Раиси Ҷамъияти тиббии Олмону Ӯзбекистон «Кох-Авитсенна», профессори Донишгоҳи тиббии ба номи Шаритеи Берлин, доктори илмҳои тиб оид ба ҳамкорӣ бо ҳамкасбони ӯзбек
Дар доираи чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти Форуми дуюми тиббии Олмон-Ӯзбекистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар Сафорати кишварамон дар ҶФО раиси Ҷамъияти тиббии Олмону Ӯзбекистон «Кох-Авитсенна», профессори Донишгоҳи тиббии ба номи Шаритеи Берлин, доктори илмҳои тиб Ҳелмут Хан ба хабарнигори АИ «Дунё» андешаҳояшро дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои мо дар соҳаи тиб иброз дошт:
— Муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои немис ва ӯзбек аз таърихи кадим сарчашма мегиранд. Зеро, солҳои 980-1037 дар мамлакати шумо олим Абӯалӣ ибни Сино зиндагӣ карда, дар инкишофи тибби ҷаҳонӣ ҳиссаи калон гузоштааст. Вай тамоми донишҳои худро дар китоби худ «Қонуни илми тиб» ҷамъбаст кардааст. Ва ин асаре, ки ба лотинии куҳан тарҷума шудааст, дар тӯли чанд аср ба сифати ягона сарчашма ва дастури асосии илми тиб дар Аврупо хизмат карда, яке аз асосҳои рушди илми тиб дар Ғарб гардид.
Олими ӯзбекистониро устоди тамоми табибони дунё медонанд. Ба ин далел, вақте пешниҳоди таъсиси ҷамъияти тиббии «Олмон-Ӯзбекистон»-ро гирифтем, барои мо шарафи бузург буд ва дар ҳамкорӣ бо авлоди Ибни Сино, падари илми тиб кор карданро масъулияти бузург ҳис мекардем.
Дар давраи гузашта мо Ҷамъияти «Кох-Авитсенна»-и Олмону Ӯзбекистонро таъсис додем, ба баргузор намудани Форуми 1-уми тиббӣ дар Самарқанд муваффақ гардидем. Иштироки 650 нафар ҳамкасбони ӯзбек дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ бо Олмонро нишон дод. Бо ташаббуси мо вазири тандурустии Ӯзбекистон ба Ҳамоиши умумиҷаҳонии тандурустӣ даъват шуда, аз минбари конфронси бонуфуз намояндагони соҳаи тиб, олимон ва табибони тамоми ҷаҳонро бо раванди ислоҳоти васеъмиқёси соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ шинос намуд.
Мо ҳамчун идомаи ҳамкории худ 18-19 апрел дар Берлин форуми дуюми тиббиро ташкил кардем. Фикр мекунам, ки чорабинии имрӯза як қадами дигар барои ба сатҳи нав баромадани ҳамкорӣ буд. Вақте ки лозим омад барои Форуми Самарқанд ном интихоб кунем, онро Форуми якум номидем, зеро ин маънои пайвастагӣ, муттасилиро дорад. Яъне, форуми тиббӣ асоси ҳамкориҳои дарозмуддатест, ки бо назардошти оянда ташкил карда шудааст.
Ҳамкории мустаҳкам худ аз худ ба вуҷуд намеояд, барои он бояд асосро фароҳам овард ва онро инкишоф дод. Тавассути фаъолияти худ мо барои ҳамкории минбаъдаи самарабахш заминаи қавӣ фароҳам меорем.
АИ «Дунё»,
ш.БЕРЛИН