Маданият ва санъати Ӯзбекистон таърихи бузург дорад.
Намунаҳои оламшумули аҷдоди мо, ки дар бахшҳои санъати нафис, аз қабили адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ офаридаанд, тафаккури беназири маънавии мероси таърихию мадании халқи моро инъикос мекунанд. Фаъолияти меҳнатии олимону эҷодкорони қадими мо, фикру зикр ва ҷустуҷӯйи эҷодии онҳо дар гавҳари таърихи мо сабт гардида, дар қиёфаи ёдгориҳои мероси маданӣ, ки то замони мо расидаанд, таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, барои ҳифзи ёдгориҳои археологӣ, масҷиду зиёратгоҳҳо, мадрасаю хонақоҳҳо, ки шоҳиди ҳақиқии таърихи мост, барои барқарор намудани симои қадима ва ба наслҳои оянда мерос мондани онҳо, бисёр меҳнат бояд кард.
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси маданӣ» ҳифзи объектҳои мероси маданиро аз ҷониби давлат муқаррар кардааст. Ин дар навбати худ талаб мекунад, ки дар ҳамаи сатҳҳои сохтор, ки дар онҳо мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи мероси маданӣ тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, ахборӣ, моддию техникӣ ва дигарҳо андешида мешаванд, ба таври умумӣ кор кунанд.
Дар қонун, инчунин тадбирҳои ҳифзи объектҳои мероси маданӣ пешбинӣ шуда, тартиби нигаҳдорӣ, таъмир, мутобиқсозии объектҳои мероси маданӣ, инчунин корҳои тадқиқотии илмӣ ва илмию техникӣ, лоиҳакашӣ ва тартиби гузаронидани истеҳсолот муайян карда шудааст.
Маълум аст, ки имрӯз дар мамлакати мо 8210 объекти мероси моддию маданӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад, ки аз он 4788-тоаш археологӣ, 2265 иншооти меъморӣ, 625 асарҳои санъати монументалӣ, 530 ҷойҳои ҷолиби диққат мебошад.
Тибқи санҷишу тафтишҳои охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолатҳои расондани зарар ба иншоотҳои мероси маданӣ, маълум шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо корҳои барқарорсозӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз ҷониби фармоишгар, пудратчӣ, лоиҳачӣ, ташкилотҳои экспертӣ бо вайрон кардани талаботи реставратсияи объектҳои илмӣ-меъморӣ ба амал бароварда шуда, ба арзиши таърихию бадеии онҳо зарари ислоҳнашаванда ва дар айни замон зарари калони молиявӣ расонда мешавад.
Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба таъмиру барқарорсозии 14 объекти мероси моддӣ дар ҷумҳурӣ бе розигии Шӯрои илмии экспертии Агентии мероси моддии назди Вазорати сайёҳӣ ва мероси мадании Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи умумии 12454,9 млн.сӯм таъмир карда шуд. Аммо, тибқи қонунгузории амалкунанда бидуни иҷозати Шӯрои илмии экспертии Агентии мероси маданӣ анҷом додани ҳама гуна корҳои барқарорсозӣ ва таъмирӣ дар иншоотҳои мероси маданӣ манъ карда шудааст.
Дар қарори Президент «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди минбаъдаи маданияти миллӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» вазифаи таъмини фаъолияти пурраи муассисаҳои маданият ва санъат, боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддии онҳо, ба роҳ мондани назорати ҷомеа дар нигаҳдорӣ ва ҳифзи объектҳо, гузошта шудааст. Инчунин, вазифаи ба як қатор ёдгориҳо вобаста кардани назоратчии ҷомеавӣ низ муайян карда шудааст.
Дарҳақиқат вақте назорати ҷамъиятӣ мегӯем, ки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, субъектҳои назорати ҷамъиятӣ дар назар дошта мешавад, ки бо мақсади назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мутаассифона, то имрӯз иҷрои вазифаҳои рӯзмарраи дар қарор пешбинишуда, кашол меёбад.
Бинобар ин, Сарвари давлат аҳамияти назорати ҷамъиятиро дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар таъкид мекунад.
Бояд гуфт, ки татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба рушди фарҳанг, рушди илм, инчунин ҳифзи мероси таърихию маданӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ шуда истодааст. Аммо, заминаи ҳуқуқии қонунгузории кишвар бевосита ба тамоми сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ба шӯроҳои маҳаллӣ ва ҳокимиятҳо дахл дорад. Мувофиқи он масъалаҳои муҳофизат ва таъмири мероси моддии маданӣ, инчунин назорати иҷрои қонунҳои дахлдор дар соҳа бояд аз тарафи депутатҳои ҳудудӣ дар сессияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ омӯхта ва муҳокима карда шаванд.
Зеро, барои дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол намудани кишварамон, ки баҳри ноил шудан ба мақсадҳои бузург қадам партофта, дигаргун мегардад, аввало мо бояд кори пуршарафи баланд бардоштани арзиши мероси муқаддаси маданӣ, ҳамчун қарзи миллӣ ва аз ҳама муҳимаш, ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ идрок намоем.
Ойдин АБДУЛЛОЕВА,
аъзои кумитаи масъалаҳои илм, маориф, маданият ва варзиши
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.