Имрӯзҳо дар кишвари мо ба муносибати Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва 31-солагии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон моҳонаи ватанпарварӣ идома меёбад, ки аз 15-уми декабри соли равон оғоз ёфт.
Дар чорчӯбаи тадбири мазкур дар округи марказии ҳарбии Самарқанд вохӯрии ҷавонон бо ҳимоятгарони Ватан, шинос шудан бо тарзи зиндагии онҳо, техникаи ҳарбӣ, мулоқот бо собиқадорони посбони осоиштагӣ ба вуқуъ пайваст.
Албатта, барои писарону духтарон ба даст гирифтани автомати Калашников, туфангу сипар ниҳоят пурҷозиба, шавқовар ва ҳаяҷонбахш буд.
Дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд низ вохӯрии хонандагони синфҳои болоӣ бо ҳарбиён хотирнишон гузашт.
– Ифтихори бузург дорам, ки хатмкунандаи мактаби мазкур ҳастам ва дар тӯли қариб 30 сол посбони Ватан будам,– иброз дошт раиси шӯрои собиқадорони ҳарбии шаҳри Самарқанд полковник Шодмон Азизов. – Хушбахтона писарам аз паси падар рафта дар яке аз қисмҳои низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон адои вазифа мекунад. Лекин тааҷҷуби ман аз он аст, ки солҳои тӯлонӣ ягон нафар хатмкардагони мактаби мо ба олигоҳи ҳарбӣ дохил нашудааст.
Воқеан, қиблагоҳи ман омӯзгори фанни забони тоҷикӣ буда, бисёр шеъру панди бузургони гузаштаи моро аз ёд медонист. Шояд аз ҳамин сабаб аҳли оилаи мо «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар» гӯён ҳарбӣ шудем. Шоири хушбаёни форсу тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ байте дорад:
Бародарон, ба модари ватан
вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад,
ба вай фидо кунем.
– Бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев осмонамон мусаффо, ҳаётамон осуда аст, – барафзуд доктори илмҳои фалсафа, устоди омӯзишгоҳи ҳарбии Самарқанд Нодир Аҳмадов. Раиси шӯрои собиқадорони ҳарбиёни вилояти Самарқанд Рашид Шеров, раиси шӯрои ҳарбиёни вилоят оид кор бо ҷавонон Ҳусайн Ғозиев, ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои таълиму тарбия Фарида Аҳмадова дар бораи аҳамияти моҳонаи ватанпарварӣ фикри худро баён намуданд. Зеро шоири ширинкалому хушбаёни мо Камоли Хуҷандӣ насиҳат кардааст:
Хоки поят дӯст дорад
чашми ман,
Нест айб, эй дӯстон,
ҳуббулватан!
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд таҳти шиори «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ӯзбекистони Нав» чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: тадбир дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд.
Аксбардор:
Баҳодури ЗОҲИР.