Бо ҳамкории Маркази миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон, вазорати адлия, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, Ҳаракати умумимиллии “Юксалиш” ва Маркази “Стратегияи тараққиёт” таҳти мавзӯи “Дар таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратӣ” форуми миллӣ баргузор шуд.
Дар форум беш аз 300 нафар намоянда аз идора ва вазорату ташкилотҳо, корпусҳои дипломатӣ, ваколатхонаҳои ташкилотҳои нодавлатии хориҷӣ иштирок карданд. Дар чорабинӣ қайд гардид, ки имрӯз дар мамлакатамон роҳандозӣ намудани ғояи инсонпарваронаи “Қадри инсон ва халқ аз ҳама бузург” натиҷаи амалии стратегияи миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Бино ба гуфтаи иштирокдорон, дар стратегияи миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон оид ба мустаҳкам намудани ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои он ҷамъ 33 ҳуҷҷати қонунгузорӣ дар назар дошта шуда, то имрӯз 12-тои он қабул карда шудааст. Инчунин, лоиҳаи 10 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ дида баромада шудааст. Бахусус, фармони Президент “Дар бораи консепсияи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ дар солҳои 2021-2025” аз 4 марти соли 2021, дастуруламали муҳим дар ин самт гардид.
Консепсия ҳифзи ҳуқуқ, таъмини манфиатҳои қонун, қадриятҳои демократии инсон, масъалаи мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии иҷтимоиро байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар бар мегирад.
Форуми миллӣ дар ду шуъба таҳти мавзӯъҳои “Дурнамои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав”, “Мавқеи назорати халқӣ дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон” кори худро идома дод. Дар ҷамъомади шуъбаҳо беш аз даҳ маърӯзаи намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони таҷрибаноки ташкилотҳои ҷамоатӣ шунида шуд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.