ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ – ДАР МАДДИ НАЗАР

Чанде қабл дар Маркази миллии матбуот бо иштироки намояндагони Вазорати дифоъи ҷумҳурӣ оиди мавзӯи «Корҳое, ки доир ба такмил додани сохтори омодакунии кадрҳои ҳарбии касбӣ татбиқ мегарданд», «Имтиёзҳое, ки ба хидматчиёни ҳарбии Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо дода шудаанд», «Хидмати ҳарбии сафарбарии захиравӣ» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар омода кардани кадрҳои ҳарбӣ литсей ва муассисаҳои таълими олии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ нақши муҳим мебозанд. Бобати омода кардани онҳо таҷрибаи байналхалқӣ омӯхта мешавад, курсантҳои мо дар таълимгоҳҳои ҳарбии Русия, Белорусия, Туркия, Хитой ва дигар кишварҳо таълим мегиранд, ба соҳа технологияҳои инноватсионӣ ворид мешаванд, авиатсияи ҳарбӣ низ рушд мекунад. Барои идора кардани техника ва технологияҳои нав ба донишу маҳорати мутахассисони соҳа афзуда мешавад.
Бешубҳа, имтиёзу рағбатноксозиҳое, ки дар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирии иҷтимоии ҳарбиёни Нирӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо», аз 14 майи соли 2018, дарҷ ёфтааст, дар рӯзгори ҳар як муҳофизи Ватан нақши муҳим хоҳад бозид.
Тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино ба пешниҳоди Вазорати дифоъ даҳ нафар мутахассиси пешбари соҳаи авиатсия аз ҳисоби буҷете, ки давлат ба Вазорати дифоъ ҷудо кардааст, (дар шаҳри Тошканд) бо манзили зист таъмин карда хоҳанд шуд.
Соли равон боз як санади ба имзорасида барои ба муассисаҳои таълими олӣ ва таълими ҳарбии олӣ дохил шудани фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ имконият фароҳам овард. Тибқи қарор барои фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ: афсар, сержант ва сарбозони қаторие, ки бино ба шартнома хидмат мекунанд, дар асоси гранти давлатӣ, ба ҷуз квотаи умумӣ, квотаи иловагӣ ҷудо карда шудааст.
Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирии иҷтимоии хидматчиёни ҳарбии Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» низ ба беҳбуди зиндагии хидматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Бино ба қарор ба афсарони қисмҳои ҳарбӣ ва шуъбаҳои таъминоти ҳарбӣ, ҳамчунин сержанту сарбозони қаторӣ (аз ҳар қисм то 10 нафар) барои гирифтани сабукравҳои ватанӣ кредитҳои имтиёзнок дода шуд.
Албатта, ин ҳама имтиёзҳо рағбату иштиёқи ҷавононро ба соҳаи ҳарбӣ афзун мегардонад.
Фармони Президенти кишварамон, аз 2 феврали соли равон, низ идомаи мантиқии кору амалҳои нек аст. Санади мазкур ба коҳиш додани ҳаҷми бадалпулии шаҳрвандоне, ки ба хидмати ҳарбии сафарбарии захиравӣ даъват карда мешаванд ва фароҳам овардани имконияту сабукиҳо ба хидмати онҳо нигаронида шудааст.
Ғамхориҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон ба хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо зоҳир карда мешавад, – таъкид гардид дар гирдиҳамоӣ, – ба ташаккул ва такомулёбии лашкари миллӣ, якпорчагии мамлакат ва дахлнопазирии ҳудудҳои он, рӯзгори тинҷу осудаи халқ мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни чорабинӣ ба саволҳои журналистон мутахассисони соҳа тибқи қонунҳои дарамалбуда ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: