ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ

Имсол ба таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 сол пур мешавад

Имсол ба таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 сол пур мешавад. Ба ҳамин муносибат ва бахшида ба  Рӯзи муҳофизони Ватан дар қисмҳои ҳарбӣ, мактабҳои ватанпарварӣ як силсила чорабиниҳо доир мегарданд.  Тадбирҳо маъмулан дар чаҳорчӯби «Моҳонаи ватанпарварӣ» ва таҳти шиори «Артиши миллии мо – сипари мустаҳками Ӯзбекистони Нав» баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, чанде пеш дар гарнизони Округи ҳарбии марказии Ҷиззах таҳти шиори «Шаъну шараф ба модари аскар мегӯем!» вохӯрии сарбозони сурхонӣ, ки дар қисмҳои ҳарбии он хидмати аскариро ба ҷо меоранд, бо модаронашон ба вуқӯъ пайваст. Меҳмонон бо шароити аскарфарзандони  худ дар қисми ҳарбии Қӯрғони Олмачии шаҳри Ҷиззах шинос гардида, бо тарзи зист, хуфту хез ва обутобёбии онҳо аз наздик ошно шуданд. Аскарон даме дар паҳлуи модарони азизи худ нишаста, аз меҳри гарми онҳо баҳраманд гардиданд.
Дар навбати худ як идда модарони ҷиззахӣ бо фарзандони азизи худ, ки айни ҳол  дар қисмҳои ҳарбии Округи ҷанубӣ-ғарбии ҳудуди вилояти Сурхондарё хидмати аскариро шарафмандона адо мекунанд, ба таври онлайн мулоқот оростанд. Ба онҳо тани сиҳҳату хотири ҷамъ таманно намуданд.
Ғайр аз ин, дар Мактаби Президентии шаҳри Ҷиззах таҳти унвони «Командир ва ҷавонон» мулоқоти ҷавонон бо афсарони ҳарбӣ баргузор гардид. Афсарони ҳарбӣ ба ҷавонон дар бораи шарафи хидмати ҳарбӣ, вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан бо мисолҳо ҳарф заданд, ба саволҳои аскарон ҷавоб доданд.
– Баланд бардоштани салоҳияту қудрати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии он  дар  Муроҷиатномаи Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев низ алоҳида таъкид шудааст, – мегӯяд директори мактаби «Темур издошлари»-и шаҳри Ҷиззах Ӯғилой Сиддиқова. – Бинобар ин дар мактаби мо ҳам барои дар оянда ба камол расонидани ҷавонони шуҷоъи ватандӯст таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Синфҳои мудофиа таъсис додаем. Порсол шогирдони мактаб дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯйи гӯштӣ ҷойи аввалро гирифтанд ва соҳиби Ҷоми Вазорати мудофиа шуданд. Дар ин мактаб беш аз 500 нафар наврасон таҳсил мекунанд.
Вақте дар бораи ҳимояи ин кишвари азиз андеша мекунем, аскари шуҷоъи ҳарбӣ бо ҷуссаи баҳодурона, бозуи пурзӯр, ки барояш ҳар зарра хоки Ватан муқаддас буда, баҳри якпорчагии он омода аст тамоми ҳастии хешро нисор кунад, пеши назарамон намоён мегардад. 
Мо аз ин рӯ, тамоми муҳофизони Ватан, хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро бо ҷашни касбӣ  аз сидқи дил табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар роҳи ҳифзи Ватан тани сиҳҳат, устувориву матонат таманно мекунем.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
ВИЛОЯТИ ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: