Бо ҳамкории вазоратҳои нигаҳдории тандурустӣ, таълими томактабӣ ва мактабӣ, касбу ҳунар ва миёнаи махсус, мақомоти идораи шаҳрвандӣ дар назди маҳалла, поликлиникаҳои оилавӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо мақсади дар байни аҳолӣ бо тартиби нав ва роҳҳои таъсирбахш тарғибу ташвиқ кардани тарзи ҳаёти солим «Мактаби саломатӣ» ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Фаъолияти ҷамоавии мактаби мазкур бобати мустаҳкам намудани саломатии репродуктивии аҳолӣ, назорати мунтазами хидмати босифати патронажӣ ва профилактикӣ аҳамияти муҳим дорад. Асоси онро хидмати патронажӣ ташкил медиҳад. Дар ин бобат мо бо саршифокори поликлиникаи оилавии рақами 65-уми ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд Дилобар Каримова суҳбат оростем.
– Дилобар Каримова, табиист, ки дар мавзеи нав поликлиника, муассисаҳои томактабию мактабӣ, дорухонаю дигар нуқтаҳои савдо барпо мегарданд. Мизоҷони нав бо бемориҳои мухталиф муроҷиат мекунанд. Албатта, оғози кор душвориҳоро пеш меоварад. Ҳамин тавр?
– Бале, ҳар як кор дар ибтидо мушкилиҳои ба худ хос дорад. Сокинони ин мавзеъ аксарият аз вилоятҳо, ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳуриамон иборатанд. Ба мо бо касалиҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Дар ин мавзеъ 320 нафар ногироҳои гурӯҳи I, II, III буду бош доранд.
– Ёрии патронажӣ – кумаки тиббӣ ба оилаҳои қисми эҳтиёҷманди аҳолӣ буда, аз саломатии ҳар як узви оила, куҳансолон, кӯдакон, занони ҳомила хабардор шудан, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намудан аст. Аз ёрии патронажии поликлиника баъзе куҳансолон норозигӣ баён менамоянд. Фикри шумо дар ин хусус?
– Ёрии патронажӣ сари вақт пешгирӣ кардани бемориҳои гуногунро таъмин мекунад, ҳамшираҳои патронажӣ дасти рости шифокор гӯем, хато намекунем. Онҳо ба хонаи ҳар як бемор рафта, бемории ӯро муайян намуда, дар асоси ташхиси шифокор ба муолиҷа мепардозанд. Албатта, табиати инсон чунин аст, бидуни фаровон ва сабуктар гардидани шароити зист, ба ҷойи шукргузорӣ ҳастанд шахсоне, ки доимо камбудӣ меҷӯянд. Ин нуқсон дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад. Ҳамшираҳои патронажӣ Малоҳат Тиллоева, Шаҳноза Ӯрозалиева, Муҳаббат Бобоева ва дигарон ба касби худ бо масъулият муносибат мекунанд.
Дар «Мактаби саломатӣ» шифокори умумӣ, ҳамшираи патронажӣ, фаъолони маҳалла, масъулон доир ба корҳои маънавиву маърифатӣ ва шифокори муассисаи таълимӣ ҳамҷиҳатона фаъолият мебаранд. Ҳангоми таҳлили тарзи ҳаёти ҳар як хонавода оилаҳои эҳтиёҷманд маълум мегарданд.
– Назар ба маълумоти коршиносони созмони умумҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ 85 фоизи саломатии инсон ба тарзи ҳаёти ӯ ва муҳити атроф, 15 фоизи боқимонда ба омилҳои ирсӣ вобаста будааст, – фикрашро идома медиҳад ҳамсуҳбати мо. – Дар мамлакатҳои рушдёфта ба тарғиби тарзи ҳаёти солим эътибори алоҳида дода мешавад. Бо ташаббуси Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ дар маҳалҳо видеоанҷуманҳо ташкил ва мутахассисони соҳа, ҳамшираҳои патронажӣ, фаъолони маҳалла аз навгонӣ ва усулҳои нави кор хабардор карда мешаванд. Ҳолатҳои мазкур тақозо менамоянд, ки ба воситаи «Мактаби саломатӣ» корҳои тарғиботӣ пурзӯр карда шаванд.
Вақте мо бо саршифокор суҳбат мекардем, гинекологи поликлиника Ӯғилой Бобоева ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд.
– Бино ба маълумоти Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ панҷ фоизи тифлон бо касалии модарзодӣ ва ирсӣ ба дунё меоянд. Дар давраи ҳомила истеъмоли нодурусти хӯрок ва доруҳо, аз сар гузарондани бемориҳои гузаранда, норасоии йод, шамолхӯрӣ, вайроншавии асаб омилҳои асосии чунин ҳолатҳо мебошанд, – гуфт Ӯ. Бобоева. – Баъзан хушдоманҳо ба маданияти табобати замонавӣ риоя намекунанд. Имкон намедиҳанд, ки арӯси ҳомила ё тифли навзод зуд-зуд ба қабули шифокор равад. Дар натиҷа касалии онҳо авҷ гирифта, ба ҳолатҳои нохуш оварда мерасонад. Масалан, ҷавонзани ҳомила ба мо аз камхунӣ ва шамолхӯрии сахт шикоят кард. Баъди санҷиш маълум шуд, ки ҳомилаи 4 моҳааш беҳаракат аст. Дарҳол беморро ба табобатгоҳи марказӣ фиристодем. Вақте ҳомила 14 ҳафтаина мешавад, барои муайян кардани нуқсҳои модарзодӣ онҳоро ба маркази скринингӣ мефиристем. Баъди муайян шудани нуқсон ҳомила дар батни модар муолиҷа мегирад. Яке аз самтҳои рушди стратегияи сиёсати давлат ҳифзи модару кӯдак ва беҳсозии генофонди миллат ба шумор меравад. Аз ин боис, алҳол дар мамлакатамон ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии марказҳои скринингӣ эътибори зиёд дода мешавад.
– Поликлиника ба кадом мактаб вобаста карда шудааст ва корҳо дар ин самт чӣ гуна идома меёбанд?
– Мактаби миёнаи рақами 32-юми ноҳияи Янгиҳаёт ба поликлиникаи оилавии мо вобаста карда шудааст. Якҷоя бо шифокори мактаб, масъулони бахши маънавият ва маърифати таълимгоҳ доир ба тарзи ҳаёти солим, маданияти хӯрокхӯрӣ, гигиена, тозагии муҳиту атроф ва ҳоказо суҳбатҳо мегузаронем, – иброз намуд Ӯғилой Бобоева.
– Доир ба хулқи номақбули хонандагони синфҳои болоӣ, хусусан духтарбачаҳо ҳолатҳои дилхиракунандаро мебинему мешунавем. Чӣ ҷойи руст кардан, дар фалон мактаб духтарбачаи синфи даҳум ҳомила шудааст, ё худ, духтарбачаи синфи ёздаҳум таваллуд кардааст, ё барои он ки ҷавони дӯстдоштааш аз вай даст кашидааст, духтарак худкушӣ кардааст, барин воқеаҳои ба маънавияти мо бегонаро мешунавем. Корҳои тарғиботии шумо дар ин мавзӯъ оё қаноатбахш аст?
– Дуруст мегӯед, технологияи замонавӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ ба наврасони мо, ки аз онҳо кӯркӯрона истифода мебаранд, ниҳоят таъсири манфӣ расонда истодааст. Духтарон модарони ояндаанд, онҳо бояд аз хурдӣ худро ба ин омода созанд. Суқут (аборт)-и аввалин барои ҳаёти модарони ҷавон хавфнок аст, ҳатто боиси бефарзандӣ ё худ фарзанди маълӯл таваллуд кардани онҳо мешавад. Масъулони «Мактаби саломатӣ», «Бригадаҳои саломатӣ» якҷо бо шифокори мактаб духтарони синфҳои болоиро зуд-зуд аз назорати гинекологҳо мегузаронанд, – гуфт дар поёни суҳбат Ӯ. Бобоева.
Қарори Президент «Дар бораи Барномаи давлатии дар кӯдакон саривақт муайян кардани бемориҳои модарзодӣ ва ирсӣ дар солҳои 2023-2027» дар ин соҳа дастурамали муҳим гардид.
Сӯҳбаторо Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».