ҲЕҶ ШОДӢ НЕСТ АНДАР ИН ҶАҲОН...

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон муаррифии китоби Абдураҳмони Ҷомӣ – «Муҳаббат махзани» баргузор шуд

Робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурии мо бо мамлакатҳои ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббусҳои созандаи сарвари мамлакат рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад.
Аҳли ҷомеаи ҷаҳон хабар дорад, ки вақте Президент Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари таърихӣ анҷом дод, ба Президенти кишвари ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон маҳсули заҳмати тарҷумонҳои ҷумҳуриамон, китоби муҳташами «Муҳаббат махзани» («Махзани муҳаббат»)-ро, аз осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, тақдим намуда буд. Тӯҳфаи гаронбаҳо бо мамнуният ва сипосгузорӣ пазируфта шуд. 
Чанде қабл дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон бахшида ба муаррифии китоби мазкур, ки бо пешгуфтори сарвари кишварамон рӯйи чопро дидааст, чорабинии пуршукӯҳе баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ ноиб-президенти ФУ Ӯзбекистон Б. Абдуҳалимов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоиру нависандагон, олимони саршинос, тарҷумонҳои шинохта, намояндагони Шӯрои адабиётҳои миллии назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои адабии бонуфузи ҷумҳурӣ, аъзои Маркази фарҳанги миллии тоҷикони ҷумҳурӣ, ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар созмону идораҳо ширкат ҷустанд. 
Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ шоири мардумии Ӯзбекистон, раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Вай аз ҷумла изҳор дошт: – Гирдиҳамоии мо як гирдиҳамоии ҷашнист. Мо дар арафаи конфронсе, ки ба тарғиби адабиётҳо бахшида хоҳад шуд, ҷамъ омадаем. Имрӯз натанҳо муаррифии китоби муҳташами «Муҳаббат махзани», балки муаррифии дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек баргузор мешавад, ки онро бобокалонҳои мо Мир Алишери Навоӣ ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намудаанд.
– Иштирок дар чунин чорабинии пуршукӯҳ барои ман шараф аст, – изҳор дошт сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ. – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, ки ба якдигар самимияти тамом доштанд, ба рамзи дӯстии халқҳои мо табдил ёфтаанд. Ба мардум аз ҷониби тарҷумонҳои моҳир бо забони ӯзбекӣ пешниҳод шудани асари мазкур як ҳодисаи хурсандибахш аст, ки ба таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат менамояд. 
– Одамшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ фармудааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ба гуфтан шурӯъ намуд шоири мардумии Тоҷикистон, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим. – Ман дар оғӯши бародарону хоҳарони худ қарор дорам ва аз дидори онҳо басе шодам. Сабаби хурсандии дигар ин аст, ки дар маросими муаррифии китоби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Муҳаббат махзани» иштирок менамоям. Дар рӯзгори ду нобиға – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ нуқтаҳое, ки халқҳои моро ба ҳам мепайванданд, зиёданд. Мавлоно Ҷомӣ байте дорад, ки ин аст:
Гарчи ӯ турк асту ман тоҷик,
Аммо дорем хешии наздик.
Дар назди Иттиҳоди нависандагони мо «Маркази тарҷума» созмон дода шудааст, ки аз ҷумла ду нафар аз бародарони ӯзбек кору фаъолият доранд. Теъдоди адибони ӯзбеке, ки ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд, аз 30 нафар зиёд аст, ки ин ҳам ба дӯстию бародарии халқҳои мо хидмат мекунад. 
Баромади академик Баҳром Абдуҳалимов, раиси маркази фарҳанги миллии тоҷикони ҷумҳурӣ Ш. Эрматова, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Ш. Вакилов аз дӯстиву қаробати ду халқи ҳамҷавор буд. 
Муҳаррири «Муҳаббат махзани», шоир ва тарҷумони ӯзбек Мирзо Кенҷабек доир ба рафти омодагирӣ, таҳрир ва тасҳеҳи китоби мазкур, дӯстиву қаробати азаливу абадии халқҳои тоҷику ӯзбек ва бузургии муршиди комил Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сухан ба миён овард.
Ӯ ҳамчунин чанд рубоии Абдураҳмони Ҷомиро, ки моҳирона тарҷума кардааст, ба ҳозирон пешниҳод намуд.
Дар доираи чорабинӣ байни Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Қироати ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ аз ҷониби гулдухтарони ӯзбек ва суруди ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тошбой Салимов бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид. 

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: