дар боби рафоқат миёни Амир Темур ва Хоҷа Камол
Сароғоз. Ваҳдати ақвом калиди ҳама пешравию комёбиҳост. Эҳёи фарҳанг дар аҳди Сомониён, пешрафти ҷомеа дар замони Темуриён инро собит кардааст. Тавфиқ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон, рамзи ваҳдати тоза байни як халқи ба ду забон сухангӯст, ки иттифоқи эшон ҳамеша ба суди худ ва манфиати халқҳои Осиёи Марказӣ будааст. Дӯстии ин ду халқ аз ин пеш ҳам сарҳад надошт.
Хуҷанд, Самарқанд, Тошканд, Табрез, Сарой (пойтахти Олтин Ӯрда дар мулки Қипчоқ) Инҳо шаҳрҳое будаанд, ки дар кӯчаҳои он Камоли Хуҷандӣ замоне озод сайру гашт мекард. Дар ин шаҳрҳо вай бо Хоҷа Аҳрори Валӣ, Амир Темур, Ҳофизи Шерозӣ мулоқот кардааст. Номи пурраи ин бузургвор Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандист, ки мураккаб аз Камолиддин – лақаби муфтахира, Абӯаҳмад – куния, Муҳаммад – номи шоир ва Хуҷандӣ – нисбат мешавад. Ӯро Хоҷа, Дарвеш, Қаландар низ хондаанд, ки шоир чунин шарҳ додааст:
Номи Камол хоҷаи дарвеш хондаӣ,
Дарвеш хондаӣ ба ғалат подшоҳро.
Ин байт ва номи дӯстонаш, ки аз эшон ёдрас шудем, мақому мартабаи Хоҷа Камолро равшан менамояд. Барилова, ин фармудаи Мавлои Ҷом, ки гуфтааст: «Баъзе аз орифоне, ки ба суҳбати Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофиз расидаанд, гӯянд, ки суҳбати Шайх беҳ аз шеъри вай буд, шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯст».
Болотар тавсиф шудани суҳбати Хоҷа Камол аз шеъраш, ки оламгир буд, аз он ҳам дарак медиҳад, ки мавсуф ба ҷуз доштани истеъдоди баланди шоирӣ, марди суҳбаторо ва равоншинос будан, хислати пешгӯӣ кардани тақдири одамонро ҳам доштааст. Гумон меравад, ҳамин донишмандӣ ва маъруфият сабаб шудааст, ки Тӯхтамишхон Шайх Камолро дар қатори дигар ғаниматҳои аз Табрез бадастовардааш бо худ ба шаҳри Сарой барад. Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби баъд аз шикасти давлати Тӯхтамиш, дубора аз Сарой ба Табрез омадани Хоҷа Камол низ ҳамон бошад, ки гуфтем. Вале ин бозгашт кори хайри Соҳибқирон будааст. Зеро дар ин ҷанги Амир Темур дарбори Сарой сахт зарар дидааст, аммо Камоли Хуҷандӣ ҷон ба амон бурда саломат озими Табрез мегардад. Ба қавли худи ӯ Волиёнкӯҳи Табрез барояш ҷаннатмисол будааст:
Аз биҳишти Худои азза ва ҷалла,
То ба Табрез ним фарсанг аст.
Камоли Хуҷандӣ дар як шеъри дигараш миннатдории худро ба Амир Темур хеле возеҳ изҳор кардааст:
Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,
Бигӯ: ин давлат аз юмни шаҳи Соҳибқирон дидам.
Ин таърих таърихи дӯстию рафоқати Хоҷа Камол ва Соҳибқирон дар китоби «Темурнома»-и Абдулло Ҳотифӣ (ҳамзамон ва ҷияни Мавлоно Ҷомӣ), зимни ривоёт, батафсил ва боварибахш баён шудааст. Дар сурати ба инобат гирифтани ёддошти Ҳотифӣ, ки воқеаҳо дар асоси нақли «Зафарнома»-и муаррих Яздӣ қаламдод шудаанд, мисле, ки «бе шамол шохи дарахт намеҷунбад», ривоятҳои ин асар, асоси таърихӣ хоҳанд дошт.
Инак, ду лавҳаи ҳикояти вохӯрдани Камоли Хуҷандӣ бо Амир Темур (бо андак таҳрир) мавриди эътибор қарор мегирад. Ҳикояти аввал, киноя аз фотиҳаи Шайх Камол ба Соҳибқирони ҷавон мебошад. Нақли сонӣ, рамзи дӯстие менамояд, ки ба ҷон баробар будааст. Лавҳа манзараи дар роҳи дӯстӣ ҷон ба гарав мондани ду бузургвори таърихро намоиш додааст. Тибқи он Соҳибқирон ва Хоҷа Камол даст ба дасти якдигар додаанд, то писари яке аз ин дӯстони ҷонӣ аз зиндон раҳо ёбад.
Мулоқоти аввал: каромоти Хоҷа Камол
Тибқи ривоёт чархи таърих ба сари Тарағай Баҳодур каҷрафторӣ кардааст. Ин Баҳодур, амири Кеш, ба тақозои тақдир ба духтари мушарраф ба мансаби «Садр-уш-шариат»-и Бухорои шариф – Нигинамоҳ издивоҷ мекунад. Ҳакимони ситорашинос пешгӯӣ мекунанд, ки аз ин никоҳ Соҳибқирони гетиситон ба дунё хоҳад омад. Подшоҳон аз пайи нобуд кардани навзод мешаванд. Дурӯғу фитна ба кор медарояд. Рашки зани якуми Тарағай Баҳодур нисбати палонҷаш боло мегирад. Модари ҳомила Нигинамоҳ аз ин хонадон ғайб мезанад. Гумон мекунанд, ки Нигинабегим дар роҳи Кешу Бухоро, ки бо фиреб ба аёдати падар раҳсипор буд, туъмаи гургон шудааст.
Қисса кӯтоҳ, Баҳодур баъди 12 соли фироқ писари ягонаи худро сиҳату саломат бо модараш Нигинамоҳ истиқбол мегирад. Зани аввал, ки аз рашк ба Нигинамоҳ ҷабру зиён овардааст, дар бистар бемор хобидааст. Вай аз кардаи худ пушаймон шуда, бо амри Худо, ба имдоди Нигинабегим сиҳат меёбад. Камолоти писари якто мақсаду мароми зиндагии волидайн қарор мегирад. Вақт мегузарад, Темури навҷавон ба синни камол мерасад.
Рӯзе падараш барои имтиҳон аз рамаи худ ба писар чанд гӯсфанд медиҳад ва мефармояд, то ин ҳамаро ба бозор барад ва бифрӯшад. Соҳибқирон ба бозор рафта гӯсфандҳоро ба ҳазор динор мефурӯшад ва нақдҳоро ба камар баста, ба сайри бозор медарояд. Баногоҳ дар бозор маъракаеро мебинад, ки дар баландӣ қаландаре истода шеър мехонад ва дар даст қитъаи коғазе дорад. Ҳар замон ба издиҳом фарёд мекунад, ки «Кист ин коғазро аз ман ба ҳазор динор биситонад, то донад, ки қадр чист?!»
Соҳибқиронро дарёи ҳиммат мавҷ зад, қадам пеш ниҳод ва он коғаз аз дасти қаландар ба ҳазор динор гирифт. Он қаландар ба қадду қомати ӯ назар кард ва ҳасабу насаб пурсид ва гуфт: Бирав, ин коғазро ба назди падарат бихон. То ба наздики ӯ рафтан макшо. Мо боз хоҳем ба ту вохӯрдан. Ном пурсид. Қаландар гуфт: Дар аввали коғаз номи мо навиштааст. Баъди ин мулоқот Соҳибқирон «ҳу» гуфта равон шуд.
Алқисса, Амир Темур назди падараш омад. Қитъаи коғазро намуд. Падараш гуфт: Чӣ матоъ харидӣ? Дар ҷавоб шарҳи ҳол намуд ва гуфт: – Ҳамин коғазро харидам. Баъд коғазро кушод, дар болои он номи Шайх Камоли Хуҷандӣ буд ва дар зераш рубоии зерин, хонд:
Он кас, ки тамоми даҳр бигрифт нахуст,
З-авроқи замона ситаму зулм бишуст.
Ҷамшеду Сулаймону Сикандар бигузашт,
Бархезу миён банд, ки то навбати туст.
Маълум шуд, ки аз подшоҳони мутақаддимин он се кас рӯи Заминро гирифта будаанд. Амир Тарағай қадри ин рубоиро надонист. Соҳибқиронро бо забон бисёр ранҷонд, то ба сарҳаде, ки гуфт: «Бирав, мисли ту фарзанде нест!» Соҳибқирон сахт ранҷид ва рӯ ба хидмати Шайх Шамси Кулол овард. Он рӯз Шайх вафот карда буданд. Чунонки ин «таърих» гуфтаанд: Ба соли ҳафтсаду панҷоҳу панҷ Шайхи замон бурун зи дори фано рафт ҷониби уқбо. Соҳибқирон ҷанозаи Шайхро хонд. Он шаб болои қабри Шайх буд, дар хоб Шайхро дид, ки гуфтанд: «Эй фарзанд, ба Бухоро ирода кунед, Худои таъолоро ҳикматҳост».
Баъди ин, сар мешавад таърихи нав, таърихи Амир Темур, ки расо нисф аз 72 соли умрашро сарфи ҷанг карда, расо ҳазор бор лашкар кашид ва дар ҳамааш зафар ёфт. Қариб сӣ кишвар гирифт, ҷаҳонгир гашт. Ҳамаро «Муъмин – бародари муъмин» сохт, ки ба қавли шоир:
Асоси мусулмонӣ обод кард,
Равони Муҳаммад ба дин шод кард.
Ба лаҳни имрӯз агар баён шавад, Амир Темур мардуми мутафарриқа ва парокандаи Осиёи Марказиро муттаҳиду муттафиқ гардонд, Шарқро бо Ғарб васл кард. Коре кард, ки ба Искандари Мақдунӣ ҳам муяссар нашуда буд. Ва аммо, бо ҳама тавоноию тадбиргарӣ, рӯзе фаро расидааст, ки ин абармард, аз рӯи эҳтиёҷ, рӯ ба Камоли Хуҷандӣ биоварад, ҳамон пешгӯии Хоҷаро, ки дар мулоқоти аввал «Мо боз ба ту хоҳем вохӯрд», – гуфтаанд, ҷомаи амал бипӯшонад.
Мулоқоти охир: қатли Камоли Хуҷандӣ
«Соҳибқирон ба Табрез омада ба хонақоҳи Хоҷа Камол дохил шуданд. Хоҷа Соҳибқиронро хуб пазироӣ карданд. Амир Темур аз аҳволи фарзанд пурсид. Хоҷа гуфтанд: Алҳол дар зиндон аст.
Рӯзе Хоҷа ба Соҳибқирон гуфтанд, ки имрӯз Шоҳмансур ба варзишхона меояд. Рафта тамошо бояд кард. Соҳибқирон худро ба сурати сӯфиёна орост. Ҳар ду ба он ҷо рафтанд. Шоҳ, ки ба Хоҷа муътақид буд, пешвоз омада тааҷҷуб кард, ки эшон ин одат надоштанд, то дар тамошо оянд. Чун Соҳибқирон аз шоҳ болотар нишаст, шоҳ гаштаю баргашта нигоҳ мекард, ки ин чӣ касе бошад.
Хоҷа гуфтанд: аз худи ӯ пурсед. Зеро ки ҳаргиз дурӯғ нагуфтаанд. Соҳибқирон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд, ки аз муридони ҳазрати Шоҳи Нақшбандам, иродаи ҳаҷ дорам.
Шоҳ гуфт: Ман халифаи вақт бошам, аз ман чаро баланд нишастӣ? Амир гуфт: Халифаи вақт бошӣ, чаро зулм мекунӣ? Гуфт: Зулми ман кадом аст? Амир гуфт: Мироншоҳ чӣ кардааст, ки зиндон кардаӣ? Шоҳ дам назад ва ба варзиш муқайяд (машғул) шуд. Бар аспе нишаста буд, дар зери шиками асп тахта барбаста буданд. Марде ронда омада бар сари шоҳ теғ кашид. Шоҳ чархе зада худро дар зери шиками асп гирифт. Боз дартохт, худро болои асп гирифт. Панҷ кас, шаш касе қодир тир меандохт. Қаноре пур аз рег буд. Шоҳ тохта омада онро бо найза гирифта ба пушти худ партофт, ки найза нашикаст. Ин кирдори ӯро Соҳибқирон дида таҳсин кард. Лаъби (бозӣ) бисёре иҷро карда ба ҷои худ нишаст. Ва гуфт: дар вилоёти шумо инчунин лаъбе ҳаст?
Амир гуфт: Дар рӯзи ҷанг ин ҳама абас (нодаркор) аст. Шоҳ оғози «панҷа гирифтан» кард. Амир гуфт: Шумо подшоҳ бошед, киро рутба аст, ки бо шумо панҷа гирад? Шоҳ гуфт: Мо подшоҳиро гузоштем. Амир гуфт: Зоҳиран шахсе панҷаи шуморо тобад, шумо изо кашед, ба вай ғазаб кунед.
Шоҳ гуфт: Агар тобад, аз бахти худ медонам. Амир аз ҷой бархост. Мардум гуфтанд: Эй дарвеш, изо мекашӣ! Амир қабул накард. Алқисса ҳар ду панҷа кашиданд, зӯр заданд. Амир чунон зӯр кард, ки аз нӯги панҷаи ӯ хун баромада шоҳ аз ҳуш рафт. Амир панҷаи ӯро гузошт, шоҳ ба ҳол омад ва чизе нагуфт. Савор шуда, дасти худро ҳамоил карда рафт.
Хоҷа гуфтанд: Фикри кори худ кун, ки албатта қасди ту мекунад. Хоҷа се асп бароварда доданд. Ба дари зиндон омаданд. Зиндонбон маст буд. Ӯро қатл карданд. Хоҷа низ дар ин кор ҳамроҳ буданд. Амир ба зиндон даромад. Мирзо дар гӯшае нола дошт. Алқисса, Амир фарзандро дар канор кашида баромад. Ҳар се ба роҳи дашт равон шуданд.
Аз қазо асои Хоҷа дар зиндон фаромӯш шуда монд. Он асоро Шоҳмансур ба Хоҷа дода буд. Пагоҳ асоро гирифта бурданд. Шоҳ асоро шинохт. Хоҷаро талаб кард. Хоҷа аҳли аёли худро видоъ карда назди ӯ омаданд. Шоҳмансур воқеаро пурсид. Хоҷа ростиро гуфтанд. Фармуд эшонро шаҳид карданд.
Охирсухан. Адиб, муаррих, муаллифе нест, ки барои худ чизе иншо карда бошад. Ҳама тазкираҳо, куллиёти девон, достону китобҳое, ки алҳол таърихӣ ном гирифтаанд, баҳри мерос ба ояндагон, барои мо будааст, ки муқаддас донистанаш ҳам фарз ва ҳам қарз аст. Риштаи дӯстии азал фақат тавассути аҷал метавонад гусаста шавад. Рафоқате, ки байни Хоҷа Камол ва Соҳибқирон солҳои дароз давом кардааст, набояд фаромӯш шавад.
Тибқи таҳқиқоте (Аҳмад Гулчини Маъонӣ) Камоли Хуҷандӣ дар фитнаву ошӯби Табрез (1385 м.) ба Сарой, пойтахти Қипчоқ нуҳзат карда, пас аз 11 сол (1396 м.) ба Табрез бозгаштааст, ки рамзи сарфарозӣ, самараи дӯстӣ бо Амир Темур будааст. Байт:
Биҳамдуллоҳ, ки дигар бор рӯи дӯстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
журналисти шоистаи Ӯзбекистон,
раиси Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно».