ҲИФЗИ ҲАЁТИ КОРГАРОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ

Имрӯз дар пойтахт сари ҳар қадам сохтмони иншоот, биноҳо, махсусан биноҳои бисёрқабата ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, дар 30 маҳаллаи ноҳияи Янгиҳаёт 135 объекти сохтмонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 71-тои онро биноҳои баландошёна ташкил медиҳанд. Аз коргароне, ки дар ин сохтмон кор мекунанд, эҳтиёткории ҷиддӣ талаб карда мешавад. Зеро ҳифзи ҳаёти онҳо дар мадди аввал меистад.


Ходимони шуъбаи назорат ва профилактикаи вазъиятҳои фавқулодаи ноҳия тӯли моҳи май ба мақсади санҷиши бехатарии 41 объекти сохтмон ба ҳудудҳо рафта, бо 1435 нафар мутасаддӣ ва коргарон оиди бехатарии техникӣ ва сӯхтор суҳбат оростанд.
Тавре ки мутахассисон таъкид менамоянд, дар сохтмон коргари аз синни 18 болои маълумоти меҳнати назарию амалӣ дошта ва ҳатман аз назорати тиббӣ гузашта бояд фаъолият барад. Инчунин мутасаддии сохтмон оиди қоидаҳои дар баландии аз 1,8 метр боло кор кардан, таъмини бехатарӣ ва талабҳои қоидаҳои меҳнатро пешакӣ ба коргарон фаҳмонад.
Дар навбати худ коргаре, ки дар баландии сохтмон кор мекунад: риояи қоидаҳои бехатарӣ, расондани ёрии таъҷилии аввалин ба ҳамдигар аснои содир шудани ҳодисаи фавқулода, кор накардан ҳангоми шамоли сард, ҳавои абрнок, раъду барқ, борону барф барин омилҳоро бояд донад.

Бекзод ПИРМАТОВ,
инспектори назорат ва профилактикаи вазъиятҳои 
фавқулодаи ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: