Ҳикмати дӯст

Ҷавоне аз сарватманде пурсид, ки сирри муваффақиятҳои ӯ дар чист?

Ҷавоне аз сарватманде пурсид, ки сирри муваффақиятҳои ӯ  дар чист?
– Ман дар интихоби дӯст хато накардам, – посух дод марди сарватманд ва баъдан аз ҷавон  пурсид:
– Ту мақоли «Дӯстро дар мусибат мешиносанд»-ро шунидаӣ?
– Бале, ман ин ҳикматро асоси зиндагии худ медонам, – гуфт ҷавон.
– Фаромӯшаш кун, зеро он куллан хатост. Баръакс, дӯстонро ба ҳангоми  шодӣ мешиносанд!
Ҷавон аз ин гуфта дар ҳайрат монд.
Сарватманд суханашро идома дод:
– Вақте ки ба мушкилие дучор мешавӣ, барои ҳалли он ба пеши дӯстат меравӣ, дуруст?
– Албатта ва ӯ ба ман ёрӣ медиҳад.
– Бешубҳа, ӯ кӯмак хоҳад кард, вале он муваққатист, чунки мушкилот афзудан гирад, ҳамаи онҳоро рафъ намудан ғайриимкон мешавад. Аз ин рӯ, дӯстат чун мебинад, ки дигар ба ту наметавонад ёрӣ диҳад, ба дилсӯзӣ мегузарад.
– Охир, ин низ хуб аст, зеро бо дилсӯзиаш маро дастгирӣ мекунад,  – гуфт ҷавон.
– Ҳаргиз, – барошуфт сарватманд, – ин ақида хатост. Дӯстонам ба ман на дилсӯзӣ мекарданду на ёрӣ медоданд. Вале онҳо аз муваффақиятҳоям шод мегаштанд. Аз ин рӯ, чун ба душворие гирифтор шудӣ, кӯшиш намо, ки худат онро рафъ созӣ ва пасон ба назди дӯстат рафта, ҳар ду аз комёбӣ хурсандӣ кунед. Ин аст дӯстии ҳақиқӣ, ки ҳар нафарро муваффақ мегардонад.

Таҳияи 
Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: