ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ БОНУВОН – ДАР МАДДИ НАЗАР

Дар бораи ғамхорӣ дар ҳаққи олиҳаи зиндагӣ – бонувон, барои аз мушкилиҳои сангини рӯзгор раҳонидани онҳо чораву тадбирҳо андешида шудаанд.

Дар ин замина Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 2 феврали соли 2018 Фармон «Дар бораи куллан такмил додани кори дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила»-ро имзо кард.
Илова бар он барои ба оила – ҳаёти нав ҳаматарафа омода кардани духтарон, ба ҳунармандиву соҳибкорӣ ҷалб намудани онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. 
Бо мақсади иҷрои қарору супоришҳои Сарвари давлат дар ҳудудҳо  «Марказҳои мувофиқшавии иҷтимоии бонувон» таъсис меёбанд. Дар шаҳри Ҷиззах, ноҳияҳои Бахмал, Дӯстлик, Зомин ва Пахтакори вилоят чунин марказҳо ба кор шурӯъ кардаанд. Ба қарибӣ дар шаҳри Ҷиззах ингуна марказ боз ба як адад афзуд.
Дар маросими ба истифода супоридани он ҷонишини Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ Танзила Норбоева ва ҳокими шаҳри Ҷиззах Акбар Шукуров иштирок намуданд. Марказ аз хонаи хоб, ошхона, хонаи истироҳат иборат аст. Баъд аз шиносоӣ бо марказ нишасти матбуотӣ доир гардид. Танзила Норбоева изҳор дошт, ки бо мурури вақт мушкилоте, ки дар ҳаёти бонувон ҷой доранд, ҳаллу фасл мешаванд. Сарвари давлат дар назди кумита ҳам вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Пӯшида нест, ки ин мушкилиҳо тӯли солҳои зиёд ҷамъ шудаанд. Аксари онҳо аз мадди назар дур монда буданд. Ҷойи таассуф аст, ки бисёр занони ногиро ва ба кӯмак муҳтоҷ, ки қобилияти кории худро гум кардаанд, аз эътибор берун буданд. Баъзеи онҳо ба мушкилиҳои зиндагӣ тоқат накарда, ба ҷони худ қасд мекунанд. Баробари эълон доштани «Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои инсон» соли 2017-ум аз ҷониби Сарвари давлат ин қабил мушкилиҳои марбут ба ҳаёти бонувон ошкор гардида, барои бартараф ва ҳаллу фасл намудани онҳо саъю ҳаракат карда мешавад. Зеро акнун бояд ба чунин бесарусомониҳо барҳам диҳем. Алҳол бонувони зиёд соҳиби манзили зист мегарданд. Кумитаҳои занон бо ҳамкории як қатор ташкилоту созмонҳо мушкили  онҳоро осон мекунанд. Барои бо кор таъмин намудани бонувон мадад мерасонанд.
Дар марказҳо рӯҳшиносу ҳуқуқшинос, ходимони соҳаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ фаъолият мебаранд ва барои ба кору зиндагӣ дилгарм кардани занону духтарон саъй менамоянд. Бояд дар ҷомеа ба таъбири Президенти кишварамон ягон кас аз мадди назар дур намонад, – гуфт Танзила Норбоева.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: