ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ

Ба гулистоне, ки қадам мегузорему аз зебоию накҳати гулҳо ҳаловат мебарем, дарҳол ба гулпарвари он сано мехонем.

Боғе, ки биҳиштро мемонаду боровар ва мевааш лазиз аст, ба заҳматкаши он – боғбон сипосдор мешавем. Хонадоне, ки он ҷо тифоқию якдигарфаҳмист ва маданияту маърифат, ҳурмату эҳтироми байни пиру ҷавон эҳсос мегардад, хурду бузург шукрона аз ободиву осоиштагии диёр мекунанд, дарҳол ба бузургонаш аҳсант мегӯем. Аҳсант мехонем барои заҳматҳои чандинсолаашон, ба таълиму тарбия ва одоби муошират, ба ҳаёту рӯзгордорӣ ва меҳнат ба халқу Ватан.
Бале, зиндагӣ амсоли корвони носабур ҳамеша шитоб дорад ва моро мебарад ба сӯйи фардо. Агар дар корвони зиндагӣ сорбон набошад, дар он сурат зимоми ҳама чиз ба дасти мо нахоҳад буд. Омадану рафтанҳо ба ҳукми ҳамин зиндагии шитобкор аст. Бубояд, ки шитоб кунем, то аз корвони зиндагӣ ақиб намонем ва ҳама нақшаю ниятҳои некамонро сомон бахшем. Хонадони мо бубояд аз некию накӯкорӣ, талошу заҳмат ва шукру қаноат лабрез бошад.
Алмос Азимов сорбонест дар корвони зиндагӣ. Ӯ баҳри ба мақсади хеш расидан ва корвони ҳаётро ба имрӯз расондан бисёр заҳматҳо кашида.
Бобои Алмос соли 1938 дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Ургут дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аҳли хонадони ин пири рӯзгордида бо касби ронандагӣ миёни мардуми на ин ки Камонгарон, ҳатто миёни мардумони ноҳияву вилоят ном баровардаву шарики хурсандии мардумон гашта. Ӯ аз хурдӣ меҳнатдӯсту мушкилнописанд буд. Вале дар дил орзуи корчаллону соҳибкор шуданро дошт...
– Вақте ки бори аввал паси чанбараки мошин нишастам, дар оинаи он чеҳраи худро дида, тамоми ҳаёти гузаштаам мисли навори синамо аз пеши назарам мегузашт, – мегӯяд бобои Алмос. – Кӯдак будаму бо ҳамсолон аз паси мошинҳо давида, сару рӯям олудаи гарди роҳ мешуд, вале ба мошинҳо расида наметавонистам.
Ин орзуи кӯдакӣ буд, ки Алмос Азимов умри бобарокати худро сарфи касби ронандагию соҳибкорӣ карда, фарзандонро нон доду ҳамаи онҳоро соҳибмаълумот намуд.
Ӯро пиру ҷавон мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ӯ касеро бегона намедонад ва дар симои онҳо дӯстро меҷӯяд, раҳгузареро дида бо ӯ гарм суҳбат мекунаду аз оилааш ҳолпурсӣ мекунад.
Бобои Алмос дар ҷамоати хоҷагии  (собиқ ба номи Максим Горкий) Акрамобод ба ҳайси ронанда фаъолият нишон дода, дар хизмати колхозчиён буд. Ӯ саҳарии барвақт онҳоро ба сари дашт мекашонду бегоҳӣ оварда мемонд. Ҳар як колхозчӣ, марду зан аз кори ҳалолу хушмуомилагӣ ва ширинсуханиаш розӣ мегашт. Инсони зиндадил аст бобои Алмос. Ӯ умри бобарокати хешро сарфи касби ронандагию экспедиторӣ, баъдтар тадбиркорию корчаллонӣ намудааст. «То ҷон дар бадан дорам, ба халқу Ватанам хизмат мекунам» шиори зиндагии бобо гаштааст.
Бобои Алмос ба нафақа баромада дар кунҷи хона нишастан, яъне бекориро ба худ эб надонист. Вай аз пайи соҳибкорӣ шуд. Бо ҳамроҳи писаронаш аввал фирмаи модаговпарварию равғани зағирбарорӣ, баъдтар фирмаи савдои таъмини бензину газро ташкил кард. Писаронаш соҳиби маълумоти олӣ шуда, ҳамроҳи падари бузургвори чашмикордидаашон ба соҳибкорӣ машғул шуданд, духтарон бошанд, чун модари меҳрубон дӯзандаи моҳиранд. Бобои Алмос бо шарофати истиқлолияти кишвар ба сафари Маккаю Мадина рафта, номи ҳоҷиро гирифт.
Холаи Ҳабиба бо Ҳоҷӣ Алмос қариб ним аср зиёд бо амри Офаридгор оила бунёд намуданд. Онҳо соҳиби 8 фарзанд, 26 набера, 8 абера, 6 чабера мебошанд. Холаи Ҳабиба соли 2010 ҳаётро тарк кард. Ӯ зане буд ширинсухану меҳрубон, ҳамфикру ҳамроз, ба ҳамсолону фарзандонаш «эҳтиром, якдигарфаҳмӣ ва басабру таҳаммул бошед» мегуфт.
Холаи Ҳабиба меҳнатдӯсту зиндагидида, сахтгир, мушфиқу ғамхор буд. Ӯ зодаи маҳаллаи Вағаштӣ буда, ба ҳунари ҷомадӯзӣ низ машҳур буд.

Самараи тақдир

Тарбияи фарзанд аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ҳар минтақаи ҷаҳон ва дар ҳар дину ойин муҳимтарин мавзӯъ барои падару модар ва умуман ҷомеа аст. Ҷомеашиносон, олимони дин ва файласуфон ҳамвора таъкид мекунанд, ки душвортарин ва дар айни замон бошарафтарин  масъулияти падару модар тарбияи фарзандони ватандӯсту бонангу ор мебошад.
Магар мояи ифтихор нест, ки ин оилаи аҳлу тифоқ бо меҳнати ҳалолу зиндагии намунавӣ саҳми хешро дар рушду нумӯъ ва ободии мамлакат гузошта меоянд. Ҳоҷӣ Алмос гарчӣ пири ҳаштодсола бошад ҳам, қувваи ҷавонӣ дорад. Бо саъю ҳаракати ин марди рӯзгордида бо кӯмаки фарзандону наберагонаш, дар маркази маҳалла тӯйхона, масҷиди ҷомеи замонавии дуқабатаи ба номи Хоҷа Убайдулло Аҳрори Валӣ сохта ба истифода супурда шуд. Ин қатраест аз баҳр. Умед аст, ки аҳли ин даргоҳ шахсони вафодор ва содиқи Ватан буданду хоҳанд монд.

Заҳмати арзанда

Китоби зиндагиномаи Ҳоҷӣ Алмос Азимовро варақгардон кардем, он рангину ибратбахш аст. Дар омади гап аз ӯ пурсон шудем, ки оё заҳматҳои шумо қадр шудааст? Гиряи шодӣ гулӯгираш кард ва баъди сукути кӯтоҳ чунин посух дод: «Албатта... Кош ҷавонӣ, саломатӣ ва нерӯям дубора барқарор мешуду барои ободии натанҳо маҳаллаам, балки Ӯзбекистони азизам ҷонамро фидо мекардам. Ин сарзамин, обу хоки Ватан барои ман азиз аст».
Ҳоҷибобо хуб дар ёд дорад заҳматҳои кашидаашро. Ва пайваста ба фарзандону наберагон талқин менамояд, ки меҳнати ҳалол шараф ва обрӯ аст, аз меҳнат кардан канора наҷӯянд. «Меҳнат кунед, обод кунед, фардо натиҷаашро мебинед», насиҳат мекунад фарзандону наберагонашро. Як сухани маънодори сарвари ҷумҳуриамон Шавкат Мирзиёев ба Ҳоҷибобо хуш омада: «Мо ҳама – падару модарон, бародарону хоҳарон ва дӯстон оилаҳои ҷавонро доимо дуои нек мекунем, ки саломат бошанд, умри дарозу бобарокат бинанд, соҳиби фарзанд, набераву абера гарданд, барои ободиву озодӣ, сериву пурӣ, тинҷиву осоиштагӣ ба Ватани маҳбубамон хизмат кунанд».

Мурод ҚУРБОНЗОДА,
раиси ҷамоати «Нуронӣ»-и маҳаллаи Камонгарони 
ноҳияи Ургут.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: