ҲИФЗИ ОИЛАҲОИ КАМТАЪМИН

Дар ҳудуди сектори 4-ум, ки ба идораи давлатии андози вилояти Намангон вобаста карда шудааст, дар 108 маҳаллаи ноҳияҳои Уйчӣ ва Чортоқ 70729 хонадон мавҷуд аст.

Дар хонадонҳо бештар аз 388630 нафар одамон зиндагӣ мекунанд.
Секторҳо, ки дар асоси қарори Президентамон «Дар бораи чораҳои таъҷилӣ оиди таъмини саривақтии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо» аз 8 августи соли 2017 ташкил карда шудаанд, ба ҳалли муаммо ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ вазифадор мебошанд.
Эътибори алоҳидае, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавии оилаҳои камтаъмин, шахсони танҳо ва маълулон нигаронида шудааст, кушодадилии халқи моро инъикос месозад.
– Дар доираи тадбире, ки ба наздикӣ бо иштироки гурӯҳи кории намояндагони мо баргузор гардид, дар якчанд хонадони бесаробон шудем, – мегӯяд нозири калони шуъбаи робитаҳо бо ҷомеа ва иттилооти ҳуқуқии идораи давлатии андози вилоят Баҳодур Ҳамидов. — Аз ҷумла, аз ҳоли пиразани 78-сола Турсуной Абдураҳмонова, ки дар маҳаллаи Соҳибкори ноҳияи Чортоқ зиндагӣ мекунад, хабар гирифта, муаммоҳои оилавии ӯро омӯхтем ва кӯмаки амалӣ расондем.
Ҳамчунин дар чанд хонадони маҳаллаи Оромгоҳи ноҳияи Чортоқ ва Мубораки ноҳияи Уйчӣ шуда, ба аъзои хонадонҳое, ки бинобар саломатӣ қобилияти меҳнатӣ гум кардаанд, ёрӣ расондем. Ба чунин оилаҳо орд, равған ва дигар хӯроквориҳо супурда шуданд. Ивази саривақтии  баллонҳои гази онҳо низ ба роҳ гузошта шуд.

Акрамҷон САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: