Ҳикматҳои Гёте

Ҳақиқат бо собирон аст.

Худшиносии инсон ба ҷаҳонбинии ӯ вобаста аст.
***
Ҳар рӯз бояд як суруди дилангез гӯш кунем, ба манзараи зебое нигарем ва сухани пандомезе шунавем.
***
Баҳрабардорӣ аз хайрхоҳии дигарон зиндагиро ширинтар месозад.
***
Инсон натанҳо бо хусусиятҳои модарзоди хеш, балки бо сифатҳои андӯхтааш низ аз дигарон фарқ мекунад.
***
Инсоне, ки дар бораи худ ҳукм бароварданро наомӯзад, дар бораи дигарон низ ҳукм бароварда наметавонад.
***
Сарфи назар аз камбудиҳояшон, одамон бештар аз ҳар чизе ба меҳр сазоворанд.
***
Аз зиндагии бесуд марги бармаҳал беҳ.
***
Наметавон ҳамеша қаҳрамон буд, вале метавон ҳамеша инсон буд.
***
Барои донишмандон аз вақти ройгонрафта бохти бузургтаре вуҷуд надорад.
***
Хушнудии бузург маҳсули меҳнати пурмаҳсул аст.
***
Умед ҳатто дар лаби қабр ҳам зинда аст.
***
Касе, ки қадри меҳнаташро медонад, бояд ҷон коҳонда меҳнат кунад, зеро ин ягона воситаест, ки аз мавҷудияти ӯ дарак медиҳад.
***
Дар оғози кор дабдаба лозим нест, тантана дар охири кор зебанда аст.
***
Касе, ки идеалро инкор мекунад, аз эҳтимол дур нест, ки зиштро зебо қабул кунад.
***
Мақсадҳои бузург ҷомаи амал напӯшанд ҳам, баҳри мо аз ниятҳои пасти амалигардида пурқиматтаранд.

Таҳияи ПАЙҒОМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: