ҲИКОЯТҲО АЗ ҲАЁТИ БУЗУРГОН

ДАР ДИЛУ ДИДАИ МАРДУМ

ДАР ДИЛУ ДИДАИ МАРДУМ
Мегӯянд, ки вақти ташрифи ҳардафъаинаи Абулқосим Лоҳутӣ ба Ленинобод, аз ҳар тараф зангҳои телефон садо медоданд, ҳама пиру барнои ин шаҳри азим ва деҳоти атрофи он, минҷумла адибону омӯзгорон ва донишҷӯёну мухлисони ашъори шоир мехостанд Абулқосим Лоҳутиро аз наздик бинанду аз сӯҳбаташ шарафёб гарданд. 
Яке аз рӯзҳои фасли сармо устод боз меҳмони ленинободиён мегардад ва аз рӯйи реҷа ба роҳбарони шаҳру вилоят, муаллимону донишҷӯён, коркунони санъату ходимони маданият вохӯриҳои шавқбахш гузаронида, инчунин дар сӯҳбати мӯйсафедони вилоят низ мешавад. Шабона бошад, меҳмони азизи хонадони нависанда Раҳим Ҷалил гашта, бо аҳли эҷоди вилоят бо таъбири Раҳим Ҷалил «шабнишинии хотирмон» мегузаронанд. Рӯзи дигар муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Ҳоҷӣ Содиқ шоирро ба идораи рӯзнома таклиф менамояд, аммо Лоҳутӣ хунукии ҳавою каме бетобиашро баҳона карда, узр мехоҳад. Аммо аз суханони Раҳим Ҷалил, ки дар идора ҳама пазмони шумоянд гуфта ба ҷону ҳолаш намемонад, нагузашта ба рафтан розӣ мешавад. Раҳим Ҷалил бошад хурсандона ба Ҳоҷӣ Содиқ занг зада, вазъиятро мефаҳмонад ва хоҳиш мекунад, ки коре карда идора гарм бояд бошад. Ва аз «идораро хумдон мекунем»-гӯиҳои муҳаррир дилпур мегарданду вохӯрӣ хеле самимӣ мегузарад. Фардои он рӯз, ки Лоҳутиро мардуми деҳаи Сойча интизор буданд, Ҳоҷӣ Содиқ ба телефон устодро мепурсад. Раҳим Ҷалил мегӯяд: устод ҳоло хоб, тоқат кунед, хезанд онаатонро нишон медиҳанд. Чаро, чӣ гуноҳ аз мо гузашт – хавотир мекашад Ҳоҷӣ Содиқ. Дирӯз дар кабинети «хумдон»-и шумо бечора устод каме шамол хӯрда омадаанд, – гӯён гӯшаки телефонро мемонад. 
Хушбахтона устод Лоҳутӣ сиҳату саломат ва бо кайфияти хуб аз хоб мехезад ва ба Раҳим Ҷалил мегӯяд: Канӣ он муҳаррири дурӯғгӯ, ба қишлоқ меравем. Ҳини вохӯрӣ Ҳоҷӣ Содиқ гунаҳкорона бо сари хам ба устод наздик мешавад. Лоҳутӣ аз ин ҳолати вай рамз гирифта мегӯяд: ҷонам, саратро бардор, ман туро кайҳо бахшидаам. Қаҳр ҳам мисли дард меҳмон. Медонам, ки ту ба ман бадӣ нахоҳӣ кард, аз ин рӯ, аз ту ҷиддӣ хафа нашудаам. Масъалаи ангишт маълум, ки ин ҳама касофати ҷанг аст...
Ана ҳамин хел шахсияти бузургу нотакрор ва хирадманду фарзонае буд устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки баъди садсолаҳои зиёд низ дар дилу дидаи мардум чун марди накӯном зинда хоҳад монд. 
Байт: 
Марди соҳибҳунару бохираду фарзона,
Биравад аз назару лек зи дилҳо наравад. 

Таҳияи Баҳриддини ТОҶИДДИН.


САМАРҚАНД 
Самарқанде, ки зебошаҳри дунёст,
Макони родмардони тавоност.
Самарқанде, ки шаҳри дӯстон аст,
Ҳузури қалби ҳар пиру ҷавон аст.
Ҳазорон ҷавҳар андар сина дорад,
Ҳазорон мардуми бекина дорад.
Зи файзаш баҳраҳо гир, ар тавонӣ,
Қадамро ранҷа кун, то нек донӣ.
Гувоҳи он бувад илму тамаддун,
Самарқанд аст гавҳар, дурри макнун.
Бузургон омаданд аз гирди олам,
Ба мавзеи азизони мукаррам.
Гирифтанд ибрату илми маонӣ,
Шуда машҳури ҳар давру замоне.
Чаро мо заррае инҳо надонем?
Ба қадри неъматаш шукре нахонем.
Ҳама мавзеи он – хоки бузургон,
Биё инро бубин, эй зоти инсон.
Гувоҳаш гардиву ҳайрон бимонӣ,
Ба васфаш мисли мо андеша ронӣ.

Каромиддини АЙНУЛЛОЗОД,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.


ГАРДАД САБУК
Мекашам бори сухан, то бори дил гардад сабук,
Мекунам кори сухан, то кори дил гардад сабук.
Ман забон омӯзам аз ҳар кӣ сухан гӯяд равон,
То ки дар кори сухан гуфтори дил гардад сабук.
Аз сухан то бар сухан рафтори дил нав мекунам,
То ки бо аҳли сухан рафтори дил гардад сабук.
Бо забон як мекунам дилро дар ин гуфторгоҳ,
То ки ибрози ҳама афкори дил гардад сабук.
Мехӯрам май ҳамчу Хайём аз хароботи сухан,
То ҳама дарду ғами саршори дил гардад сабук.
Сӯйи мақсад меравам ман бо қалам, дар роҳи шеър,
То ба роҳи зиндагӣ озори дил гардад сабук.
Дарси ишқ аз бар намоям ман зи ҳусни дилбарон,
То ки бо ёри сухан дидори дил гардад сабук.
Чун кушоям бо сухан асрори ҳалли мушкилот.
Ҳаллу фасли ин ҳама душвори дил гардад сабук.

Аҳрори МАҲМУДЗОД,
вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: