандӣ Маҳбуба Ғафурова ва  мухбир Ҳоҷӣ Муинзода низ ин  саҳифаро зеб додаанд. Саҳифаи ҳаштумро умуман хонда намешавад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Дар сурат: ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Овози тоҷик». Дар мобайн нишастагон: Ғ. Қосимзода, Ҳоҷӣ Муин, Ш. Садруллин (муҳаррир) ва С. Ализода (соли 1928).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: