Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллии депутатҳо таҳти шиори «Барои ҳифзи табиат муттаҳид шавем» иштирок карда, дар Барномаи пешазинтихоботии худ барои афзун кардани самарабахшии ислоҳоти идораи давлат ва ҷамъият, соҳаҳои суду ҳуқуқ, бинобар такмил додани қонунгузорӣ қабул намудани 2 кодекс, анқариб даҳ лоиҳаи қонунҳои нав, ҳамчунин барномаи миллӣ, коркарди консепсия ва стратегияҳоро дар назар дорад.
Зарурати тайёр кардани ҳуқушиносони экологӣ ва ташкил намудани судҳои соҳибихтисос
Ҳизби экологии Ӯзбекистон баробари таъкид сохтани зарурати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунандагони экологӣ, бобати таъмин кардани ҳуқуқҳои экологии шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, ҳифзи боэътимоди манфиатҳои амвол ва ғайра, афзун намудани маданият ва саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ба онҳо маънидод кардани мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дар соҳа қабулшуда ба роҳ мондани кӯмак ва хидматҳои ҳуқуқиро зарур меҳисобад.
Ташаббуси ҳизб бобати беҳтар кардани сифати кумакҳои ихтисосноки ҳуқуқӣ ва хидматрасонӣ, ба роҳ мондани низоми тайёркунии кадрҳои эколог-ҳуқуқшинос бинобар ҳаллу фасли низоъҳои экологӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, роҳ надодан ба ҳама гуна дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, тазъйиқ ва монеаҳо, ҳамчунин пешгирӣ кардани ҳадгузорӣ ба ҳуқуқҳои экологии онҳо кафолат медиҳад, ҳифзи манфиати ҳуқуқиву қонунии онҳоро пурзӯр мекунад.
Ҳоли ҳозир санксияҳои дар амали ҷавобгарии маъмуриву ҷиноӣ барои ҳуқуқвайронкунандагони экологӣ нисбати зарарҳое, ки ба табиат ва захираҳои табиӣ расонида мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо номутаносиб муайян карда шудаанд, ки ин ба коҳиш ёфтани ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ чандон таъсир намерасонад. Чунончӣ, соли гузаштаи 2023-юм миқдори ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба партовҳо анқариб 17400, ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои муҳити атроф 11580, дар соҳаи ҳифзи олами рустанӣ беш аз 5220, дар соҳаи об ва ҳифзи иншооти об зиёда аз 1400 ададро ташкил дод.
Аз рӯйи маълумот тӯли солҳои 2023-2024 оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ бинобар 27 ҳолат парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст, ки нисбати ҳамаи онҳо танҳо ҷазои сабуки ҷаримаи молиявӣ муайян гардидааст.
Дар натиҷаи ғайриқонунӣ бурида шудани 9,5 ҳазор адад дарахтҳои нодир ба табиат 36 миллиард сӯмина зарар расонида шудааст.
Миқдори иншооте, ки тӯли се соли охир бунёд шудаанд, 3 баробар афзуда, нисбати 303 ҳолате, ки ба аз поёноби дарёҳо кофта гирифтани шағал вобаста аст, ба андозаи 68 миллиард сӯм ҷарима андохта шуда, дар 42 ҳолат барои ба табиат 45 миллиард сӯмина зарар расондан парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд.
Ҳизб ҷонибдори пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои ҳуқувайронкунии экологӣ, аз ҷумла истифодаи маҷбурияти пурра баргардондани хароҷоти зарари ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ расонидашуда, ҳамчунин такмил додани самаранокии корбурди амалиёти ҳуқуқ мебошад.
Ҳизб қайд менамояд, ки ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи экологӣ кам намешаванд, вай ташаббускори ташкил кардани судҳои соҳибихтисос бинобар таҷдиди назар кардани ҳуқувайронкуниҳои соҳаи экология ва дида баромадани парвандаҳои ҷиноӣ мебошад, дар ин бобат бояд чораҳои ҷавобгарӣ дар кодекс оид ба ҷавобгарии маъмурӣ дида баромада, бобати истифодаи чораҳои ҷазои маъмурӣ ба судҳо ваколатҳои бештар дода шаванд, дар натиҷа пешгирӣ кардани як қатор муаммоҳо имконпазир хоҳад шуд.
Мувофиқи маълумоти (ЮНЕП) Барномаи оид ба муҳити атрофи СММ дар 44 мамлакат беш аз 1200 судҳои миллии экологӣ фаъолият доранд. Бинобар маълумоти омор аксарияти онҳо даҳ соли охир дар кишварҳои Англия, Чин, Белгия, Боливия, Парагвай, Филиппин, Таиланд, Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ ва ғайра ташкил карда шудаанд.
Ба сабаби он ки дар фаъолияти амалии ҷомеаи ҷаҳон низоъҳои экологии аз ҷониби мақомоти байналхалқӣ ҳаллу фаслшаванда ба миён омаданд, соли 1993 дар таркиби суди байналхалқии СММ «Палатаи оид ба масъалаҳои экологӣ» ташкил гардид. Баробари ин бо ташаббуси ҳуқуқшиносон соли 1994 дар конфронсе, ки дар шаҳри Мехико баргузор гардид, суди байналхалқии экологӣ созмон дода шуд.
Бояд таъкид сохт, ки баъди таъсиси судҳои соҳибтахассуси экологӣ ва аз тариқи истифодаи самарбахш аз судҳои одил ҳифзи ҳуқуқи экологии инсон таъмин карда шуд. Аз ин ҷиҳат ташкил ёфтани чунин судҳо бағоят рӯзмарра ва зарур буда, он бобати ҳифзи муҳити атроф қадами ҷиддӣ ба шумор меравад.
Назари нав ба таъмин намудани бехатарии ҳаракати роҳ!
Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар Барномаи пешазинтихоботии худ барои ба низом андохтани бехатарии ҳаракати роҳ ташаббуси ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои зерқонуниро дар пояи қонун пеш мегузорад. Зеро қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ барои ҳар як мамлакат кафолати ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи аҳолии он ба шумор меравад.
Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи соломатӣ ҳар сол дар оқибати ҳодисаҳои роҳу нақлиёт анқариб 1,19 миллион шахс ба ҳалокат мерасад, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт сабабгори асосии фавти кӯдакон ва наврасони аз 5 то 29 сола мебошанд. Зараре, ки ба аксар кишварҳо бинобар ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт мерасад, ба 3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо баробар аст. Барои ҳаллу фасли ин гуна мушкилот қонуни ягона зарур аст. Роҳи ҳалли он дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологӣ пешниҳод шудааст.
Барои мисол, аз ҷониби шахсоне, ки дар мамлакати мо соли 2023-юм аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳрум карда шудаанду боз ба сари фармони мошин нишастаанд, 707 ҳодисаи нохуши роҳу нақлиёт содир шудааст.
Дар оқибати он 212 нафар фавтидаанд, 546 нафар бошад, ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд.
Пешниҳоди ҳизб ба ташаббусҳои миқёси байналхалқӣ низ ҳамоҳанг мебошад. Ассамблеяи Генералии СММ барои дар тамоми дунё кам кардани фавти одамон бинобар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва коҳиш додани ҷароҳатбардорӣ то соли 2030-юм резолютсия (А/RES/74/299) қабул кардааст. Дар он барои ҳаллу фасли мушкилоти бехатарии ҳаракати роҳ шарт ва хидматҳои асосӣ зикр ва ба зиммаи мақомоти қонунбарор гузошта шудани масъалаи мазкур таъкид шудааст.
Бинобар ин масъала дар мамлакати мо қабул карда шудани қонуни ягона бо ҷиҳатҳои зерин шарҳ дода мешавад.
Якум, дар моддаи 21-уми Сарқонуни мо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон фақат мувофиқи қонун ва фақат дар доираи зарурӣ ба мақсади таъмин сохтани ҳифзи низоми конститутсионӣ, саломатии аҳолӣ, ахлоқи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои дигари шахс, ҳамчунин таъмин кардани ҳифзи ҷамъият ва тартиби ҷомеа имконпазир дониста шудааст. Аз ин бар меояд, ки маҳдудият ва маҷбуриятҳо дар доираи бехатарии ҳаракати роҳ бояд бо қонун ба тартиб андохта шаванд.
Дуюм, алҳол масъалаҳои ба тартиб овардани бехатарии ҳаракати роҳ бо Қонун «Дар бораи ҳаракати роҳ», қоидаҳои ҳаракати роҳ, тартиби дида баромадани корҳои маъмурӣ доир ба вайрон шудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, муносибати тарафайни ходимони хидмати роҳу патрул бо иштирокдорони ҳаракати роҳ, ҳамчунин низомҳо дар бораи тартиби истифода аз воситаҳои махсус низ ба тартиб андохта мешаванд. Ин ҳолат, дар навбати худ тақозо менамояд, ки қоидаҳои парешони ба якдигар вобаста дар як ҳуҷҷати қонунӣ муҷассам карда шаванд.
Мо лозим медонем, ки фурӯши маҳсулоти тамоку ба ҷавонон манъ карда шавад!
Ҳизб дар Барномаи пешазинтихоботии худ таклифи ба шахсони баъд аз 1 январи соли 2009 таваллудшуда аз оғози соли 2030-юм фурӯши маҳсулоти тамокуро манъ ва бо дарназардошти таъсири нохуши нӯшокиҳои энергетикӣ ба саломатӣ, ба хусус ба саломатии бачагон, ба шахсони аз 21 сола хурд фурӯши нӯшокиҳои энергетикиро дохил кардааст.
Дар бисёр мамлакатҳо саъю ҳаракатҳое амалӣ мешаванд, ки ба маҳдуд кардани ҷавонон аз истеъмоли маҳсулоти тамоку нигаронида шудаанд. Чунончӣ, дар Зеландияи Нав ба шахсоне, ки 1 январи соли 2009 ва пас аз он таваллуд шудаанд, фурӯши маҳсулоти тамоку манъ аст, барои вайрон кардани ин тартиби муайяншуда аз 50000 то 150000 доллар ҷарима андохта мешавад.
Дар тамоми ҷаҳон тарафдорони тарзи ҳаёти солим, сиёсатмадорон, ҳамчунин фаъолони соҳаи мубориза ба муқобили тамоку масъалаи мазкурро мавриди муҳокима ва мубоҳиса қарор додаанд. Кишварҳо аз ҳукуматҳо тақозо менамоянд, ки барои аз ин иллат ҳифз кардани ҷавонон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Мувофиқи фикру ақидаи коршиносон сабаби дар байни ҷавонон авҷ гирифтани иллати кашандагӣ зиёд шудани рекламаҳои яке аз дигаре ҷозибадор, торафт суст шудани маҳдудиятҳои қонунӣ мебошанд. Мутахассисон пешбинӣ кардаанд, ки дар сайёраи мо то соли 2050-ум бинобар кашандагӣ эҳтимоли аз ҳаёт чашм пушидани 450 миллион инсон мавҷуд аст.
Бо дарназардошти ҳамаи ин аз ҷониби Ҳизби экологии Ӯзбекистон ташаббуси ба шахсони баъд аз 1 январи соли 2009-ум таваллудшуда аз оғози соли 2030-юм манъ кардани фурӯши маҳсулоти тамоку аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад. Шубҳае нест, ки ин таклиф барои аз иллати кашандагӣ ҳифз намудани насли наврас ба механизми самарабахш табдил хоҳад ёфт.
Қонунгузории экологиро аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардоштан – мақсади асосӣ!
Аз ҷониби Ҳизби экологии Ӯзбекистон аз тариқи кодификатсия кардани қонунгузории оид ба экология ташаббуси қабул кардани Кодекси экология ва Кодекси ҷангал пеш гузошта мешавад, ки он ҳуҷҷатҳои қонунгузории соҳаҳои мазкурро ба низоми ягона меоварад.
Ҷиҳати дорои аҳамият он мебошад, ки дар Барномаи пешазинтихоботии соли 2019-уми ҳизб низ масъалаи коркарди лоиҳаи Кодекси экология дохил карда, аз ҷониби фраксияи ҳизб лоиҳаи он коркард шуда буд. Беш аз пеш такмил додани лоиҳаи мазкур ва ба муҳокимаи парлумон пешниҳод кардани он дар барномаи интихоботии ҷорӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ мебошад.
Баробари ин Ҳизби экологияи Ӯзбекистон дар самти эҷоди қонунҳо қабул кардани як қатор қонунҳоро зарурати рӯз меҳисобад. Ба хусус Қонун «Дар бораи мониторинги муҳити атроф», ки ба такмил додани низоми мониторинги муҳити атроф ва зиёд кардани самаранокии он, аз тариқи пешбинӣ пешгирӣ намудани таъсири нохуш ба муҳити атроф, ҳамчунин истифода аз захираҳои табииро ба тарзи доимӣ назорат кардан, барои ҷорӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити табиии атроф, ҳамчунин бо ахбор таъмин кардани он хидмат хоҳад кард.
Ба мақсади таъмин сохтани ҳуқуқи конститутсионии аҳолӣ ба ахбори экологӣ бошад, қабул кардани Қонун «Дар бораи ахбори экологӣ», барои барқарор кардани муҳити атроф, бартараф сохтани оқибатҳои таъсири зарарнок ва истеҳсоли такрории захираҳои табиӣ қабул намудани Қонун «Дар бораи барқарор кардани табиат», алҳол бо дарназардошти муттасил инкишоф ёфтани саноати кимиё, барои ҳифзи аҳолӣ аз заҳролудшавии кимиёӣ қабул кардани Қонун «Дар бораи бехатарии кимиёвӣ», ки ба ҳифзи саломатӣ нигаронида шудааст, аҳамияти махсус дорад.
Ғайр аз ин ҳизб ба мақсади мушаххас намудани самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ва дар соҳа ҷорӣ намудани механизми шарикии давлативу хусусӣ, ҳамчунин дақиқ муайян кардани ваколат ва вазифаҳои мақомоти идораи давлатӣ дар таҳрири нав ҷонибдори қабул гардидани Қонун «Дар бораи партовҳо», барои ҳифзи ҳавои муҳит, пешгирӣ намудани аз меъёр зиёд ихроҷ гардидани партов бинобар гази гармхонаҳо ва дар ин бобат ба мақсади аниқ муайян кардани механизмҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар пояи меъёрҳои замонавии байналхалқӣ коркарди лоиҳаи Қонуни «Дар бораи ҳифзи ҳавои муҳит» мебошад.
Ҳамчунин бо дарназардошти дар олам тараққӣ кардани технологияҳои генетикиву муҳандисӣ, ба мақсади таъмин сохтани бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ қабул кардани Қонун «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ» ба мустаҳкам гардидани асосҳои ҳуқуқӣ дар соҳа хидмат мекунад.
Зарурияти қабул кардани «Стратегияи рушди муттасили экологӣ» ва «Барномаи миллӣ»
«Стратегияи рушди муттасили экологӣ» бобати татбиқ сохтани самтҳои устувори сиёсати давлатӣ бинобар дар мамлакат ҳифз намудани муҳити атроф, расидан ба пойдории экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ дорои аҳамияти муҳим буда, барои аҳолӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоиди муҳити атроф, мувофиқшавии иқлим, кам кардани оқибатҳои фоҷиаи Аралро дар назар дорад. Ин баҳри афзун кардани сарватҳои бебаҳои табиӣ, ҳамчунин барои насли имрӯз ва оянда эҳтиёт кардани он, ҳифз намудани муҳити тозаи атроф ба сифати ҳуҷҷати стратегӣ хидмат хоҳад кард.
Барномаи миллӣ, ки ба истифодаи самарабахш аз об дар хоҷагии қишлоқ, соҳаҳои саноат ва иқтисодиёт нигаронида шудааст, аз ҳар кадоми мо даъват менамояд, ки аз муаммоҳои экологии вобаста ба об хулосаи зарурӣ бароварем, тамоюлҳои сарфаи об ва беҳуда исроф кардани онро ба дастурамали рӯзмарраи худ табдил диҳем.
Ташаббусҳои нави ҳизб бинобар қабул кардани қонун ва ҳуҷҷатҳои дар амали қонунгузориро такмил додан ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, таъмин намудани ҳуқуқҳои экологӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқ-вайронкуниҳои соҳаи экология, оммавӣ намудани тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон хидмат мекунанд.
Барои инсон неъмати бебаҳо будани муъҷизаҳои нотакрори табиат – хоки муқаддас, ҳавои мусаффо, оби тоза, офтоби пурнур, хулоса, ҳама-ҳамаро ҳамеша дар ёд дошта бошем!
Барои эҳтиёт кардани модар-табиат, муҳити атроф ва ба насли оянда бекаму кост расондани онҳо муттаҳид шавем!
Хайрулло ГАППОРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
Дилдора КАМОЛОВА,
номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.