ҲИКОЯҲО БАРОИ КӮДАКОН БА САД ДАРОЯМ

Довари хурдакак ҳар боре, ки атса мезад, падару модар ва ё бобову бибиаш дуои нек карда, мегуфтанд:

– Э саломат бош, илоҳо, ба сад даро!
Рӯзе танҳо бозӣ мекард. Ғарқи мошинчабозӣ нохост атса зад. Гӯш ба қимор истода, интизор шуд, ки ягон кас дуо мекунад. Аммо дар хона касе набуд. Бинобар ҳамин, худ ба худ гуфт:
– Илоҳо, ман ба сад дароям!

ХУДАМ ЁД ГИРИФТАМ

Модар дар рӯйи ҳавлӣ пиёлаи шикастаро дида, таҳдидомез ба фарзандонаш рӯ овард:
– Пиёларо кӣ шикаст?
– Ман не,  — ҷавоб дод писараш.
– Ин кори Афшини эркатулфори худатон, – укачаашро нишон дода гуфт духтараш
– Афшин ҳоло майда, – ба гапи фарзандаш бовар накарда, норзиёна ғурунгос зад модар. – Бачаи сесола пиёларо чӣ хел мешиканад?
Афшин, ки аз ошхона истода, ин гапҳоро мешунид, косаро бардошта бароварда, ба назди пойи модараш партофт:
– Ана ин хел!
Аз ин рафтори ӯ ҷони модараш баромада, бо ду даст сарашро дошт.
– Ба шумо ҳам ёд диҳам? – Афшин ин дафъа ба сӯйи чойник рафта истода пурсид аз модараш.
– Не, не, Афшинҷон, – зуд ба тавалло даромада, ӯро аз раъйаш боздошт модар, – лозим не, ман аллакай ёд гирифтам.

ЯК МАЗА КУНЕД

Анушервон обҳои даҳонашро резонда, себ мехӯрд. Ба себхӯрии вай бобояш бо ҳавас нигариста, дар лабонаш табассум дамид.
– Шумо ҳам хӯред,  — нигоҳи ҳавасомези бобояшро дида, нимаи дигари себи хӯрдаистодаашро ба бобояш дароз кард.
– Не, дадаҷон, ту хӯрдан гир.  Ман дандон надорам. Себхӯрии туро бинам, маза карда худам хӯрдагӣ барин мешавам.
Бобо дандон надошт. Бинобар  ҳамин, ҳатто баъзан гӯшти устухондорро ба Анушервон медод, ки вай хӯрад.
Рӯзе Анушервони хурдсол дар кӯча дар дасти бачаҳо чупа-чупсро дида, ба назди бобояш давида омад ва гуфт:
– Бобоҷон, ҳалвои чуппа-чупс ҳам сахт. Маза кардан хоҳед, пулаша диҳед, ман аз магазин харида маза карда хӯрам... 
БАЧАҲОИ БООДОБ

Вақти хӯроки бегоҳӣ боз  додару хоҳар мушу гурба шуданд. Гирди мизи таомхӯрӣ ака ҷойи ука – хоҳарашро гирифта буду аз ҷояш намехест. Барои ҳамин хоҳараш косаи ӯро ба ҷойи пешинааш гузошт. Вале акааш ба ҷойи доимии худ шишатан намехост ва косаро боз ба наздаш гирифт. Якравию гапгардонии онҳо авҷ гирифта, овозашон торафт баланд мегардид. Ин рафтори онҳоро модарашон дида, ба миён даромад:
– Ҳамааш ҳам як ҷой. Ба калонҳо халал нарасонида, оромакак хӯрокатонро хӯред, намешуд?! Охир аз бобову бибиатон  шарм намедоред?
Ҳарду хомӯш шуданд. Вале акнун дар ҷойи нишасташон якдигарро тела додаву нихта мекарданд. Ин рафтори онҳо ба асаби модаркалонашон расид магар, ки гуфт:
– Бачаҳо бояд боақлу боодоб бошанд. Вақти хӯрокхӯрӣ ором шинанд, хӯрокро нағзакак хоида, мазаашро фаҳманд. Шумо ҳарду бачаҳои калон шудеду кай ақлатон медарояд?
Хоҳару додар хомӯш шуданд.
Модаркалон лаҳзае таваққуф карда, ба сӯйи бобо нигарист, ки вай ҳам ягон чиз гӯяд. Бобо гуфт:
– Набераҳоро беҳуда ҷанг накун. Ман ҷангу ҷанҷолашонро набинам, доду ғавғояшонро нашунавам ва худашон  ҳамроҳи мо набошанд, бачаҳои нағзанд.    

ЛИМӮ БАРИН ТУРШ

Ромизи хурдсол бо ҳузуру ҳаловат ва резонидаву чошонида қаймоқ мехӯрд. Чумчаро ба  қаймоқи ғафси даруни коса ғӯтонида, ба даҳон мебурд. Аз хӯрдан болои лабонаш ҳатто «мӯйлаб» бароварда буд.
Ҳамин вақт модаркалонаш ба ошхона даромад. Ӯро дар чунин аҳвол дида, дар лабонаш табассум дамид.
– Ширину бамаза? – бо ҳавас ба қаймоқхӯрии ӯ лаҳзае зеҳн монда пурсид модаркалон.
– Ҳа, – лабу лунҷи қаймоқини худро лесида ҷавоб дод Ромиз.
– Ман ҳам камтар хӯрам?  ба сӯйи коса чашм  дӯхта пурсид модаркалон.
Ромиз боз як чумча қаймоқро ба даҳон бурда, лабу лунҷашро мисли одамони лимӯхурда бурмаву чурма кард:
– Лимӯ барин турш, бибиҷон. Шумо лимӯро ганда мебинед-ку!
– Ҳа, бобоҷон, – аз ин ҳозирҷавобии наберааш мамнун гашта, аз пешонааш бӯсид. – Ман лимӯро бад мебинам.
Бахтиёри ҶУМЪА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: