ҲИФЗИ АҲОЛӢ – ВАЗИФАИ АСОСӢ

Инсон баъзан ҳанӯз дар назди офатҳои табиат аз ҷумла, сел, тарма, тӯфон, обхезӣ, сунамӣ ва заминҷунбӣ оҷиз аст, яъне на ҳамаи ҳодисаҳои табиатро пешгуйиву пешгирӣ карда метавонад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки 90 фоизи вазъиятҳои фавқулоддаи табиӣ тавассути об, борон ва сел ба амал меоянд.

Инсон баъзан ҳанӯз дар назди офатҳои табиат аз ҷумла, сел, тарма, тӯфон, обхезӣ, сунамӣ ва заминҷунбӣ оҷиз аст, яъне на ҳамаи ҳодисаҳои табиатро пешгуйиву пешгирӣ карда метавонад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки 90 фоизи вазъиятҳои фавқулоддаи табиӣ тавассути об, борон ва сел ба амал меоянд.
Сел яке аз офатҳои табиӣ буда, ҳаҷми бузурги оби бо лойу гил ва сангу рег омезишёфта бо ҷараёни тез ва азими он киштзору боғзор ва бинову иншоотро хароб карда, бо худ мебарад. Дар ин маврид ҳолатҳои ҳалокати инсон ва нобудшавии чорпоён низ ба қайд гирифта шудаанд. 80 фоизи  сел аснои боридани жола, 4 фоиз ҳангоми об шудани барфҳои кӯҳсорон, 1,3 фоиз дар ҳолати канда шудани соҳили ҳавзу обанбор ва дарёҳо, 9,7 фоиз бошад бо сабабҳои гуногун ба амал меоянд. Сел аксар дар моҳҳои апрел-май ба вуқӯъ меояд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамаи ҳудудҳои кӯҳие, ки дар онҳо хавфи селравӣ ҳаст, муайян шудаанд. Дар 12 фоизи ҳудуди ҷумҳуриамон хавфи доимии сел қайд шудааст. Масалан, дар Намангон (19 фоиз), дар Фарғона (14 фоиз), дар Сурхондарё (13 фоиз), дар Тошканд, Самарқанд ва Қашқадарё – 12 фоиз ҳудудҳои хавфноки сел ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи мазкур бо аҳолии ин ҳудудҳо корҳои ташвиқотиро пурзӯр намуда, баҳри ҳифзи ҳаёт, молу амволашон онҳоро аксаран муваққатан ба ҷойҳои бехатар мекӯчонанд.
Дар брифинге, ки Вазорати вазъиятҳои фавқулодда дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти унвони «Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳодисаҳои селравӣ, тарма ва тӯфон дар соли 2018 ва чораҳои андешидашуда» баргузор намуд, корҳои дар соҳа амалишуда баррасӣ гардиданд. 
Дар он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ, хоҷагии об, марказҳои «Ӯзгидромет», «Давсувхӯжаликназорат» иштирок карданд.
– Барномаи чорабиниҳои пешгирӣ намудани вазъиятҳои фавқулодда дар аснои селравӣ, тармакӯчӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ҳар сол аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ коркард ва тасдиқ гардонда, ба амал ҷорӣ карда мешаванд, – таъкид намуд дар баромади худ роҳбари шуъбаи профилактикаи вазорати вазъиятҳои фавқулодда, полковник Шуҳрат Дадахонов. – Ба мақсади пешгирӣ кардан ва бехавфу хатар гузаштани сел атроф ва соҳили дарё ва сойҳои ҳудуди вилоятҳо мунтазам тоза карда, корҳои мустаҳкамкунии соҳилҳо бурда мешаванд. 
Барои амалӣ гардидани  ин корҳо аз ҷониби ҳукумат маблағ ҷудо карда мешавад. Масалан, барои соли 2018-ум 38 миллиарду 700 миллион сӯмина маблағ ҷудо шудааст. Дар брифинг инчунин таъкид гардид, ки бобати ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолие, ки дар ҳудудҳои хавфнок истиқомат мекунанд, ба роҳбарони ҳокимият, корхонаву ташкилотҳо бо зикри муддати аниқ тавсияномаҳо фиристода шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз аз ҳудуди хавфнок кӯчондани 34 хоҷагӣ (162 нафар шаҳрвандон) дар назар дошта шуда, аз он 18 хоҷагӣ аз вилояти Сурхондарё (94 нафар шаҳрванд), 12 хоҷагӣ аз вилояти Тошканд (33 нафар), 3 хоҷагӣ аз вилояти Самарқанд (27 нафар) муваққатан ба ҳудуди бехавф кӯчонда шуданд. 
Алҳол аз 81 машқи тактикие, ки бояд дар ҳудудҳои хавфнок гузаронда шаванд, 53-тоаш иҷро шудааст. Ба он 3235 нафар ходимони соҳа, 637 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардида, корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. 
Мутахассисони соҳа инчунин оид ба оқибатҳои селу обхезӣ дар вилояти Қашқадарё, тӯфону гирдбодҳои регӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва Хоразм, ки моҳи майи соли равон содир шуданд, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Г. КАБИРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: