ҲИКОЯҲО БАРОИ БАЧАГОН

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад.

ХИҶОЛАТ

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад. Ҳини шикор тахти равони дар болои фил гузошташудаи ӯ дар ботлоқ ғӯтид. Ҳеҷ кас илоҷи баровардан наёфта буд, ки Паҳлавон Маҳмуд байни ду пойи пеши фил даромада, онро дар пушташ бардошта баровард. Султон ба қувваи ғайриоддии Паҳлавон Маҳмуд қоил шуда, гуфт: “Аз ман чӣ мехоҳӣ? Пурс!” 
Муаллима ҳикояи худро дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта, ба хонандагон рӯ овард:
– Канӣ, Собирҷон, ту мебудӣ, аз султон чӣ мехостӣ?
– Ман? Ман... Мошини наппанав!
– Ту чӣ, Ҳошимҷон?
– Ман... Ман... Дастгоҳи яхмосбарорӣ.
– Соҷида, ту чӣ?
– Ман... Пӯстини пашмин.
Муаллима чун ҷавоби дилхоҳ нагирифт, аз як тараф пурсидан гирифт:
– Ман фил мегуфтам. Фили калон!
– Ман як сумка доллар.
– Ман компутер.
– Ман тӯби футбол.
– Ман велик...
Аз ҷавоби рӯякии хонандагон ҳавсалаи муаллима пир шуд, магар:
– Шумо манфиати худро фикр мекунед, –  гуфт бо оҳанги таассуф,–  Паҳлавон Маҳмуд Ватанро, халқро фикр мекард. Медонед, ӯ чӣ пурсид? Озодии дусад нафар ҳамватанонашро, ки дар зиндони султон занҷирбанд буданд.
Сари хонандагон хам хӯрд. Муаллима аз фикр накарда ҷавоб доданашон хиҷолат шудани онҳоро пай бурда, ҳикояро давом дод.
             
ТАМОШО

Ман бозии писарчаамро тамошо дорам. Вай ҳамагӣ панҷсола аст. Дар китоб автомат-бозича, користоне мекард, ки... Майнаи дар панаҳии баргҳои калон-калони ток пинҳоншуда, ҳарисона ангурхӯрдаистодаро нишон гирифта:
– Дага-дага, дага-дага-дага, – мегуфт ба овози тир тақлидкунон, –  давои ту ҳамин. Дузд! Муфтхӯр!
Саги ба кӯчагузар таҳдид кардаро ба ҳадаф гирифт:
– Кишувх-кишувх! Лаънатии фашист! Ҳоло ҳам зиндаӣ? Мана, ба ту: кишувх-кишувх!
Гурбаи гунҷишкпоро дид:
– Пақ! Лаънатии маккор! Ҳама чизро муш хӯрда рафтаасту ту дар ғами шиками худ!
Хурӯси тарафи хонаи ҳамсоя рафтаистодаро гардонд:
– Сарҳадро вайрон мекунӣ? Хоин! Тирс! Тирс! Дага-дага! Кишувш-кишувш!
–  Пақ! Пақ! – ӯ худро бо як чолокӣ даруни қӯра гирифта, гӯсфандонро саросема берун ронд, – зуд бароед! Сӯйи чарогоҳ давед! Зудтар!!!
Нӯги “автомати” худро ба абр рост кард:
– Шувв-шувв!!!
Барқ дамида, раъд ғуррида буд, ки писарчаам аз хурсандӣ фарёд зад:
– Урра! Урра!!! Ба ёрӣ омаданд, – сипас дар пояи сутуни хавоза беҳолона нишаст. Чун захмӣ пояшро бо як эҳтиёткоронаи дарднок дароз карда, молидан гирифт. Аммо чашм аз абри ғуррон наканда, фармон медод:
– Оташ кушоед! Офтобро бояд халос кард! Ман дар ин ҷо... Хеста наметавонам... Тир фиристед. Духтур ҳам... Зудтар! 
Ӯро дар ҷойи шишт ғанаб бурд. Ман ӯро ҳамон ба ҳоли худ гузошта, тамошо мекардам. Шояд дар хоб низ меҷангид, ки зери лаб пичиррос мезад:
– Офтобро бояд наҷот дод... Офтобро...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: