ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОГИРО – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар Муроҷиатномаи роҳбари давлат дар қатори дигар соҳаҳо ба ҳифзи иҷтимоии ногироён, ҳаллу фасли мушкилот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо эътибори алоҳида дода шудааст.

Дар Муроҷиатномаи роҳбари давлат дар қатори дигар соҳаҳо ба ҳифзи иҷтимоии ногироён, ҳаллу фасли мушкилот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо эътибори алоҳида дода шудааст. Тӯли солҳои 2017-2020 дар ҷумҳуриамон бобати ба куҳансолон ва шахсони ногиро кӯмаки иҷтимоӣ ва хидмат расондан, ҷавонони ногиро ва ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷро бо таълими инклюзив ва шуғли муносиб фаро гирифтан як қатор корҳои мақсаднок ба амал татбиқ гардиданд.
Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки роҳбарияти Вазорати нигаҳдории тандурустӣ баргузор шуд, аз ҳамин хусус сухан рафт. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ислоҳот рӯйхати ҷиҳозҳои протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои техникии реабилитатсионӣ, ки ба ногироҳо бепул дода мешаванд, аз 22 ба 27 намуд зиёд карда шуд; дар муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ 267,2 миллиард сӯм, аз ҷумла дар солҳои 2017 – 47,6,  2018 – 74,9, 2019 – 92,0 ва дар соли 2020 – 52,7 миллиард сӯмина корҳои таҷдиду тармим иҷро шуданд. Солҳои охир баҳри рушди соҳа якчанд ҳуҷҷати ҳуқуқиву меъёрӣ, аз ҷумла фармону қарорҳои роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба дастгирии шахсони ногиро ва куллан такмил додани сохтор», «Дар бораи чорабиниҳо доир ба боз ҳам мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ ва рушди истеҳсоли ҷиҳозҳои протезиву ортопедӣ ва воситаҳои техникии реабилитатсионӣ», «Дар бораи ҳуқуқи шахсони ногиро» ва ғайра қабул  шуданд. Ногироӣ чун дар тамоми дунё, дар Ӯзбекистон низ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Сабабҳои ба ногироӣ гирифтор шудани шахс гуногун аст. Аз ҷумла, шахсоне, ки ба саломатии худ беэътиборанд, ба тарзи солими ҳаёт риоя намекунанд, ба одатҳои зарарнок – истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани сигор, машғул нашудан ба тарбияи ҷисмонӣ, сари вақт ба шифокор муроҷиат нанамудан, бемороне, ки дарди куҳна ва бардавом доранд, дар назорати шифокор ҳастанду ба гуфтаҳои ӯ амал намекунанд, ё ки нодуруст  табобат мегиранд, инчунин бемориҳои саратон, таъсири ногувори омилҳои техногенӣ ба организми инсон, ба қоидаҳои санитарӣ риоя накардани хонаву ҷойи онҳо, бемориҳои модарзодӣ, дар натиҷаи автоҳалокат ногиро шудани онҳо ва ҳоказо.
Аз ҷониби мутасаддиён таъкид гардид, ки дар асоси талабҳои қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи ногироҳо» ба ин самт як қатор дигаргуниҳо дароварда шуданд. Аз ҷумла, аз сохтори экспертизаи тиббии меҳнатӣ (ТМЭК) ба сохти экспертизаи тиббии иҷтимоӣ (ТИЭК) гузаштан, тартиби ҷорӣ намудани ногироии бачаҳо на то синни 16, балки то 18-сола муайян гардида, муддати аз назорати тиббӣ гузаштани ногироҳо кӯтоҳ ва соддатар карда шудааст.
– Солҳои охир ҳукумат ба куҳансолон, ногироҳо, шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳтоҷ кӯмаки инсонпарварона мерасонад. Барои онҳое, ки дар хонаҳои «Саховат» ва «Меҳрубонӣ» зиндагӣ  мекунанд, танҳо дар давоми соли 2020 якчанд маротиба саёҳат ба ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хева ташкил карда шуд. Ба барномаҳои консертии санъаткорони номдор чиптаҳо ройгон дода шуданд. Дар давраи пандемия аз тарафи ҳукумат, аз ҷониби соҳибкорону фермерон ва саховатпешагон куҳансолон ва ногироҳо бо хӯрокворӣ, сару либос, доруворӣ ва хонаву ҷой таъмин гардиданд. Дар замири ин  амалҳо албатта, меҳру оқибат, инсонпарварии халқ ва роҳбари давлат  ниҳон аст, – мегӯяд Узви ҷамъияти ногироён «Меҳрубонлик»-и ноҳияи Яккасарой Сайёра Саидзода.

С. БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: