ҲИФЗИ ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии чораҳое, ки ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ нигаронида шудаанд, ошно шуд.

Обҳои зеризаминӣ аз ҷумлаи манбаъҳои муҳими оби тоза барои табиат ва инсон ба шумор меоянд. Бинобар истифодаи ғайрисарфакорона камшавии ин захира мушоҳида мегардад. Дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон, Фарғона ва Андиҷон сатҳи оби тоза то ба 5 метр коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин кофтукови чоҳҳои иҷозатнашуда, истифодаи бидуни назорат ва ҳисобу китоби обҳои зеризаминӣ идома доранд. Вобаста ба ин мувофиқи супориши Президент таклифи  пурзӯр кардани ҳифзи обҳои зеризаминӣ ва ба тартиб андохтани истифодаи онҳо андешида шуд.
Чунончи, пешбинӣ мегардад, ки барои кофтани чоҳҳо ва истифодаи обҳои зеризаминӣ дар ноҳияҳое, ки сатҳи оби тоза ба беш аз 5 метр коҳиш ёфтааст, мараторий гузошта мешавад.
Ҳоли ҳозир 90 фоизи чоҳҳо бо ҳисобкунакҳо муҷаҳҳаз нагардидаанд, бинобар ҳамин ҳам ҳисобу китоби дақиқи харҷи обҳои зеризаминӣ имконпазир нест. Бо назардошти ин ба истифодаи обҳои зеризаминӣ талабот муқаррар карда мешавад, яъне ин иншоот бояд то 1 январи соли 2024 бо ҳисобкунакҳои об муҷаҳҳаз карда шаванд.
Ҳамчунин аз 1 апрели соли 2023-юм низоми рухсатномадиҳӣ на ба ҳар як чоҳ дар алоҳидагӣ, балки барои фаъолияти кофтани умуман чоҳҳо ҷорӣ карда хоҳад шуд. Барои баҳодиҳии пурра ба захираи манбаъи обҳои зеризаминие, ки сатҳи онҳо коҳиш меёбад, корҳои ҷустуҷӯии ҳафриётӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Боз як навгонӣ таъсис дода шудани Хидмати давлатии мониторинги геологӣ ба мақсади мушоҳида кардани ҳолати обҳои зеризаминӣ ва созмон додани низоми ягонаи ҳифзи онҳо аз ҷараёнҳои хавфноки геологӣ ба шумор меравад.
Умуман чораҳое, ки андешида мешаванд, ба пешгирӣ кардани камшавии обҳои зеризаминӣ ва такрорёбии чунин вазъият дар минтақаҳои дигар хидмат хоҳанд кард.
Роҳбари давлати мо ин таклифҳоро маъқул донист ва бобати пешгирӣ намудани истифодаи бемасъулиятонаи об, мустаҳкам кардани интизом дар ин соҳа супоришҳо дод.
Вай муҳимияти нигоҳ доштани манбаъҳои оби тоза ва фароҳам овардани захираҳои дарозмуҳлати онро барои аҳолӣ таъкид кард.

(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: