ҲИФЗИ ОБИДАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ЗИЁРАТГОҲҲО

Чунон унвон дошт вохӯрие, ки рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва Садорати агентии кор бо ҷавонони вилоят дар ҳамкорӣ ба муносибати Рӯзи шаҳри Самарқанд дар мавзӯи “Ҳифз ва нигоҳдории обидаҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои шаҳри Самарқанд – вазифаи фарзандии мо” дар шакли онлайн гузаронданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов дар бораи аҳамияти ёдгориҳои меъморӣ ва зиёратгоҳҳои машҳури Самарқанд, ки дар тамоми ҷаҳон шиносномаи шаҳр шудаанд, ҳарф зад. Таъкид кард, ки ҳифз кардан ва нигаҳдории онҳо дар оянда вазифаи ҷавонони имрӯза аст. Бинобарин ҷавонони самарқандӣ бояд аввало таърихи ин ёдгориҳоро омӯзанд, нисбати онҳо дар дил меҳр парваранд ва то чӣ андоза аҳамият доштани онҳоро барои наслҳои оянда дарк кунанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: