Ҳикмати рӯз

Чаҳор чиз обуруйро мерезонад: дуруғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр.

Ҳикмати рӯз

Чаҳор чиз обуруйро мерезонад: дуруғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр.
***
Китобҳо меҳмонони хубрӯйи лол мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз касе озурда намегарданд…, аммо онҳо ором ва ҳамсуҳбатони нотакроранд.
***
Омӯзгорӣ ишқ аст. Чунин ҷойгоҳе ҳаргиз ба дасти ғайр мабод.
***
Дар талаби илм то ба гӯшаҳои олам низ роҳ рав.

БА НАЗАР АҶИБ, АММО ҲАҚИҚАТ
Гонорар

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта, аснои омӯзгорӣ дар мактаб, ба як қатор нашрияҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардам. Ба мақола ё шеъру ҳикояе, ки чоп шуд, тавассути почта гонорар мефиристоданд. Як ставка маоши онвақтаи омӯзгори маълумоти олинок, ки нав ба фаъолият сар кардааст, 100 сӯм муқаррар шуда буд. Роҳбари синфӣ – 10 сӯм. Вале ташвишаш зиёд. Мо, «мухбирча»-ҳои ҷамоатӣ, бо як нишаст хабарчае навишта ва чоп кунонда, 10-15 сӯм ҳаққи қалам гирифтанамон мумкин буд. 
Боре дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и ҳозира) як ҳикояи калонҳаҷмам чоп шуд. Пештар аз идораи почта дар ин гуна ҳолат хабарнома фиристанд, ин дафъа худи мудир Бобо Муродов (равонаш шод бод) ҳуҷҷати даркорӣ ва гонорари маро гирифта ба хонаамон омад. Гуфт:
– Бештар омадааст ин дафъа. Ба ходимон бовар накарда ва шуморо ҳам овора кардан нахоста, худам овардам. Марҳамат, имзо гузоред.
Чун имзо гузоштам, сумкаашро кушод ва як садсӯма дароз кард...
Сад сӯм аз сад доллари ҳозира қурби баландтар дошт он солҳо.
Нависандаҳо бой буданд. Заҳмати драманависон низ муносиб қадр меёфт. Нависандаи ӯзбек (шодравон) Одил Ёқубов дар яке аз интервюҳои солҳои охири умр додааш қайд карда: «Дар театри» академӣ – драмавӣ паиҳам песаҳоям гузошта шуданд. Танҳо барои «Чин муҳаббат» («Муҳаббати ҳақиқӣ») он қадар гонорар гирифтам, ки ғайр аз хонаву ҷое, ки Иттиҳоди нависандагон додааст, як ҳавлӣ низ харидам. Гонорар боз ба харидани автомобили «Волга» расид».
***
Вале бо ин гуфтанӣ нестам, ки ҳамаи адибон дар замони салтанати шӯроҳо дар шароити мусоид кору эҷод намуда, аз  имтиёзҳо истифода бурда, гонорарҳои калон гирифта, бою бадавлат ва хотирҷамъ зиндагӣ кардаанд. Қисмати қисме аз шоиру нависандагоне, ки бинобар табъид, ҳабсу бадарға, азобҳои ҷисмонию рӯҳӣ чӣ қадар хору зор шуда ва ба сахтӣ ҷон додаанд, бароямон маълум. Баъди солҳои навадум, яъне дар давраи истиқлолият масъалаи манзил гурӯҳе аз адибонро нороҳат сохт.
Баъди воқеаҳои февралии соли 1999 қайди ҷои зист ба мушкилоти аҳли қалам, ки дар пойтахт мезистанд, афзуд. «Прописка» душвортарин проблема шуда монд.
Акнун тасаввур кунед ҳоли эҷодкореро, ки аз кадом як гӯшаи сарзамин ба пойтахт омада ва ба муҳити адабии он пайвастанист, вале на хона дорад ва на қайди доимӣ.
Вале воқеаҳои аҷиб ва ғайричашмдошт низ рӯй дод солҳои охир. Президент ба чанд адиби ҷавон хона туҳфа намуд. Масъалаи қайд дар шиноснома худ аз худ ҳал гардид.
Дар ҷамъомаде калиди хонаҳоро тантанавор супурданд. Ин воқеаест, ки солҳои охир дар кишварҳои хориҷ шояд рӯй надода.
Дӯсти шоирам Ш. алҳол дар «Мегаполис» воқеъ дар маркази ноҳияи Юнусобод зиндагӣ мекунад – дар яке аз зеботарин биноҳои бисёрошёнаи шаҳр, ки ба «бою бадавлатҳо» насиб кардааст.

М. ФАРҒОНӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: