ҲИФЗИ ҶОН ВОҶИБ АСТУ ҲИФЗИ ВАТАН ВОҶИБТАР...

Доир ба Ватан, ватандӯстиву ватанпарварӣ бузургони хирад суханҳои ноби худро ба мерос гузоштаанд.

Аз ҷумла, Камоли Хуҷандӣ фармудааст:
Хоки поят дӯст дорад 
чашми ман,
Нест айб, эй дӯстон, 
ҳуббулватан.
Ё ки дар байни халқ гуфтаҳои “Хоки Ватан аз мулки Сулаймон хуштар”, “Шахси беватан – булбули бечаман”, “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар” маълуму машҳур аст. Беҳуда суханро аз ватандӯстиву ватанпарварӣ оғоз нанамудем. Ҳоло китоби тозанашри ҷонишини сармуҳаррири телеканали “Маҳалла” Рӯзибой Қӯлдошев бо номи “Тоғлардан баландман”-ро дастрас намудем. Аз саҳифаҳои аввали китоб маълум аст, ки муаллиф кӯдакӣ, хонаи падару модар, зодгоҳ, кӯҳҳои баланду бовиқори онро зуд-зуд, бо пазмониҳо ба хотир меорад. Хусусан, дар боби “Ӯгитҳои Ҷӯрабобом” пандҳои аз бобояш шунидаро, ки аз онҳо то ҳол панди зиндагӣ меомӯзад, ба қалам додааст. Ӯ менависад: “Барои шикастани мағзи фикрҳои пурмазмуни бобои “академикам” солҳо лозим шуданд. Бобоям аз бачагӣ маро ба бозор ва баъзан ба қабристон ҳамроҳ гирифта мебурд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки бачаи хурдсолро ҳамроҳ  гирифтанат оё шарт аст? Ба саволи онҳо бобоям чунин ҷавоб медод: “Ҳар як бачаи хурдсол бозор ва мазорашро бояд бинад. Ҳамон вақт ба қадри зиндагиву ҳаёт мерасад, некиро меомӯзад, аз корҳои бад канора меҷӯяд”. Ҷӯрабобом ба кӯдакиям нигоҳ накарда, маро ба бозори молфурӯшии Ӯротеппа барои фурӯхтани бузу гӯсфанд, бузғолаю барра зуд-зуд гирифта мебурд. Баъди фурӯхтани 20-30 сар бузу гӯсфанд, шаҳрро тамошо медод, аз дуконҳо шириниҳо харида медод, ба хонаи шиносону дӯстонаш мебурд. То ҳол бо фарзандони онҳо хешу таборӣ ва омаду рафтро канда накардаем. Бобоям бо ман чун бо одами калонсол суҳбат мекард, ниҳоят ғамхор буд. Чунки даҳ нафар фарзандаш паси ҳам вафот кардаанд. Ёздаҳуми онҳо – модари ман зинда мондаанд. Рӯзе дар яке аз сафарҳо пурсиданд: 
– Оё медонӣ барои чӣ туро ҳамроҳ мегирам?
Доногӣ карда гуфтам: – Барои фурӯхтани молҳо кӯмак мерасонам. 
Бобоям каме фикр карда гуфт: – Ин гапат ҳам дуруст, лекин асосан барои одами хуб шуданат. Чунки бозор-дунё, дар он ҷо инсонҳои гуногунро мебинӣ, суханҳои мухталифро мешунавӣ, ба баду неки онҳо худат баҳо медиҳӣ. Боз бобоям мегуфт: ”Ҳамеша бо одамоне, ки аз худат як ваҷаб баланд ҳастанд, дӯст шав. Чунки онҳо туро ба баландиҳо мебардоранд. Аз одамони аз худат паст дур гард. Онҳо аз пойи ту дошта ба пастӣ мекашанд. Инсонҳои бузург, донишманд ва пуриқтидор асосгузорони замони нав, фарҳангдӯст ва илмдӯст мебошанд”.
Бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллии пойтахт муаррифии китоби ғолиби озмуни “Энг улуғ, энг азиз”, “Журналисти беҳтарини сол” Рӯзибой Қӯлдошев бо номи “Тоғлардан баландман” ба амал омад. Рӯзибой Қӯлдошев соли 1962 дар деҳаи Мӯрияки ноҳияи Ғончии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида ба дунё кушодааст. Ӯ факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти асосии ӯ ба Ширкати миллии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ вобаста аст. Ӯ дар вазифаҳои муҳаррири хурд, сармуҳаррир, ҷонишини директори телеканали “Маҳалла” фаъолият бурдааст. Р. Қӯлдошев “Ватанни севмоқ иймондандур”, “Мавзӯ”, “Сомон йӯли”, “Йӯлга чиқдик” барин як қатор намоишҳои телевизиониро омода карда пешкаши тамошобинон менамояд.
– Аз ҳар як суҳбату лавҳа ва намоишҳои телевизионии Рӯзибой Қӯлдошев бӯйи Ватан, таровату накҳати боғу гулзори деҳа меояд. Ба эҷодкоре, ки дар телевизиону радио фаъолият бурдааст, офаридани китоб ин худ як шуҷоат мебошад. Р. Қӯлдошев  журналисти серсоҳа буда, қаҳрамони барномаҳои телевизионии ӯ намояндагони соҳаи тиб, таълими халқ, шоиру нависандагон, соҳибкорон... мебошанд. Баъди мутолиаи китоби мазкур, бешубҳа, дар хонанда ҳисси ватандӯстиву халқпарварӣ бори дигар пурзӯр мегардад, – гуфт журналисти собиқадор Шоқаҳҳор Салимов.
– Китобро гирифта аз сарлавҳаи он ба тааҷҷуб омадам. Баъди хондану мағзи онро шикастан донистам, ки китоб хеле хонданӣ аст. Яъне муаллиф маънавият, маърифат, фарҳангро аз кӯҳҳо  ҳам болотар мегузорад. Дар кишваре, ки маънавияту хирад баланд аст, дар он ҷо ободӣ, сулҳу осоиш, файзу барака мешавад. Ман бо Рӯзибой Қӯлдошев ҳамкасб, ҳамфикр буда, барномаҳои телевизиониро ҳамроҳ тайёр мекунем. Дар китоб роҳи ҳаёти тайкардаи муаллиф, суҳбати ӯ бо инсонҳои фидоӣ, хайрхоҳ, ватандӯсту халқпарвар  акс ёфтааст, – гуфт ҳангоми суҳбат шореҳи сиёсии телевизиони Ӯзбекистон Инобат Нормуродова.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: