«Ҳикояи сол»

Имрӯзҳо дар саросари кишвар барои ба китобхонӣ даъват кардани донишомӯзон корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин ҷода баргузор гардидани озмун ва чорабиниҳои гуногун аҳамияти калон дорад.
Чанде пеш дар Маркази захираҳои ахбори садорати таълими халқи вилояти Намангон байни хонандагони синфҳои 9-10-уми мактабҳои таълими ҳамагонӣ марҳилаи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Ҳикояи сол» баргузор гардид.
Дар озмун ғолибони марҳилаи вилоятӣ, аз ҳар як вилоят дунафарӣ, ҳамагӣ 28 нафар донишомӯзони боистеъдод, ки ба адабиёт шавқ пайдо кардаанд, иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар мавзӯъҳои Ватан, баҳор, сулҳу осоиш, алла, китоб чакидаҳои эҷодашонро ба ҳукми ҳакамон ҳавола карданд. Корҳои эҷодии иштирокчиён аз тарафи мутахассисон баҳои муносиб гирифт.
Бинобар ҷамъбасти озмун байни хонандагони синфи 9-ум Муаттар Маматкаримова (вилояти Фарғона) ҷойи якумро ба даст овард. Ба ҷойҳои дуюм ва сеюм Гулҷаҳон Эргашева (вилояти Сурхондарё) ва Гавҳаршодбегим Носирова (вилояти Бухоро) ноил гардиданд. Байни хонандагони синфи 10-ум ҷойи якум насиби Лобархон Ҷалолова (вилояти Навоӣ) гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Азиза Отаниёзова (Ҷумҳурии Қароқалпоқистон) ва Ойдина Муҳаммадалиева (вилояти Намангон) гирифтанд.
– Дар маркази мо барои интихоб ва мутолиаи китоб ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо бори аввал баргузор шудани озмуни «Ҳикояи сол» моро рӯҳбаланд кард. Мо  минбаъд ҳам барои зиёд кардани сафи китобхонҳо ва қаламкашони ҷавон кӯшиш менамоем, – гуфт мудири шуъбаи захираҳои ахбори вилоят Мунира Эшонбобоева.
Чунин озмун ва чорабиниҳо барои дар дили донишомӯзон пайдо кардани шавқ ба адабиёту фарҳанг ва мутолиаи китоб мусоидат мекунанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: