Ҳикояҳои ибратпазир

Ба сухани кампираш гӯш карда...

Мӯйсафеде аз бозор баррача харид ва ният кард, ки онро калон карда қурбонӣ диҳад. Баррача то расидани моҳи қурбон чун қӯчқор калон шуд. Рӯзе кампири мӯйсафед гуфт:
– Додош, қӯчқорамонро фурӯхта, барои қурбонӣ ягон баррачаи хурдакакро биёред хуб мешуд.
– Не, ман ҳаминро ният карда будам, – гуфт мӯйсафед.
Кампир норозиёна ғур-ғур карду аз паси кораш рафт. Мӯйсафед фикр кард: «Гапи кампир ҳам ҷон дорад, қӯчқор нағзакак пул мешавад, бо нархи арзон баррачаеро боз мехарам».
Бо ҳамин фикру хаёл мӯйсафед ба бозор рафт.
Барраи калонакакро савдо кард ва хост аз ҳамёнаш пулро ба соҳиби барра диҳад.
Аммо дар кисааш пул набуд, кисабур пулашро рабудааст!
Мӯйсафед оташин шуда «ба гапи кампири кӯтоҳақл гӯш карда мани ахмақ мурам, ҳозир рафта бо ӯ маслиҳат накарда қӯчқорро сар меканам», гуфту роҳи хонаашро пеш гирифт.
Саросема ба молхона даромад ва «болои сӯхта намакоб», қӯчқор дар бандаш печида, ҳаром мурдааст.

Амалҳои
 савоб

Пирамарде бемор шуд. Се нафар писарашро ба наздаш ҷеғ зада, молу мулкашро баробар тақсим кард ва гуфт:
– Писарҳоям, дар дастам танҳо як марвориди қиматбаҳо монд. Онро ба касе, ки се моҳи охир корҳои савобро иҷро кардааст, медиҳам.
Гапи падарро шунида писари калонӣ гуфт:
– Падарҷон, рӯзе дар соҳил гаштугузор мекардам. Ногоҳ чашмам ба ҷавонзане афтид, ки ин сӯ-он сӯйи дарё фарёдзанон тохту тоз дошт. Фаҳмидам, ки фарзанди хурдтараки ӯ ба об ғарқ шудааст. Ҷонамро дар хатар монда худро ба об андохтам ва хурдтаракро халос кардам. Модар фарзандашро ба оғӯш кашида, маро дуо кард.
– Боракалло, писар, ту кори мардро иҷро кардаӣ!
Навбат ба писари дуюм расид:
– Дар дукон бо хариду фурӯш машғул будам. Ношиносе омада, як даста пулро дода гуфт, ки «ба ту амонат, баъди ду-се рӯз омада мегирам».
Аз байн ду-се моҳ гузашт. Рӯзе соҳиби амонат омад ва ман онҳоро ба ӯ супоридам. Ба амонати ӯ хиёнат накардам.
– Боракалло, писар, ту ҳам кори ниҳоят олиҷанобро ба ҷо овардаӣ! Хиёнат накардан ба амонат кори савоб аст.
Писари сеюм ба сухан даромад:
– Маро душмане буд ашаддӣ. Рӯзе хостам ба сайри кӯҳ бароям. Ҳангоми сайр нигоҳам ба шахсе афтид, ки дар лаби ҷар мехобид. Агар каме ҷунбад, ба ҷарии бетаг меафтад.
Ба наздаш рафтам, дидам, ки ӯ душмани ашаддии ман.
Агар тела диҳам, ба ҷар афтида мемурад. Ба душманам маргро раво надидам.
Ӯро бедор карда «хез, ҳаётат дар хавф» гуфтам ва аз марг наҷот додам.
Пирамард писари сеюмро ба оғӯш кашида гуфт:
– Боракалло, писарам, ту низ кори савобро ба сомон расондаӣ, душманатро аз марг наҷот додаӣ. Ин марвориди қиматбаҳо аз туст.

Гирдоваранда
Б. ФАРИШТА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: