ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК — МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

Эҳтироми арзишҳои умумибашарии кӯдакон, содиқ будан ба қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба муҳофизати модар ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҳифз ва рушди мероси маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, покизагӣ ва ростқавлӣ тарбия намудани бачаҳо, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ тайёр кардани онҳо вазифаи конститутсионӣ ва маънавии падару модарон мебошад.

Ҳифзи оила, ки дар он манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳам мувофиқанд, яке аз вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ мебошад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз 1 сентябри соли 1998 дар амал аст, афзалияти таҳкими оила ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва аъзои оилаи маъюбро пешбинӣ мекунад. 
Аз ҷониби суд дуруст ҳал намудани низоъҳои вобаста ба тарбияи фарзандон ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи падару модар ва фарзандон, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд имконият фароҳам меорад, истифода бурдан аз ҳуқуқи  бар манфиати фарзандон зидро барҳам медиҳад, ки яке аз чораҳои пешгирӣ кардани ҷинояткории ноболиғон мебошад. 
Ба муносибати қабул шудани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо мақсади таъмини дуруст ва якхелаи татбиқи қонун ва барои фаҳмонда додани масъалаҳое, ки дар суд ҳангоми дида баромадани низоъҳои оилавӣ ба миён меоянд, бо қарори Пленуми суди Олӣ низ тавзеҳот дода шудааст.
Вале ба ин нигоҳ накарда рафтору кирдори баъзе шахсоне, ки ҳуқуқи падару модарии худро дуруст истифода намебаранд, боиси поймол шудани ҳуқуқи кӯдак мешаванд. 
Дар чунин ҳолатҳо чораҳои дар қонун муқарраркардашуда, мувофиқи моддаи 79-и Кодекси оила падару модар ё яке аз онҳо бинобар рафтори нолоиқи падару модариашон, аз ҷумла саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз додани алимент, аз таваллудхона ёки дигар муассисаҳои табобатӣ, таълимӣ, ҳифзи ҳимояи иҷтимоӣ ва амсоли инҳо бо сабабҳои беасос гирифтани фарзанди худро рад кунад, ҳуқуқи падару модариро сӯиистеъмол кунад, муносибати бераҳмона нисбат ба бачагон, аз ҷумла таъсири ҷисмонӣ ё руҳӣ расонад, ба майзадагии доимӣ ва нашъамандӣ мубтало шуда бошад, агар қасдан бар зидди саломатии фарзандонаш ё ба ҳаёт ва саломатии шавҳараш (занаш) ҷиноят содир карда бошад, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешавад.
Инро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки даст кашидан аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ – маънои пайваста иҷро накардани вазифаи волидайн, ба ҳеч ваҷҳ ғамхорӣ накардан ба фарзандони худро дорад. Вобаста ба синни кӯдак  ҳар як ҳаракат ё беҳаракатии падар ё модар дар вазъияти муайян боиси ҳалокати фарзанд мегардад.
Дар сурати даст кашидан аз пардохти алимент ин далел набояд бо ҳалномаи суд тасдиқ карда шавад. 
Бо сабабҳои беасос даст кашидан аз гирифтани кӯдак аз таваллудхона ва дигар муассисаҳои профилактикию тарбиявӣ бояд аз тарафи комиссияҳои таваллудхона, муассисаи профилактикӣ ва тарбиявии бачагон ба таври муайян ба қайд гирифта шавад.
Сӯйистифода аз ҳуқуқи падару модарӣ – маънои сӯйистифода аз ин ҳуқуқ бар зидди манфиатҳои кӯдак, аз қабили монеъ шудан ба илм гирифтан, ё иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ, талбандагӣ кардан,  одат кунондан ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъамандӣ, ҷалб намудани ноболиғон ба ҷиноят ва ба даст овардани даромад бо роҳи ҷиноятро дорад.
Муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдаконро метавон дар шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, истифодаи усулҳои ғайри қобили тарбия, паст задани шаъни инсонии кӯдак ифода кард.
Агар нисбат ба кӯдак  на падару модар, балки аъзои оила бераҳмӣ намояд, падару модари кӯдак эътироз накунанд, тибқи моддаи 83-и Кодекси оила ҳуқуқи падару модарии онҳо маҳдуд карда мешавад.
Падару модарони гирифтори майзадагӣ ё нашъамандӣ бояд бо маълумотномаи дахлдори тиббӣ тасдиқ карда шавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо чунин асосҳо сарфи назар аз он ки ҷавобгар ҳамчун қобилияти маҳдуди муомила интихоб шудааст, татбиқ карда мешавад.
Қасдан содир намудани   ҷиноят аз ҷониби падару модар бар зидди ҳаёт ва саломатии кӯдак хеле вазнин ва барои ҷамъият хавфнок дониста мешавад. Бо чунин асосҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан танҳо дар сурати мавҷуд будани қарори суд роҳ дода мешавад.
Дар ҳолатҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарии кӯдак бо сабаби қасдан содир кардани ҷиноят  аз ҷониби падар (модар) бояд ба назар гирифта шавад, ки агар объекти ҷиноят падару модари ӯ бошад ба кӯдак зарар мерасад. Бо чунин асос маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ нисбат ба айбдор низ бояд ҳукми суд бошад.
Ҳатто дар ҳолатҳои истисноӣ, агар гуноҳи падару модар тасдиқ шуда бошад, суд бо назардошти хусусияти хулқу атвори ӯ шахс ва дигар ҳолатҳои муайян даъворо дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ қонеъ нагардонад ва ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ назорати иҷрои ӯҳдадориҳои волидайнии ӯро гузорад, ҷавобгарро оиди зарурати тағйир додани муносибат ба тарбияи фарзанд огоҳ намояд.
Суд ҳуқуқ дорад даъвои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модариро рад намояд ва дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои зикршуда, бо тақозои манфиати бачагон дар бораи аз падару модар гирифтан ва ба парастории мақомоти васояту парасторӣ додани кӯдак ҳал намояд.
Дар ҳар сурат, манфиати кӯдак бояд ба таври қатъӣ ҳифз карда шавад, зеро баркамол ба воя расондани насли наврас таҳкурсии ояндаи мост.

Шавкат ЗИЁДУЛЛОЕВ,
раиси суди корҳои шаҳрвандии байниноҳиявии Когони
вилояти Бухоро.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: