ҲИКМАТҲОИ АЛИШЕР НАВОӢ

Шоири зуллисонайн, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ аз айёми кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт.

Ӯ дар Ҳирот ва Самарқанд таҳсил гирифта, ба забони  туркии чиғатоӣ ва тоҷикӣ бо тахаллусҳои Навоӣ ва «Фонӣ» эҷод карда, бо устоди меҳрбонаш Абдураҳмони Ҷомӣ ба ривоҷи илму фарҳанги замонаш саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ беш аз 30 маҷмӯаи шеъру достон ва асарҳои насрӣ ба ёдгор монд. Ба ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ эҷод карда, дар ин хусус худ фармудааст:
Маънии ширину 
рангинам ба туркӣ 
беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои 
симин, чун бингарӣ.
Гӯиё дар растабозори 
сухан бикшодаам,
Як тараф дукони 
қаннодию як сӯ заргарӣ.
Бояд таъкид намуд, ки дар «Девони Фонӣ»-и вай қариб 12 ҳазор мисраъ шеъру ғазалҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Дар девони мазкур хоссатан ғазалҳои ҷавобия ба Шайх Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Ҳофиз, устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон хеле фаровонанд. Зеро ӯ дар мактаби эҷодии адабиёти форс-тоҷик тарбия ёфта, ҳамчун шоир ташаккул ёфтааст. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ашъори ӯ ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, адолатхоҳӣ, накӯкорӣ, дил ба даст овардан, хайру эҳсон... ҷойи асосиро ишғол менамоянд. Боз як маҳорати бузурги ӯ дар офаридани «Хамса» ҷолиби диққат аст, ки устод С.Айнӣ онро «яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классикии Шарқ» қаламдод кардааст. Яке аз асарҳои безаволи Навоӣ «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ном дошта, ба устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст, ки барои омӯзиши робитаҳои адабии халқҳои ӯзбеку тоҷик манбаи асосӣ аст.
Асарҳои ӯ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва мардуми қадршиноси Самарқанд яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр, Боғи истироҳат ва гузару маҳаллаҳоро ба номи Навоӣ гузоштааст. Дар маркази шаҳр муҷассамаи устоду шогирд – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ маскани дӯстдоштаи мухлисони каломи бадеъ аст. Дар пояи ҳайкали онҳо маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ҳангоми вохӯрӣ Сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти   Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери муҷассамаи ду аллома гулҳои тару тоза гузоштанд, ки эҳтиром ба бузургони илму адаби ду халқ аст. Инак, чанд байти пандомези шоирро ба хонандагони рӯзнома барои баҳрабардорӣ пешниҳод менамоем.

Шаҳноза ҲАСАНОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Сухани ҳақ ҳамеша муътабар аст,
Гуфтаи хуш ҳамеша мухтасар аст.

***
Гар надонад, пурсад аз донанда, 
он ки солим аст,
В-ар напурсад, ораш ояд, хештанро 
золим аст.
***
Сухан гар рост бошад, ҷома аз 
кизбаш мапӯшонед,
Забон, к-ӯ ростгӯ бошад, ба нопокӣ 
маёлояд!
***
Падарро меҳр варзу сар фидо кун,
Шавад то рӯзу шабҳоят фурӯзон.
Ба роҳи меҳри модар ҷон раҳо кун,
Падар, модар маҳу хуршед медон.
***
Навоӣ, илмро мақсуди худ дон,
Ба илм он гаҳ амалро ёр гардон.
***
Беҳтар аст одами танҳохиром
Мард чу танҳост наёбад наво.
Гӯшанишин мард ту инсон мадон,
Кист, ки бишнида зи як каф садо?

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: