ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ: ДАР ИСЛОҲОТЕ, КИ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД, МАНФИАТҲОИ ИНСОН УСТУВОРАНД

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ: ДАР ИСЛОҲОТЕ, КИ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД, МАНФИАТҲОИ ИНСОН УСТУВОРАНД

Ҳифзи иҷтимоӣ маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ҳифзи иҷтимоӣ ва моддии аҳолии кишварро ба маънои васеъ таъмин намуда, дар ҷомеа мустаҳкам қарор ёфтааст. Ба ибораи дигар, ин маънои ғамхории давлат ва ҷомеаро ба шаҳрвандони бинобар синну сол, саломатӣ, вазъи иҷтимоӣ,  ба дараҷаи бояду шояд таъмин нагардидан ба воситаҳои рӯзгузаронӣ ба кӯмак мӯҳтоҷ дорад.
Дар ҷомеаи пешрафтаи демократӣ давлат вазифаҳои ҳифзи иҷтимоиро ба дӯш мегирад. Бояд қайд кард, ки ин масъала дар Ӯзбекистон ба яке аз самтҳои устувор табдил ёфтааст. Ба ибораи дигар, давлат дар бунёди  иқтисоди бозаргонии ба иҷтимоиёт нигарондашуда дар мамлакат сиёсати пурзӯри ҳифзи иҷтимоӣ пеш мебарад. Аз ин рӯ, сиёсати қавии иҷтимоӣ тамоюли  пешсафи рушди Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли ин солҳои гузашта дар мо асоси ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоӣ офарида  ва мустаҳкам карда шуд. Ин тамоюлҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолат дода шуда, дар қонунҳои қабулшуда инъикос ёфтаанд. Дар кишвар кафолати даромад ба даст овардан офарида шуд. Мушкилоти бекорӣ ҳал карда мешаванд.
Бо ташаббуси роҳбари давлатамон таъсис дода шудани вазоратҳои рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ,  маҳалла ва дастгирии оила, инчунин дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ба сифати масъалаи муҳими ҳалталаб ба рӯзнома гузошта шудани коҳиш додани камбизоатӣ аз пайваста идома ёфтани ислоҳот дар ин самт далолат медиҳад. Зеро, камбизоатӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун натиҷаи истифодаи манфиатҳои моддӣ ва ғайримоддӣ дар раванди рушди иқтисод ва нобаробарӣ дар тақсимоти даромад тафсир карда мешавад.
Бесабаб дар эъломияе, ки Созмони Милали Муттаҳид дар соле, ки инсоният ба ҳазорсолаи нав қадам мегузорад, қабул кард, решакан кардани камбизоатӣ ва гуруснагӣ ҳамчун мақсади аввал гузошта нашудааст.
Дар сарҳисоби соли гузашта дар мамлакати мо низоми нави кор бо оилаҳои ниёзманд, занон ва ҷавонон ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, мақсаднок кор кардан бо онҳое, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари занон» ва «дафтари ҷавонон» ворид карда шудаанд, ба роҳ монда шуд. Ба воситаи ин низом шуғли 527 000 нафар таъмин карда шуд. Шумораи гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ ду баробар афзуда, ба 1,2 миллион нафар васеъ гардид. Ба мақсади дастгирии онҳо аз буҷа нисбат ба соли 2016 5 маротиба зиёд маблағ ҷудо карда шуд.
Дар натиҷаи додани имтиёзҳои андоз ба аҳолии худкор, бекор кардани бисёр маҳдудиятҳо шуғли расмии 500 ҳазор нафар таъмин карда шуд. Барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ 300 миллиард сӯм қарзҳои имтиёзнок ва субсидия ҷудо карда шуд.
Қонунгузорӣ дар бораи муносибатҳои меҳнатӣ такмил ёфт. Аз ҷумла, дар Қонун «Дар бораи шуғли аҳолӣ», ки аз 20 январи соли 2021 эътибор пайдо кардааст, 3 қонуни дарамал, 12 фармон ва қарорҳои Президент, инчунин беш аз 40 ҳуҷҷати меъёрии Девони Вазирон, ки оид ба масъалаҳои танзими шуғл ва бозори меҳнат,  муҳоҷирати меҳнатии беруна қабул шудааст, меъёрҳои ҳуқуқӣ, ислоҳоти охирини низом, механизмҳои нави молиявӣ инъикос ёфтааст.
Дар қонун «Дар бораи шуғли аҳолӣ» ба касб тайёр кардан, бозомӯзӣ, ва такмили ихтисоси шахсони бекор ва корҷӯ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғл муайян шудааст. Сабаб он буд, ки аксари шаҳрвандони бекор касби мушаххас надоштанд. Ин дар ба кор ҷойгир намудани онҳо мушкилиҳо пеш меовард. Ба масъалаҳои тайёрии касбӣ, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси онҳо диққати махсус дода, дар як қатор моддаҳо, ба монанди фармоиши давлатӣ барои таълими касбӣ маълумот дода шуд.
Миқдори нафақаи бекорӣ  ва стипендияҳо барои гирифтани маълумоти касбӣ 3,5 маротиба зиёд гардид. Дар ин бобат фикрамонро бо як қатор рақамҳо ғанӣ гардонем, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зеро, самара дар муқоиса равшан ба назар намоён мегардад. Дар соли 2018 шумораи онҳое, ки касбу ҳунар омӯзонда шуданд, ҳамагӣ 7000 нафарро ташкил дода бошад, дар ҳамин давраи соли 2021 шумораи онҳо ба 70 000 нафар расид. Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол шумораи онҳое, ки касбу ҳунар омӯзонда шудаанд, аз 150 000 нафар афзоиш ёбад.
Тибқи пурсише, ки Маркази ҷумҳуриявии илмии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи меҳнат гузаронидааст, то моҳи январи соли равон шумораи захираҳои меҳнатӣ 19,1 миллион шахсро ташкил медиҳад. (нисбат ба соли гузашта 0,7 фоиз ё 135,5 ҳазор нафар афзудааст). 13,2 миллион нафар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт банданд. 1,6 миллион нафар ба кор ниёз доранд. Яъне сатҳи бекорӣ 11,1 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар байни ҷавонони 16-30 сола 17,1 фоиз, байни занон 14,7 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ шумораи онҳое, ки муваққатан дар хориҷа кор мекунанд, ба ҳисоби миёна 1,7 миллион нафарро ташкил медиҳад. 
Ҷолиби диққат аст, ки тайи солҳои охир дар бозори меҳнат як қатор тағйироти назаррас ба амал омаданд, аз ҷумла шумораи шуғлдорон 1,5 маротиба (аз 8,8 миллион то 13,5 миллион), шумораи кордиҳандагон 4,5 баробар ( аз 203,2 ҳазор то 928,9 ҳазор) зиёд шуд.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 майи соли 2017 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон» маблағгузории хароҷот оид ба ташкил кардани хидматрасонии хушсифат барои таълими касбӣ, бозомӯзӣ ва ҳифзи иҷтимоии бекорон ва аҳолии бо шуғл фаро гирифта нашуда, пеш аз ҳама ҷавонон, занон ва маъюбон, инчунин заминаи моддию техникии мақомоти меҳнат мустаҳкам карда шуд
Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 5 октябри соли 2017 Фонди корҳои ҷамъиятии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Хизматрасонӣ ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси тамоюли «Равзанаи ягона» оғоз ёфт.
Тибқи қарори роҳбари давлат аз 5 марти соли 2018 фурӯши чиптаҳои роҳи оҳан ва ҳавопаймо бинобар тарифи имтиёзнок барои шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар барои кор мераванд, ҷорӣ карда шуд.
Механизми ҷудо кардани грантҳо аз Фонди мусоидат ба шуғл ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои маблағгузории хароҷоти бозомӯзии шахсони бекор, ки дар марказҳои шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, хусусан занони оилаҳои камбизоат, аз ҷониби БСТ «Микрокредитбанк» аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии мусоидат ба шуғл низоми додани вомҳои хурд ба ҳунармандӣ, хонакорӣ ва соҳибкории занон ҷорӣ карда шудааст. Сохтори вазоратҳо ва ташкилотҳои низом дар асоси тамоюлҳои иқтисоди бозорӣ такмил дода шуд.
Дар ҳамкорӣ бо ширкати японии «Fuji Inter Study» дар мономаркази «Марҳамат ба кор» маркази тести «Забони ҷопонӣ ва малакаи касбӣ» таъсис дода шуд. Курсҳои омодагӣ ба ин санҷишҳо ташкил карда шуданд. Омӯзиши ройгони забони англисӣ аз ҷониби Маркази рекрутинги «Tadbeer»-и АМА оғоз ёфт, ки минбаъд он дар мономаркази « Марҳамат ба кор»-и Гулистон ҷойгир хоҳад шуд.
Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Русия ва Агентии миллии назорати кафшергарон дар Фарғона фаъолияти мактаби кафшергарон ба роҳ монда шуд. Дар ҳамкорӣ бо ширкати «Petrochina Zhuo-Hua» (Далян) Petrochemical Co. Ltd. Маркази таълими касбии «Uzbek-China Professional Training Center» таъсис дода шуд, ки дар он омӯзгорони соҳаи кафшергарӣ ба курсҳои омӯзишии ройгон ҷалб карда шуданд.
Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 марти соли 2021 «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми дастгирии занон, таъмин кардани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа» инчунин як қатор вазифаҳо оид ба таъмини шуғли занон, таълими касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни занон муайян шудаанд ва дар ин самт корҳои амалӣ оғоз ёфтанд.
Алқисса, ин гуна тағйироту навгониҳо хеле зиёданд. Муҳимаш, онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз миқёси корҳое, ки дар мамлакати мо дар ин самт, яъне дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ мегарданд,  вусъат меёбанд, манфиатҳои шаҳрвандон устувор мебошанд.

Мавлуда ХӮҶАЕВА,
раиси Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: