ҲИКМАТУЛЛО ТӮРАЕВ СОҲИБИ ГРАН-ПРИ

9-11 ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмӯи варзишии «Ӯзбекистон»-и пойтахт мусобиқаи бонуфузи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо баргузор шуд.

Бинобар маълумоти Хидмати матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ дар мусобиқаи мазкур шарафи мамлакати моро дар байни мардон 28 ва дар миёни занон 23 нафар дзюдочиён ҳимоя карданд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз қариб 350 нафар варзишгари 47 мамлакати дунё барои пирӯзӣ талош варзиданд. 
Дар баҳси гӯштингирони вазнашон 73 килограмм Ҳикматулло Тӯраев намояндагони Руминия, Шведсия, Фаронса ва Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуда, ба финал роҳхат гирифт. Вай дар сабқати душвори ниҳоӣ бар Игор Вандткеи олмонӣ ғолиб омада, соҳиби медали тиллоӣ шуд. Дар сабқати рӯзи охирин Бекмурод Олтибоев, ки дар вазни 100 килограмм бар намояндагони Украина, Тоҷикистон ва Русия пирӯз шуда буд, дар баҳси ниҳоӣ бо варзишгари русиягӣ Сослан Бостанов имкониятро аз даст дод. Вай соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҳамчунин варзишгаронамон Диёрбек Ӯрозбоев (60 килограмм) ва Сардор Нуриллоев (66 килограмм) соҳиби медалҳои нуқра ва Шаҳром Аҳадов (66 килограмм) барандаи медали биринҷӣ шуданд. 
Мувофиқи натиҷаи мусобиқа аъзои ҷамоаи мунтахаби Ӯзбекистон як медали тилло, 3 нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварда, дар байни 47 мамлакати дунё ҷойи панҷумро ишғол карданд. 


БА АВСТРАЛИЯ БО ЯК ҲУҶУМГАР
Тавре ки хабар дода будем, дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Эктор Купер аз 11 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брисбени Австралия ҷамъомади навбатиро гузаронда, дар ду бозии рафиқона ба майдон мебарояд. 
Футболбозони мо 15 ноябр бо футболбозони лубнонӣ талош кунанд, 20 ноябр бо рақиби пурқуввати худ – ҷамоаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ қувва меозмоянд. 
Ба ин муносибат чанд рӯз пеш сармураббии даста рӯйхати футболбозонеро, ки ба ҷамъомади Австралия ҷалб шудаанд, эълон кард. Дар он номҳои дарвозабонон Игнатий Нестеров, Элдорбек Суюнов, Ӯткир Юсупов, ҳимоятгарон Анзур Исмоилов, Даврон Ҳошимов, Владимир Козак, Егор Криметс, Акмал Шораҳмедов, Ислом Тӯхтахӯҷаев, Достон Турсунов, Одил Ҳамробеков, Олег Затеев, нимҳимоятгарон Икром Алибоев, Достон Ҳамдамов, Азиз Турғунбоев, Ҳусниддин Ғафуров, Элдор Шомуродов, Отабек Шукуров, Ҷавоҳир Сиддиқов, Ҷалолиддин Машарипов ва ҳуҷумгар Марат Бикмаевро дидан мумкин аст. 
Бинобар маълумоти Хидмати матбуоти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, бозии аввалини рафиқонаи дастаи мунтахаби мо бо ҷамоаи яккачини Лубнон дар варзишгоҳи «CBUS Super Stadium»-и шаҳри Брисбен баргузор мешавад. 

М. ҚОДИРЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: