ТИРЕЗА ВА ОИНА
ТИРЕЗА ВА ОИНА
Ҷавони сарватманде назди ҳакиме рафт ва хоҳиш кард, ки барояш панде диҳад. Марди хирадманд ӯро ба канори тиреза бурду пурсид:
– Пушти тиреза чиро мебинӣ?
– Одамҳое, ки меоянду мераванд ва гадои кӯре, ки дар хиёбон садақа мепурсад, — посух дод ҷавон.
Ҳаким ҷавонро назди оинаи калон бурду гуфт:
– Дар ин оина чиро мебинӣ?
– Худамро мебинам.
– Оина ва тиреза аз шиша сохта шудаанд, — гуфт хирадманд. – Аммо дар пушти оина қабати нозуке аз нуқра вуҷуд дорад, ки дар он ҷуз худатро намебинӣ. Ин ду шишаро бо ҳам муқоиса кун. Вақте шиша фақир бошад, дигаронро мебинад ва ба онҳо эҳсоси муҳаббат мекунад. Аммо вақте аз нуқра (сарват) пӯшида мешавад, танҳо худашро мебинад. Ту вақте арзиш дорӣ, ки шуҷоъ бошӣ ва он пӯшиши нуқраро аз пеши чашмонат бардорӣ, то тавонӣ дигаронро бинӣ ва дӯст дорӣ.
Таҳияи ВОРИС.